Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қабули Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»

№52 (4158) 25.04.2020

DSC_1460Бисту дуюми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон Ғафор, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо»

2. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»

3. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи масъала «Оид ба додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат!

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ тавассути барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли вексел дар асоси муқаррароти моддаи 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», инчунин, моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки маҷмӯан раванди ҷалби маблағҳои қарзиро танзим менамоянд, таҳия гардидааст. Ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2020, №219 тасдиқ гардида, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи он Вазорати молия бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус, рӯйпӯш намудани касри буҷети давлатӣ, коғазҳои қиматноки давлатиро дар шакли вексели давлатӣ ба маблағи 300,0 млн. сомонӣ ба муҳлати 5 сол бо меъёри 2 фоизи солона ба муомилот мебарорад.

Бояд қайд намуд, ки векселҳои давлатӣ бо асъори миллӣ дар шакли коғазҳои қиматноки давлатӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун яке аз манбаъҳои пӯшонидани касри Буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳо ба иқтисодиёти миллӣ муқаррар шудааст.

Вобаста ба вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус, ба маротиб зиёд шудани эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, соҳаҳои иҷтимоӣ ба маблағгузориҳои иловагӣ, истифодаи ин механизм ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳамчунин, барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ ба рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ мусоидат намуда, усули бехавфтарини ҷалби маблағ барои харидорони коғазҳои қиматноки давлатӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, вобаста ба тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ хизмат­расонии он сарбории иловагиро ба буҷети давлатӣ зиёд намекунад.

Дар сурати ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ дар ҳаҷми 300,0 млн. сомонӣ ҳаҷми умумии қарзи дохилии давлатӣ ба 7,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ММД 8,9 фоизро ташкил хоҳад дод. Дар маҷмӯъ, афзоиши ин нишондиҳанда ба меъёри умумии қарзи давлатӣ, ки дар «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» муқаррар шудааст, зиёд намебошад.

Бо дарназардошоти муҳимияти масъала, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Ҳоким Ҳикматулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо» дар асоси моддаи 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», таҳия гардида, барои ризоят ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Пешниҳоди мазкур расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагон гузашта, онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад. Марҳамат!

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика ва таъмини минтақаҳои кишвар бо неруи барқи босифатро яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ муайян кардаанд. Вобаста ба ин, ба баррасии шумо Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» пешниҳод гардидааст.

Он маҷмӯи муносибатҳои байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро дар самти татбиқи лоиҳа бо риояи талабот ва меъёрҳои пешбининамудаи созишномаи грантӣ, дастурамали амалиётӣ оид ба татбиқи лоиҳа, таҳияи нақшаи уҳдадориҳои иҷтимоию экологӣ ва риояи ҳатмии чорабиниҳои он дар раванди татбиқи лоиҳа, таъмини ҳайати кормандони соҳибтахассус дар давраи татбиқи лоиҳа, пешниҳоди ҳисобот ба ассотсиатсия оид ба рафти татбиқи лоиҳа ва дигар чорабиниҳои техникиро ба танзим медарорад.

Чорабиниҳои пешбининамудаи лоиҳа ба татбиқи барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба баланд бардоштани устуворнокӣ вобаста ба ҳалли мушкилот ва таҳкими сарчашмаҳои устуворӣ барои гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир — занҳо ва ҷавонон дар минтақаҳои аз лиҳози географӣ осебпазир ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, равона шудаанд.

Бо дарназардошти ин, дар доираи лоиҳа асосан барқтаъминкунии деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ, ки бевосита ба меъёр ва нишондиҳандаҳои барнома мутобиқат менамоянд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи созишнома, электрификатсияи 74 деҳа тавассути сохтмону азнавсозии 111,6 км хатҳои интиқоли барқи 10 ва 6 кВ, 159,3 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ, насби 87 трансформатори тақсимотӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаҳои барқии мутамаркази ШСХК «Барқи Тоҷик» пешбинӣ гардидааст. Аз ин шумора 30 деҳа дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 21 деҳа дар ноҳияи Фархор ва 23 деҳа дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷойгир мебошанд.

Барои амалӣ намудани лоиҳа 6,5 млн. доллар маблағ ба сифати грант пешбинӣ гардидааст. Яке аз афзалиятҳои асосии лоиҳа дар он мебошад, ки бо татбиқ гардиданаш тақрибан 31 ҳазор сокини ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва Ҳамадонӣ ба неруи барқи доимӣ таъмин гардида, ба истифодаи таҷҳизоти муосир дастрасӣ пайдо хоҳанд намуд.

Бо дарназардошти ин, мусоидати шуморо барои ҷонибдории созишномаи лоиҳавии пешниҳодгардида хоҳиш менамоям.

РАИС: — Сухан аз рӯи масъалаи зикргардида ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дода мешавад.

Амонулло ХАЙРУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии он дастрасии деҳаҳои фарогир дар вилояти Хатлон бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи барқтаъминкунии деҳот нав буда, аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки умумиҷаҳонӣ) дар ҳаҷми 6,5 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.

Кумитаи масъул 14 апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин ­масъала сухан ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад. Марҳамат!

УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» маҷмӯи муносибатҳои байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва «Ширкати Помир Энерҷӣ» — ро дар самти татбиқи лоиҳа бо риояи талабот ва меъёрҳои пешбининамудаи созишномаи грантӣ, дастурамали амалиётӣ оид ба татбиқи лоиҳа, таҳияи нақшаи уҳдадориҳои иҷтимоию экологӣ ва риояи ҳатмии чорабиниҳои он дар раванди татбиқи лоиҳа, таъмини ҳайати кормандони соҳибтахассус дар давраи татбиқи лоиҳа, пешниҳоди ҳисобот ба ассотсиатсия оид ба рафти татбиқи лоиҳа ва дигар чорабиниҳои техникиро ба танзим медарорад.

Илова бар ин, чорабиниҳои пешбининамудаи он ба татбиқи барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба баланд бардоштани устуворнокӣ барои ҳалли мушкилот ва таҳкими сарчашмаҳои устуворӣ барои гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир дар минтақаҳои наздисарҳадӣ равона ва дар доираи он асосан барқтаъминкунии деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ, ки бевосита ба меъёр ва нишондиҳандаҳои барнома мутобиқат менамоянд, ба нақша гирифта шудааст.

Барои амалӣ намудани созишномаи лоиҳавии мазкур 25,2 миллион доллар ба сифати грант пешниҳод гардидааст. Татбиқи он барои электрификатсияи 61 деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 20 деҳа дар ноҳияи Мурғоб, 21 деҳа дар ноҳияи Рӯшон, нуҳ деҳа дар ноҳияи Ванҷ, чор деҳа дар ноҳияи Дарвоз, се деҳа дар ноҳияи Рошқалъа, се деҳа дар ноҳияи Шуғнон ва як деҳа дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудаанд.

Яке аз хусусиятхои асосии лоиҳа он аст, ки 35 деҳаи мавриди татбиқи он дар минтақаҳои дурдас­ти кӯҳӣ аз ҳамдигар дур ҷойгир мебошанд ва ягона роҳи барқтаъминкунии онҳо бунёди шабакаҳои барқии хурд тавассути харидорӣ ва васлу насби лавҳаҳои офтобӣ дар 18 деҳа, дастгоҳҳои шамолӣ дар 6 деҳа ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд дар 11 деҳа ба ҳисоб меравад. Дар 26 деҳа сохтмону азнав­созии 32 км хати интиқоли барқи 35 кВ, 117 км хати интиқоли барқи 10 кВ, 87,5 км хати интиқоли барқи 0,4 кВ, насби 61 трансформатори тақсимотӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаҳои барқии мавҷудаи мутамаркази вилоят пешбинӣ гардидааст.

Яке аз афзалиятҳои асосии лоиҳа дар он мебошад, ки бо татбиқ гардидани он тақрибан 12 ҳазор нафар сокини ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал ба неруи барқи доимӣ ва инчунин, ба истифодабарии таҷҳизоти муосир, дастрасӣ пайдо хоҳанд намуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям созишномаи лоиҳавии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дода мешавад.

Амонулло Хайрулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид да лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он дастрасии деҳаҳои фарогири он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба неруи барқ ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи барқтаъминкунии деҳот нав буда, аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки умумиҷаҳонӣ) дар ҳаҷми 25,2 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид. Дар доираи лоиҳа барқтаъминкунии 61 деҳа дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ гардидааст.

Кумитаи масъул 14 апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии шумо ­масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешниҳод карда мешавад. Доир ба он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад. Марҳамат!

АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, Рустам Қудратов ва Зуфар Исмоилзода пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади тақвият бахшидан ба сиёсати молияи давлатӣ, дар ҳолати таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъолияти гаравхона (ломбард), таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», аз номгӯи намудҳои фаъолияти умумӣ ба номгӯи намудҳои махсуси фаъолият гузаронидани ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ, бозии лото ва фаъо­лияти гаравхона (ломбард)-ро пешбинӣ менамояд.

Кумитаи масъул 14 апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад шуморид. Инчунин, барои мукаммалтар шудани он чор пешниҳод ба кумита ворид ва ҳамаи он қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии шумо ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод мешавад. Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон Ғафор дода мешавад. Марҳамат!

ХОЛИҚЗОДА Абдуманнон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз талаботи зерин бармеояд:

1. Пурра таъмин намудани иҷрои меъёри моддаҳои 19 ва 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон. Дар моддаи 19 Конститутсия омадааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад».

Моддаи 92-юми Конститутсия: «Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шакл­ҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад».

Албатта, меъёрҳои Конститутсия бевосита амал мекунанд ва онҳо мутобиқ ба меъёри кодексҳои мурофиавӣ дар амал татбиқ мегарданд.

Таҳия ва қабули қонуни мазкур механизми расонидани ёрии ҳуқуқиро сода гардонида, мушкилии дар амал мавҷударо аз байн мебарад.

2. Таъмини пурраи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалие, ки аз меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ бармеоянд.

Дувоздаҳуми декабри соли 1966 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қабул ва 23 марти соли 1976 мавриди амал қарор дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санади байналмилалии оид ба ҳуқуқи инсон 13 ноябри соли 1998 ҳамроҳ гардид ва 4 апрели соли 1999 он дар ҷумҳурӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуд.

Тибқи меъёрҳои санади байналмилалӣ, ҳар давлати иштирокчии он уҳдадор мешавад ба ҳар шахсе, ки ҳуқуқ ва озодии дар ҳамин паймон эътирофшавандаи ӯ вайрон шудааст, воситаи пурсамари ҳифзи ҳуқуқро таъмин намояд. Ҳамчунин, уҳдадор аст, дар ҳолате ки онро манфиатҳои адолати судӣ талаб мекунад, шахсро ройгон бо ҳимоягар таъмин намояд.

3. Мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон маърӯзаи давриро доир ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешниҳод намояд.

Кумита маърӯзаи дуюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (CCPR /C/ TJK/2) дар ҷаласаҳои 2982 ва 2983 (CCPR/C/ SR/ 2982 ва CCPR /C/ SR.2983), ки 9 ва 10 июли соли 2013 дар шаҳри Женева баргузор шуданд, баррасӣ намуд. Инчунин, дар ҷаласаи 3002 (CCPR /C/ SR.3002), ки 23 июли соли 2013 баргузор гардид, эродҳои хотимавии дахлдорро вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳуқуқҳои инсон қабул намуд. Дар банди 18 омадааст ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ёрии ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба шахсони эҳтиёҷманди нисбаташон айбдоркунии ҷиноятӣ эълонгардида дастрас намебошад.

Баҳри иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон 23 июли соли 2014 аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон Нақшаи миллӣ вобаста ба татбиқи «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои солҳои 2014 – 2016» тасдиқ шудааст. Дар банди 18-и он омадааст, ки низоми ёрии ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба шахсони эҳтиёҷманд созмон дода шавад.

Вакилони гиромӣ!

Омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҷорӣ намудани низоми пурсамари ёрии ҳуқуқӣ басо мушкил ва пурхарҷ буда, омодагии зиёдеро талаб мекунад. Аз ин рӯ, иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон марҳида ба марҳила ба роҳ монда шуд. Пеш аз ҳама, консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ гардид.

Тибқи консепсияи мазкур, дар марҳилаи аввал панҷ варианти расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва ду варианти расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ду вилоят — Хатлон ва Суғд давоми чор сол — аз соли 2016 то 2019 таҷриба карда шуд.

Дар натиҷа, варианти аз ҳама камхарҷ ва самаранок дар самти ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюм­дараҷа интихоб ва дар асоси он лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида таҳия карда шуд.

