Қабули вакилони парлумони Аврупо аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_9269Якуми ноябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи вакилони парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии ҷаноби Фулвио Мартушиелло барои иштирок дар ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад ва аз ин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

- Равобити гуногунсамти кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламенти Иттиҳоди Аврупо, ки заминаи обеъктивӣ доранд, пайваста густариш бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳоро тақозо менамоянд, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва афзуд: — Мо зимни фаъолият ва равобити судманд, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарламентиамон бояд дар таҷдиди заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳоямон саҳми муносиб гузорем.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо ёдоварӣ аз саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тавассути пешгирии зуҳуроти номатлуб, изҳор намуд, ки мо набояд зимни фаъолиятҳои марбутаи ҷавобгӯи замони муосир, ки ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонист, танҳо такя ба пайванди сарҳадҳои ҷуғрофӣ намоем.

Аз ин лиҳоз, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназар­дошти  дар сарҳади ҷанубии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷойгир будани Тоҷикистон, масъалаи тақвияти пайгиронаи ҳифзи сарҳадоти он ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароити моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои инноватсионию муосири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро мувофиқи мақсад донист.

- Мо аминем, — суханашро идома дод Маҳмадсаид Убайдуллоев, — Иттиҳоди Аврупо ва институтҳои марбутаи он ҳамчун яке аз шарикони муҳим роҷеъ ба масоили байналмилалию минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияташонро беш аз пеш густурдатар ба роҳ мемонанд.

Раиси Маҷлиси миллӣ, бо дарназар­дошти таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, пайгирона ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, технологияҳои инноватсионӣ, рушди зеҳнияти инсонӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили  малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик пешниҳод намуда, изҳор дошт, ки барои рушди бефосилаи ҳамкориҳои  минбаъдаи байнипарламентӣ, мо омодаем тадбирҳои судовар андешем ва изҳори умед кард, ки парламенти Иттиҳоди Аврупо низ дар ин замина фаъолияти пайвастаро амалӣ менамояд.

Ҷаноби Фулвио Мартушиелло аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқот изҳори қаноатмандӣ ва омодагии парлумони Аврупоро оид ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои баррасишуда таъкид намуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба итмом расид.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО