Ҳадаф ҷалби эҷодкорон ба масоили экологӣ аст

№21 (4283) 16.02.2021

DSC_300612 феврали соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ — таҳқиқотии ҷангал», Институти илмӣ — таҳқиқотии гидроэнергетика ва мелиоратсия ширкат варзиданд.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳозиринро бо нақшаи чорабиниҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли равон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ошно намуд. Ӯ ёдовар шуд, ки вазифаи Комиссияи экологӣ дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва тақвияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши масоили экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, паст кардани шиддати таъсири паёмади тағйирёбии вазъи экологӣ маҳсуб шуда, дар ин самт таҳлили мунтазами вазъи экологӣ, таҳлили қонунгузории соҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо сохторҳои давлатию ҷамъиятии соҳа ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.

Номбурда зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мушкилот ва пешгирии хатарҳои экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ ва зиёдшавии партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон борҳо аз минбарҳои баланд суханронӣ ва изҳори нигаронӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 омадааст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол мекунад, ки саҳми арзишманди кишвар дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.

Муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Фазлиддин Икромов оид ба иҷрои қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» иброз намуд, ки мақсад аз он тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси масоили экологӣ, ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналис­тон, коршиносону мутахассисон ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ мебошад. Озмун аз 1 июли соли 2020 оғоз ёфта, то 1 июли соли 2021 идома меёбад.

- Ҳайати комиссияи озмун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, шартҳои он тавассути рӯзномаи «Садои мардум», сомонаҳои интернетии www. ­parlament.tj, www.ecomission.tj ва ғайра эълон гардиданд, — гуфт Фазлиддин Икромов.

Зикр шуд, ки ба озмун асару мақолаҳо метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд нест.

Мақолаҳо бояд мавзӯъҳои «30 соли Истиқлолияти давлатӣ — қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист», тағйирёбии иқлим ва чораҳои пешгирии он, мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори экологӣ, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, энергетика ва рафъи камбизоатӣ, тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии партовҳо, нақлиёт ва ҳифзи ҳавои атмосфераро инъикос намоянд.

- Аъзои комиссия ҳангоми баррасии асару мақола, нигориш, филм, асари илмӣ ба моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расонидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, берун аз он ва вокуниши хонандагон ба онро ба назар мегиранд, — афзуд Ф. Икромов.

Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи як соли охир аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ нашр шудаанд, ки ифодагари сиёсати оқилона ва дурбинонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зисти сайёра ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар кишвар мебошад.

Мақолаҳои Зуфар Исмоилзода таҳти унвони «Чаро иқлим тағйир меёбад?», Файзулло Наҷмиддиниён ба номи «Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар», Ҳаёт Одинаев «Истифодаи оқилонаи об — омили таъмини рушди устувор», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудаанд, аз он ҷумлаанд.

Дар фарҷом гурӯҳҳои кории Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 тасдиқ гардиданд.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