Дар давраи таҷрибавӣ 90 фоизи маблағгузорӣ аз ҷониби донорҳо ва 10 фоиз аз ҷониби Ҳукумат дар шакли пешниҳоди бинои хизматӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва таъмини барномаи иттилоотии «Адлия» амалӣ гардид.

Марҳилаи дуюми амалӣ намудани консепсия қабули қонун ва давра ба давра, ҳар сол 20 фоиз, зиёдшавии ҳиссаи маблағгузории Ҳукумат то соли 2024 — ро дар бар мегирад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 7 боб ва 36 модда иборат мебошад. Он муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалигардонии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд.

Дар боби 1 — муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, принсипҳои асосии расонидани ёрии ҳуқуқӣ, шаклҳои ёрии ҳуқуқӣ, субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсоне, ки ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад, инчунин, талаботи тахассусӣ нисбат ба ҳуқуқшиноси давлатии Маркази ёрии хуқуқӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Боби 2 ба идоракунии ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ёрии ҳуқуқӣ ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ, ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини шаҳрвандон бо ёрии ҳуқуқӣ, ваколат ва вазифаҳои Маркази ёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар боби 3 — ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҳуқуқ доранд, номбар гардида, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳуқуқшиноси давлатӣ, тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба танзим дароварда шудааст.

Боби 4-и лоиҳаи қонун яке аз бобҳои асосӣ аст, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бахшида шудааст. Дар он шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюм­дараҷа дар парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ ҳуқуқ доранд, номбар карда, тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба он парвандаҳо, асосҳои рад кардан ва қатъ кардани ёрии ҳуқуқӣ, инчунин, асосҳо ва тартиби иваз кардани адвокате, ки ёрии ҳуқуқии дуюм­дараҷа мерасонад, ба танзим дароварда шудааст.

Боби 5 ба мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқӣ ва боби 6 ба маблағгузории ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудаанд.

Боби 7 муқаррароти хотимавӣ мебошад, ки ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро танзим менамояд.

Зикр бояд кард, ки дар сурати қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», тибқи меъёрҳои боби 7, дар мадди аввал ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод карда мешавад. Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ давра ба давра, бо дарназардошти имконияти буҷети давлатӣ дар солҳои минбаъда, аз 1 январи соли 2025 ҷорӣ карда мешавад. Меъёрҳои  пешбинигардида дар лоиҳаи қонуни номбурда ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини даст­расии аҳолӣ, аз ҷумла, қишри осебпазири ҷомеа ба адолати судӣ, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ мегузорад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хароҷоти эҳтимолӣ аз буҷети давлатӣ оид ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардидаи лоиҳа дар асосноккунии молиявӣ нишон дода шудааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ ­намоед.

РАИС: - Маърӯза ба охир расид. Кӣ оид ба масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Ҳоло лоиҳаи қонуни хеле муҳимро баррасӣ мекунем. Оё барои онҳое, ки муқаррароти қонуни мазкурро риоя намекунанд, муҷозот пешбинӣ шудааст?

Холиқзода Абдуманнон ғафор: — Албатта, ҳамаи онҳое, ки муқаррароти қонунро вайрон мекунанд, вобаста ба дараҷаи вайронкунии он, тибқи қонунҳои амалкунанда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад.

РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мукаммал гардонидани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон ва ихтисоснок ба аҳолӣ, ҷиҳати иҷрои банди 11 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №425 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар алоқамандӣ ва якҷо бо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз муқаддима, 7 боб ва 36 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими ёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, мақсади қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии ҳуқуқӣ, сиёсати давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ, принсипҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, доираи амали қонуни мазкур, шаклҳои ёрии ҳуқуқӣ, субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсоне, ки ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад ва талаботи тахассусӣ нисбат ба ҳуқуқшиноси давлатӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Боби дуюм «Идоракунии ёрии ҳуқуқӣ» ном дошта, ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маркази ёрии ҳуқуқӣ дар самти таъмини шахсон бо ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Боби сеюм «Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа» ном дошта, дар он шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҳуқуқ доранд, тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳуқуқшиноси давлатӣ мустаҳкам шудааст.

Боби чорум «Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа» ном дошта, дар он шахсоне, ки ба ёрии ҳуқуқии дуюм­дараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ ҳуқуқ доранд, субъектҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ, асосҳо барои рад кардани расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, асосҳо ва тартиби қатъ кардани расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, асосҳо ва тартиби иваз кардани адвокате, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонад, уҳдадории субъектҳое, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд ва феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, муқаррар гардидааст.

Бобҳои панҷум ва шашум ба ­масъалаҳои мониторинг ва баҳодиҳии сифати ёрии ҳуқуқӣ ва маблағгузории ёрии ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Боби ҳафтум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 марти соли равон, №10 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаи масъул 2 апрели соли ҷорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шоназаров Содиқ Ашурович, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Холиқзода – муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратов Лоиқ – директори Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва масъулони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон баррасии васеи лоиҳаи қонуни мазкурро баргузор намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 94 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 32 пешниҳод пурра ва 10 пешниҳод қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Холиқзода ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуданд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳод, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи тавофуқи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми буҷети давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра, бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2025 идома меёбад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»-ро барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: - Оид ба масъалаи мазкур кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки принсипи асосии давлати ҳуқуқӣ ба шумор меравад, равона гардидааст. Ҳангоми омӯзиш ва баррасии лоиҳаи қонуни зикргардида шоҳиди он шудем, ки он ҳам хусусияти ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ дорад. Зеро тибқи он расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ройгон пешбинӣ шудааст.

Аз ин ҷиҳат қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ниҳоят муҳим буда, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷаро пешбинӣ менамояд, ки барои шаҳрвандоне, ки ниёз ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ доранд, муҳим мебошад.

Дарвоқеъ, дар кумитаи масъул оид ба такмили лоиҳа кори зиёд анҷом доданд. Доир кардани се ҷаласаи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсии дар парламент фаъолияткунанда далели равшани он аст, ки лоиҳаи қонун мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, такмил ёфт. Намояндагони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот низ дар ҷаласаҳо иштирок намуда, ба саволҳояшон посух гирифтанд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил Азимзода Толибхон дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ муайян намуда, онро боз ҳам тақвият мебахшад.

Пешниҳоди лоиҳаи қонуни зикр­гардида қадами устувор барои таъмини меъёрҳои конститутсионӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзиши олӣ эътироф гаштани он буда, принсипи ҳуқуқбунёду дунявӣ ва демократӣ будани давлатро боз ҳам мустаҳкам гардонида, обрӯ ва нуфузи онро баланд мебардорад.

Қабули ин қонун на танҳо ба шахсони воқеӣ, балки барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ низ ёрии фаврӣ буда, дар сатҳи қонунгузорӣ метавонад ба фаъолияти якҷояи онҳо такони ҷиддӣ бахшад.

Дар сурати қабул шудан он саргардонии шаҳрвандонро ба зинаҳои гуногуни шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла болоии он, аз байн бурда, шиддатнокии муроҷиатҳоро вобаста оид ба норозигиҳо дар мақомот ниҳоят паст мекунад. Он, ҳамчунин, ҳимояи аввалиндараҷаи мурофиавӣ ва ё ёрии ҳуқуқии сифатнокро таъмин менамояд.

Қонун шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, якумдараҷа ва дуюмдараҷа будани онро аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ, ҳам субъектони амаликунанда ва ҳам истифодакунандагони онро пурра  мушаххас намуда, ҳуқуқу уҳдадории онҳоро низ ба тартиб медарорад.

Яке аз муҳимтарин пешниҳоди ёрӣ тартиби фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи чораҳои ҳалли то судии парвандаҳо мутобиқи қонунгузорӣ буда, ғайр аз ин, тартиб додани ариза, шикоят, ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти мурофиавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқӣ дар мадди аввал мебошад, ки хеле муҳим аст.

Дигар меъёри муҳимтарин тартиби даъвати фаврии адвокат дар баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва маблағгузорӣ, тартиби пардохти ҳаққи шахсони ёрии ҳуқуқӣ расонанда ва ба ин кор ҷалб намудани адвокатҳои касбӣ мебошад.

Қонун, ҳамчунин, тартиби идоракунии субъектони дар чунин амалҳо иштироккунандаро бо пешниҳоди тартиби фаъолият мураттаб сохта, тартиби пешбурди мониторинг ва ё назорати фаъолия­ти субъектони расонандаи ёрии ҳуқуқиро ба танзим медарорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба овоз  монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии шумо ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон Ғафор дода мешавад. Марҳамат.

Холиқзода Абдуманнон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, ба моддаи 50 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда шудааст: Пардохти хизматрасонии ҳимоятгар дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 511 бо тартиби муайннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ёрии  ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 511 бо мазмуни зерин  илова мешавад:

«Моддаи 511. Бо ҳимоятгар таъмин намудан аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ:

1. Пардохти хизматрасонии ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:

- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имкони пардохти чунин хизматрасониро надошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;

- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки  падару модараш гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;

- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки дар фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд;

- дар сархатҳои сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми  қисми 1 моддаи 51 кодекси мазкур  пешбинӣ шудаанд.

2. Ҳангоми бо ҳимоятгар таъмин намудан аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд қарор ва судя таъинот дар бораи таъини адвокат ҳамчун ҳимоятгар баъд аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти хизматрасониҳои адвокатро мебароранд».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳолатҳои аз ҳисоби давлат бо ҳимоятгар таъмин намудани шахсро муайян намуда, доираи шахсонеро, ки хизматрасонии ҳимоятгар барои онҳо аз буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад, мушаххас менамояд.

Таъмини ибтидоии хароҷоти лоиҳаро созмонҳои ёрирасон ба зимма гирифтаанд. Тибқи мувофиқаи бадастомада, буҷети лоиҳа аз таносуби 90 фоиз саҳми ташкилот ва 10 фоиз саҳми давлатӣ оғоз гардида, давра ба давра, бо зиёд намудани ҳиссаи давлат то ба 100 фоиз то соли 2024 идома меёбад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз буҷети давлатӣ дар робита ба пардохти хароҷот, бинобар иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида, дар асосноккунии молиявӣ  ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» нишон дода шудааст. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ  намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад.

ЗИЁӢ Баҳриддин Саҳобиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Муҳтавои асосии лоиҳаи қонуни мазкурро мутобиқ намудани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар бар мегирад.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №17 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ  ва ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, нуҳ таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо ҳафт  таклиф пурра ва як таклиф қисман қабул  гардид.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 бо иштироки муовини  якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди манзургардидаро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳод, лоиҳаи қонуни зикргардида такмил дода шуд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон Ғафор дода мешавад. Марҳамат!

Холиқзода Абдуманнон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, якҷо ва дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, ба моддаи 29 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда мешаванд:

«7. Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад  ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони зерин иштирок намояд:

- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модараш гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бошанд;

- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонад.».

8. Иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.».

Ғайр аз ин, ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 291 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«Моддаи 291. Бо ҳимоятгар таъмин намудан аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети давлатӣ

1. Пардохти хизматрасониҳои ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:

- шахсе, ки барои пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар маблағи кофӣ надошта, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;

- ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модараш гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;

- шахсе, ки бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ, ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда натавонад;

- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки дар фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.

2. Ҳангоми бо ҳимоятгар таъмин намудан аз ҳисоби буҷети давлатӣ суд қарор ва судя таъинот дар бораи таъини адвокат ҳамчун ҳимоятгар ва пас аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққи хизмати адвокатро мебароранд».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси  мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ бо ҳимоятгар таъмин намудани доираи мушаххаси шахсонро муайян менамояд. Ҳамчунин, асосҳое, ки ҳуқуқшиноси давлатӣ тибқи онҳо ҳуқуқ дорад дар пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сифати ҳимоятгар иштирок намояд, дар доираи лоиҳаи зикршуда мустаҳкам гардидаанд.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», таъмини хароҷоти лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз соли 2025 оғоз мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов  Мансур Саломович дода мешавад.

УСМОНОВ Мансур Саломович:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ  бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мутобиқ кардани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави  расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия шудааст. Дар он тартиби аз ҳисоби давлат бо ҳимоятгар таъмин намудани доираи муайяни шахсон дар мурофиаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ  шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20-уми марти соли 2020, №16 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари  Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Аз ҷониби кумитаҳо ва шуъбаи  ҳуқуқ лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 11таклифу пешниҳод манзур шуда, нуҳтои он қабул гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конс­титутсия ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон  аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон Ғафор дода мешавад. Марҳамат!

