Истиқлолияти давлатӣ - арзиши муқаддаси миллӣ

Ҳадяи таърих барои наҷоти миллат

№122 (3423) 11.09.2015

исмоилзода копияСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ба сари Ҳукумат омаданаш ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин изҳор дошт: «Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа, будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд». Роҳбари нави кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди инсонӣ  дар назди таърих ва такя ба неруи бузурги ақлонии аҳли ҷомеа паёмадҳои ногувор ва дардноки ҷанги шаҳрвандиро барои мардуми хеш шарҳу тафсир намуд, то ки бо эҳсоси баланди ватандорӣ  фоҷиаи нангини таърихиро ҷилавгирӣ  намоянд. Дар ин суханронӣ  бо дард чунин таъкид намуд: «Даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ  шаҳиду маҷрӯҳ шуданд. Имрӯз халқи тоҷик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садҳо ҳазор одамон бехонаву дар ва сарсону саргардон шудааст. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад». Ҳамин тариқ, дар рӯзҳои аввали роҳбариаш Эмомалӣ  Раҳмон тавонист, ки бо манзур намудани барномаи муҳими давлати тозабарқарори тоҷикон як роҳи равшану пойдореро ба самти ояндаи нек муайян созад.

Раванди таҳкими истиқлолияти миллӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини сулҳу субот дар қаламрави кишвар вобаста буд, ки аз муҳимтарин ҳадафҳои Роҳбари давлат қарор гирифт. Ба ин хотир, Сарвари давлат бо дарки масъулияти баланд дар ҳузури намояндагон баён доштаанд: «Ман ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб мефаҳмам, ки дар ин давраи барои Ватан ва халқи ҷумҳурӣ хеле душвор кадом масъулиятро ба дӯш дорам».

Талош барои эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳ ёфтани кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз муҳимтарин мақсад ва мароми муроҷиати Роҳбари нави Тоҷикистон ба онҳо  ба шумор мерафт, ки воқеан дар фурсати хеле кӯтоҳ самараҳои некро ба бор овард. Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун инсони соҳибхирад, бедордил ва меҳанпараст, дӯстдори халқи хеш кореро, ки ба анҷом расонид, нахустин авфи умумӣ  буд. Ин тадбир эътимод ва боварии мардумро ба ояндаи дурахшон бештар намуд, наздик омадани замони сулҳу оштии миллиро тақвият бахшид.

Баробари ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Сарвари давлат ба теъдоди зиёди мухолифин низ дар идоракунии давлат вазифаҳои масъулро пешниҳод кард. Ин амалҳои Сарвари давлат танҳо ба хотири таҳкими истиқлолият, сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони ҷавон буд.

Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ чун Кофи Аннан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва дигарҳо ба ин таълимоти сиёсии сулҳофаринии Эмомалӣ  Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ  намудаанд.

Ҳамин тавр, бо такя ба маҷмӯи барномаҳое, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми наҷотофарини Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон садо додаанд, метавон баргузории иҷлосияи мазкурро оғози истиқлоли воқеии Тоҷикистон арзёбӣ  намуд. Дар меҳвари ин барномаи рушд ва эъмори давлатӣ таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  ва таъмини амнияти озуқаворӣ  ҷойгоҳи мустаҳкаме пайдо намуд.

Дар маҷмӯъ, дар тӯли 24 соли истиқлолият, махсусан баъд аз истиқрори сулҳ, таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравиҳои азиму назаррас ба амал омаданд. Ин дастовардҳоро оҷиз ё бедилу беақл намебинад. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба  ин манзур мегӯянд:

Дида ободию боғу  нақбу роҳ,

Нотавонбин ҳам кунад дидаш дигар.

Мекунад ночор бар ҳар сӯ нигоҳ,

Бинад ӯ дар ҳар қадам садҳо асар.

Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа, махсусан насли наврасро ба ҳукми пойдевори мустаҳками Истиқлолияти давлатӣ  эътироф намуд ва дар ин замина тадбирҳои зарурӣ андешид. Соли 1993 дар Тоҷикистон  дар сатҳи баланди миллӣ 1000-умин солгарди «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ  таҷлил гардид. Ин достони мардонагӣ  ва ҷасорату матонат тавонист дар шуури маънавии ҷомеа таъсири нек гузошта, ваҳдатгаройӣ, инсондӯстиро таблиғ намояд. Ин сиёсати дурусту дурбинона воқеан ҳам барои сабақомӯзии миллати мо аз гузаштаҳои хеш мусоидат намуд. Таҷлили шукӯҳманди 1100-солагии давлати Сомониён бошад, ин тадбири сиёсиро тақвият бахшид.

Маҳз самараи чунин сиёсати дуруст буд, ки ҷаҳониён дубора дар асри муборизаҳои технологӣ ба фарҳангу мероси пурбаракати таърихии миллати мо бо диду нигоҳи нав муроҷиат намуданд.

Таҷлили ҷашни Ҷалолиддини  Балхӣ  ҳамчун инсони ормонӣ  ва офаринандаи шоҳасаре, ки Қуръон ба забони паҳлавӣ ном гирифтааст, дигарбора башариятро ба муколамаи фарҳангу тамаддунҳо даъват намуд ва ба унвони «Китоби сол»-и Амрико пазируфта шудани он таваҷҷуҳи Ғарбро ба фарҳанги инсонсолории ниёгони мо собит сохт.

Дар заминаи бузургдошти устод Рӯдакӣ  дар СММ баргузор шудани ҳамоиши илмӣ  ва дар симои одамушшуаро шинохта шудани муаллими одамият, дар таълимоти ҷаҳонсози Имом Абӯҳанифа шарҳ  дода шудани фалсафаи таҳаммулпазирӣ  ва мадоро, ки бозгӯ аз муколамаи дину мазҳабҳо буда, ҷаҳони пуртазоди имрӯзро ба оштии фикрӣ  мехонад, боз ҳам ҷаҳонӣ  шудани падидаҳои сиёсати фарҳангии Сарвари давлати тоҷикон як ҳадяи таърих барои наҷоти миллат дар остонаи ҳазорсолаи нав ба шумор меравад.

Имсол дар остонаи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози тантанаҳои 700-умин солгарди бузургдошти мутафаккир ва орифи номвари Шарқ  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо иштироки  Сарвари давлат дар сатҳи баланди ғоявӣ  баргузор гардид. Давоми ин чорабинии таърихӣ бо ширкати муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ сурат гирифт, ки аз идомаи бомароми татбиқи ин сиёсати маънавиасос ва инсонгароёна паём расонида, нақши пурфайзи онро дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ, бедории маънавӣ  ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик ба таври барҷаста намоён мегардонад.

Аз имрӯз барои соли оянда, ки 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад, бояд зиёдтар барои наслҳои даврони истиқлолият корномаҳоро ба ҳукми дарсҳои навини таърихи давлатдорӣ  ва миллатсозӣ  нақл намоем, то барои онҳо сабақҳои ибратомӯз бошанд.

Маҳз дар ҳамин рӯзҳо мо бояд  ҳазорон бор аз даргоҳи Худованд шукрона кунем, ки ба сари миллати тоҷик чунин Сарвареро фиристод, ки давлату миллатамонро аз фаношавӣ эмин дошт ва ба ин рӯзҳои пурсаодат расонид.

Мутмаинам, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шинохти таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун дарси бузурги миллатсозӣ  ва оини давлатдорӣ хидмат ва нусрату шукӯҳи фузунеро барои имрӯзу фардои мо ато мекунад.

Зуфар Исмоилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон