Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ғайриқонунӣ аз кишвар баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ боис ба қабули қонун гардид

№132 (3926) 03.11.2018

DSC_822531 октябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи  Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 53 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо  фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои  молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раи­си Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дода мешавад.

АҲМАДЗОДА Ҷамшед Ҷалол:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, бартараф намудани баъзе мухолифатҳо, боз ҳам беҳтар кардани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдор таҳия шудааст.

Пеш аз ҳама, дар сархатҳои бисту чорум, бисту шашум ва бисту ҳаштуми моддаи 2 иваз кардани калимаҳои «иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ» ва «корҳои сохтмонию васлгарӣ» ба калимаҳои «корҳои сохтмонӣ» бо мақсади якхела намудани мафҳумҳои дар матн истифодашаванда пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади амиқу мушаххас гардонидани маънидоди якхелаи мафҳумҳои асосӣ ба моддаи 2 илова кардани сархатҳои сию сеюм ва сию чорум бо мазмуни «таъмири асосӣ» ва «иншооти (биноҳои) муваққатӣ» ҷиҳати оммафаҳм намудани истилоҳоти дар матни кодекс истифодашаванда пешниҳод шудаанд, зеро дар сархати шашуми моддаи 2, қисми 2 моддаи 64, моддаи 66 ва моддаи 83 калимаҳои «таъмири асосӣ» ва дар моддаи 73, ки моддаи мазкур дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст, истилоҳоти «иншооти (биноҳои) муваққатӣ» истифода мешаванд.

Тағйирот ба қисми 5 моддаи 20 ва қисми 2 моддаи 82 ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои кодекс вобаста ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ворид карда шудааст.

Ҳамчунин, дар лоиҳа асосҳои ҳуқуқии меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ такмил дода, ба моддаи 5 қисми 3 илова шудааст, ки тибқи он низоми меъёру  қоидаҳои шаҳрсозӣ, таркиб ва номгӯйи онҳо мушаххас гардидаанд, зеро то ҳол дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда низоми меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ пешбинӣ нашудааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, вобаста ба моддаи 12 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ аниқ ва васеътар пешбинӣ мешавад. Чунончӣ, минбаъд тасдиқ намудани Нақшаи генералии шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, тасдиқи нақшаҳои генералии шаҳракҳо ба салоҳияти  Маҷлиси вакилони халқи дахлдор гузошта мешавад.

Ҳамчунин, сархатҳои сенздаҳум, чордаҳум ва понздаҳум илова карда шуданд, ки тибқи он минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро тасдиқ менамояд ва қоидаҳои муайян кардани  иншооти сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳоро муқаррар менамояд. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаҳои зикргардида аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таҳия шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қисми 1 моддаи 15, минбаъд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нақшаи генералии шаҳр ва маркази ноҳияро таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Дар қонуни амалкунанда чунин меъёр пешбинӣ нашуда буд.

Дар моддаҳои 16 ва 17 кодекси мазкур ваколати мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо муқаррар шудаанд. Ҳарчанд аз ҷониби мақомоти мазкур назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ амалӣ ва барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ иҷозат дода шавад ҳам, лекин дар меъёри моддаҳои зикргардида ин ваколатҳо пешбинӣ нагардидаанд. Аз ин лиҳоз, ба моддаи 16 қисми 2 ва ба моддаи 17 сархатҳои шашум ва ҳафтум илова шуд.

Тибқи дигаргуние, ки дар моддаи 19 пешбинӣ шудааст, муҳлати боздоштани корҳои сохтмонию васлгарӣ, истеҳсол, фурӯш, истифодаи масолеҳи сохтмонӣ ва маснуот, дар ҳолатҳое ки сархати мазкур муқаррар намудааст, то «сӣ» рӯз муқаррар карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар муҳлати 10 рӯз бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда ғайриимкон мебошад ва чунин меъёр фақат ба хотири беҳтар намудани сифати кор дар  соҳа пешниҳод шудааст.

Ворид намудани тағйирот ба қисми 3 моддаи 23, қисми 2 моддаи 24 ва қисми 2 моддаи 25 бо мақсади мушаххас намудани уҳдадории фармоишгарон, таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва пудратчиён пешбинӣ шудааст.

Ба қисми 4 моддаи 66 илова намудани сархати якум бо мақсади танзими муносибатҳо ҳангоми  амалӣ намудани расмиёти маъмурӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки моддаи 73 масъалаҳое, ки соҳибмулк метавонад объектҳоро мустақилона қабул намояд, ба танзим медарорад. Бо сабаби ҷой доштани норасоиҳо ва масъалаҳои ҳалталаб дар моддаи мазкур, бо мақсади пурра гардонидани меъёрҳои он, содагардонии расмиёти маъмурӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва татбиқи принсипҳои равзанаи ягона моддаи зикршуда дар таҳрири нав пешбинӣ шуд.

Ба қисми 4 моддаи 80 илова кардани ҷумлаи дуюм бо мақсади татбиқи иҷрои муқаррароти  моддаи мазкур ҳангоми таҷзия ва вайрон накардани бино ва  иншоотҳо пешбинӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид объектҳои худсарона сохташуда аз ҷониби соҳибмулк таҷзия ва вайрон карда намешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар асоси талаботи сархати шашуми қисми 1 моддаи 15 кодекси мазкур таҷзия ва вайрон кардани бино ва иншоотро ташкил намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро аз ҳисоби соҳибмулк меситонанд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, №465 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба 18 моддаи  Кодекси шаҳрсозӣ, аз ҷумла, ба моддаҳои 2, 3, 5, 12, 15, 16, 17, 19, 20, 23, 24, 25, 51, 64, 66, 73, 80  ва 82 муқаррароти ин моддаҳоро мукаммал намуда, дар маҷмӯъ талаботи моддаҳои асосии ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи шаҳрсозӣ оммафаҳм гардонидаанд. Аз ҷумла, тағйироти пешниҳодгашта ба моддаҳои 5, 12, 13, 15, 17, 25 ва 73 Кодекси шаҳрсозӣ талаботро дар ин соҳа пурзӯр намуда, ба баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда равона шудааст.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 30 таклифу пешниҳод ба кумитаи масъул ворид шуд, ки аксарияти онҳо пазируфта шуданд. Пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иброз гардиданд, мавриди таҳлил қарор гирифта, дар мувофиқа бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ, дар лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд. Инчунин, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расид. Кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: — Муҳтарам Раис! Саволи  ман оид ба лоиҳаи қонун вобаста ба  мушкилоти  мардум дахл дорад. Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе биноҳои зиёди истиқоматӣ, бинобар дар ҷойи онҳо бунёд кардани  биноҳои нави замонавӣ, кӯчонида мешаванд. Сокинони пойтахт эътирозу норозигии зиёд баён мекунанд, риояи  адолати иҷтимоиро талаб  менамоянд.

Онро бояд мадди назар гирифт, ки соҳибмулкон барои моликият арзиши воқеӣ гирифтан мехоҳанд. Бояд бо ҳар яке аз онҳо  шартнома баста шавад, то ин ки қаноатманд гарданд. Барои  онҳо муҳим аст донанд, ки оё манзилҳои истиқоматии ояндаашон мувофиқи стандартҳои сохт­монӣ бунёд мешаванд, кӣ онҳоро  месозад ва саволҳои зиёди дигар. Хоҳишмандам ба ин масъалаҳо равшанӣ андозед.

АҲМАДЗОДА Ҷамшед Ҷалол:- Сохтмонҳое, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён доранд, тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Нақшаи ҳар як маҳал  тарҳрезӣ шуда, бо Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мегардад. Ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳри Душанбе пурра омода карда шавад.

Бинобар сабаби он ки ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик аст,   тасмим гирифтем, ки нақшаи муфассали тарҳрезикардаро ба нақшаи ПДП ҳамроҳ намоем. Биноан, ҳар як  сохтмоне, ки дар шаҳри Душанбе пиёда карда мешавад, тибқи нақшаи ПДП, ки мо таҳия ва тасдиқ кардем, амалӣ мегардад.

Дар анҷоми сохтмон, албатта, талаботи шаҳрвандонро ба эътибор мегирем. Баъзе камбудиҳо ҳаст ва бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муайян намудем. Аз ҷумла, ҳодисаҳои тӯл кашидани муҳлати сохтмон муайян карда шуд ва то охири сол роҳи ҳалли камбудиҳо муайян карда мешаванд.

Ширкатҳое, ки ба сохтмон машғуланд, иҷозатномаи Хадамоти иҷозатномадиҳии Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мебошанд.

