Қадрдонии Хайринисо Юсуфӣ бо Ҷоизаи ҷаҳонии «Эътирофи ҷомеа — 2018»

№119 (3913) 02.10.2018

6V9A2585Чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Форуми дуюми занони Авруосиё дар мавзӯи «Занон ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ» баргузор гардид, ки дар он Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суханронӣ намуд. Вай меҳмононро ба шаҳри таърихии Санкт — Петербург хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳанӯз ҳам дар ҷаҳон 70 фоизи занон дар ҳолати фақру бенавоӣ зиндагӣ мекунанд ва аз одитарин шароити зиндагиву маишат бенасибанд.

Сипас, намояндагон аз дигар давлатҳо ба сухан баромада, аз мушкилоту муваффақият ва таҷрибаи корӣ гузориш доданд.

Мусаллам аст, ки дар асри ХХ мақом ва манзалати зан дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба сатҳи баланд ва арзанда бардош­та шуд. Саҳми он дар тамоми соҳаи хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳод. Аз ҷумлаи занон – канизакони гузашта дар замони шӯравӣ тасхиргари кайҳон ба воя расид. Масъалаи баробарии гендерӣ то андозае дар қисмати зиёди сайёра роҳи ҳал ёфт. Ҷаҳониён муҳим будани донишу малака, неруву тавоноӣ, ташаббусу заковат, маҳорату ҷасорат, масъулияту муҳаббати занро дар рушди ҷомеаи мутамаддин дарк карданд. Маҳз фаъолияти самарабахш ва саҳми боризи занон буд, ки зиндагӣ ба таври мусбат тағйир ёфт. Вале, дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз мушкилот ва гирифтории занон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле зиёданд ва ҳалли онҳо талаби вақту замон аст.

Масоили дастрасии занон ба донишу маълумот, ҷойи кори арзанда, пешбарии онҳо ба мақомоти давлатӣ ва дип­ломатӣ, зиндагии бефишору тазйиқ ва дарёфти маошу маишати дилхоҳ, эътирофи маҳорату истеъдод аз ҷумлаи мушкилоти умдаи занон дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки боиси нигаронии қишри бедори ҷомеа мебошад. Адолати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ нисбат ба занон дар ҷаҳон  ҳанӯз ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудааст ва ин ҳама тақозо мекунад, ки занони фаъол ва муваффақи дунё ба ҳам оянд, то роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ кунанд. Садои худро ба гӯши ҷаҳониён расонанд, ки ҳақиқати зиндагӣ ба зуҳуру ҳузури онҳо вобаста аст, онҳо бояд аз гирифторӣ раҳо бошанд. Албатта, ин масъалаҳо дар танҳоӣ ҳаллу фасл намешаванд ва мақсад аз сурат гирифтани  ҳамоиши занон  дар гаҳвораи се инқилоб — Санкт – Петербург, ки дар зебоӣ ва рушду ободии он шоҳаншоҳзанон Елизавета Петровна ва Екатеринаи II саҳмгузоранд, низ ба ҳамин хотир буд. Дар форум, ки дар толорҳои бошукӯҳи Қасри Таврический баргузор шуд, беш аз 3000 нафар бонуи сиёсатмадор, олимон, арбобони ҳунар, роҳбарони соҳаҳои гуногун аз 120 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Бо даъвати раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш се нафар аъзои Маҷлиси миллӣ, се нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ва сарвари Ассотсиатсияи занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова иштирок намуданд.

Ҳамчунин, намояндагон ва сарварони бис­ту панҷ созмони байналмилалӣ иштирок ва саҳмгузорӣ намуданд. Ширкаткунандагон аз дастовард, барору нобарории занон дар кишварҳо, роҳҳои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар самти баробарии гендерӣ, беҳдошти зиндагии арзанда ва фаъолияти самараноку натиҷабахши занон дар ҷаҳон андеша баён доштанд. Дар бахшҳои алоҳида мас­ъалаҳои мубрами: «Занон барои рушди устувори глобалӣ», «Занон барои тавозуни рушди иқтисодӣ», «Занон барои пешравӣ, ҳифз ва адолати иҷтимоӣ», «Занон барои фаъолияти арзандаи соҳибкорӣ ва инноватсияи технологӣ» баррасӣ шуданд.

Дар хотима, намояндагони 13 кишваре, ки дар онҳо мақому манзалати зан дар сатҳи шоиста қарор дорад,  бо Ҷоизаи ҷаҳонии «Эътирофи ҷомеа-2018» сазовор дониста шуданд. Мо аз он ифтихор кардем, ки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар миёни онҳо буд.

Маросими  анъанавии баста шудани фаввораҳои Петергоф, ки ҳар сол дар мавсими тирамоҳ таҷлил мегардад, имсол  ба давраи баргузории форум рост омад ва иштирокчиён намоиши зебои «Рақси фаввораҳо»-ро, ки теъдодашон ба 200 адад мерасаду ҳар яке аз дигар беназиртар аст, тамошо карданд. Намоиши китобҳои тозанашри занон, ҳунарҳои мардумӣ, мусаввараҳо, барномаҳои консертӣ, муколама ва диду боздидҳо ҳама рӯҳбахшу шукӯҳманд буданд.

Меҳринисо БОБОБЕКОВА, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа,   

Наргис РАҲМОНОВА, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,

Саёҳат ДАДАҶОНОВА, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