ХОЛИҚЗОДА Абдуманнон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, якҷо ва дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, ба қисми 1 моддаи 37 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати якум бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«- аз ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашуда дар асос ва тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» истифода барад;».

Ҳамчунин, ба моддаи 55 қисми 7 бо мазмуни зерин илова шудааст, ки тибқи он иштироки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар суд ба сифати намоянда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» таъмин карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба моддаи 102 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«3. Ҳангоме ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», ҳаққи хизмати адвокат ё ин ки намоянда аз ҳисоби буҷети давлатӣ  пардохт шуда бошад ва ба тарафе, ки ба манфиаташ қарор қабул гардидааст, ёрии ҳуқуқӣ расонида шудааст, хароҷот вобаста ба пардохти хизматрасониҳои адвокат ё намоянда аз тарафи дигар ба фоидаи давлат ситонида мешаванд.».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳолатҳои расонидани ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашударо дар асос ва тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» муайян менамояд. Илова бар ин, лоиҳаи номбурда ҳолати ба фоидаи тарафе, ки қарори суд ба манфиаташ қабул гардидааст, ситонидани хароҷот вобаста ба пардохти ҳаққи хизмати адвокат ё намояндаро  аз тарафи дигар пешбинӣ менамояд. Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», таъмини хароҷоти лоиҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз соли 2025 оғоз мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҷидова  Сарвиноз Комиловна дода мешавад.

 Сарвиноз Маҷидова: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», бо мақсади мутобиқ кардани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия шудааст.

Он ҳолатҳои расонидани ёрии ҳуқуқии аз тарафи давлат кафолатдодашударо дар асос ва тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» дар муносибатҳои мурофиавии гражданӣ муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли равон, №18 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 14 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо ҳафттоаш пурра ва ду таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 бо иштироки муовини  якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодоти манзургардидаро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун  қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии шумо ­масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» пешниҳод мегардад. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон  Ғафор дода мешавад. Марҳамат!

ХОЛИҚЗОДА Абдуманнон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура  ва фаъолияти адвокатӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст,  якҷо ва дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба низоми нави расонидани ёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, ба моддаи 31 қисмҳои 10 ва 11 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«10. Бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа адвокат бо маркази ёрии ҳуқуқӣ созишнома баста, ба Феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дохил карда мешавад. Адвокат уҳдадор аст, ки бо даъвати маркази ёрии ҳуқуқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба назди таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя фавран  ҳозир шавад.

«11. Ҳаққи хизмати адвокате, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дар мурофиаи  судии гражданӣ ба сифати намоянда иштирок намудааст, бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», пардохт карда мешавад.

Инчунин, аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» калимаҳои «ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд», хориҷ шуда, сархати ҳафтум «ба шаҳрвандони камбизоате, ки даромади умумиашон барои ҳар як аъзои оила дар як моҳ камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад» низ аз моддаи мазкур хориҷ карда мешавад. Зеро шахсони мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ба ёрии ҳуқуқии  дуюмдараҷа дар асоси умумӣ ҳуқуқ доранд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» масъалаи ба Феҳристи давлатии адвокатҳое, ки ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, дохил кардани адвокатҳоро муайян намуда, тартиби пардохт кардани ҳаққи хизмати адвокатҳоро, ки ба сифати ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва мурофиаи судии гражданӣ иштирок намудаанд, пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон  Маҳмудзода  дода мешавад.

БОБОҶОНИЁН Ранохон Маҳмудзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба низоми нави  расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон таҳия  шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли равон, №10 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил панҷ пешниҳод манзур  карданд, ки аз онҳо яктоаш  қабул шуд.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодоти ироагардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тартиби дохил кардани адвокатҳоро ба Феҳристи давлатии адвокатҳое, ки дар доираи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мерасонанд, муайян карда, масъалаи пардохти ҳаққи хизмати онҳоро пешбинӣ менамояд.

Ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба моддаи 31 қисмҳои 10 ва 11, дар қисми 1 моддаи 32 пешбинӣ гардида, доираи шахсонеро, ки ёрии ҳуқуқӣ мегиранд, мушаххас гардонидааст.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро ба баррасии шумо, вакилони арҷманд, пешниҳод намуда, бо дарназардошти асосҳои дар боло  зикргардида, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва меҳмонони гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям. 

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