Лабораторияе, ки ба сифати маҳсулоти сохтмонӣ баҳо медод, пештар як адад буд. Ҳоло чунин  лабораторияҳо дар Хадамоти  назорати кумита, дар назди Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ, дар  ширкати «Фароз» таъсис ёфтаанд ва амал мекунад.

РАИС: -Боз кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз: — Саволи ман ба  моддаи 12 лоиҳаи қонун дахл дорад. Тибқи он тасдиқи низомномаҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Оё ин  мушкилот ба миён намеорад?

Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол:- Солҳои охир нисбат ба сармеъморони зиёди шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Бинобар ин, зарур шумурдем, ки нақшаи  генералии шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд. Ин беҳтар мебуд ва ҳар гуна рафтори хилофи қонун пешгирӣ мегардад. Аз сӯйи дигар сармеъмори шаҳру ноҳия аз ҷониби раиси шаҳру ноҳия бо розигии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таъин мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло  ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар раванди татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар қонунгузории кишвар, бахусус дар самти рушди моликияти зеҳнӣ, то ин давра корҳои назаррас  ба анҷом расонида шуда, таҳияи лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва  тамғаҳои хизматрасонӣ» идомаи фаъолият дар ин ҷода мебошад.

Тағйироти пешбинигардида бо мақсади мутобиқгардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ба талаботи пешбинамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Париж «Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ», Созишномаи Мадрид «Дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо» ва Шартномаи Сингапур «Дар бораи қонунҳои тамғаҳои молӣ» равона шудааст.

Ҳамчунин, қабули тағйироти мазкур барои роҳ надодан ба иштибоҳот дар нишонаҳои расмӣ, тасвирҳои объектҳои махсуси мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои динӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, дар лоиҳаи манзуршуда мукаммалгардонии меъёрҳо барои пешгирӣ намудани рақобати бевиҷдонона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла, ҳуқуқи муаллифӣ, номи фирмавӣ ва ғайра) пешбинӣ шудааст.

Дигар тағйироти пешбинишуда (ба моддаи 22 қонуни мазкур) имкон медиҳад, ки пас аз ба охир расидани муҳлати Шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва истифода нашудани он дар як сол тамғаи молӣ аз тарафи дигар шахсони манфиатдор мавриди истифода қарор гирад.

Бояд қайд кард, ки тибқи муқаррароти амалкунанда, муҳлати амали шаҳодатнома 10 сол буда, ҳангоми ба охир расидани муҳлат имконияти иловатан 3 соли дигар ройгон тамдид намудани он ҷой дошт, ҳол он ки барои бақайдгирии такрории тамғаи молӣ ё тамғаи хизматрасонӣ муҳлати яксола басанда аст. Инчунин, дар лоиҳаи қонун як қатор тағйиру иловаҳо ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои  имлоӣ ва техникию ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, қабули тағйироти мазкур барои дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ ва содагардонии расмиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти  ин, аз шумо — вакилони муҳтарам  хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизмат­расонӣ»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва  коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мақсад аз он иборат аст, ки моддаи 6-уми қонун танҳо масъалаҳои ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молиро ба танзим медарорад, вале масъалаҳои истифодабарии тамғаи молӣ ҳангоми иҷрои корҳо, расонидани хизматҳо, фурӯш ва ҷойгир намудан дар шабакаи интернетӣ ё дар номи доменҳо маҳз масъалаҳои истифодабарии тамғаи молӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар моддаи 27-уми қонуни мазкур дарҷ гардад ва ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо тибқи ин модда ҳалли худро дар мақомоти дахлдор пайдо намояд.

Тағйирот оид ба қисми 4 моддаи 9-уми қонуни мазкур барои ҷобаҷогузории дурусти муқаррарот равона шудааст. Яъне, дар моддаи 33-юми қонуни мазкур тағйирот ворид шуда, он, пеш аз ҳама, барои пешгирӣ намудани рақобати бевиҷдонона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла, ҳуқуқи муаллифӣ, номи фирмавӣ ва ғайра) равона шудааст.

Ҳангоми қабул гардидани тағйироти мазкур он, пеш аз ҳама, барои дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ ва содагардонии расмиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати пурра ва саҳеҳ гардидани он 60 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 26 адади он пурра қабул ва панҷ адади дигараш қисман қабул гардид.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Барои баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» аз нуқтаи назари муаллифон — вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ, Лутфия Раҷабова, Мусалам Қодирова ва Ҷаббор Ахмедов чанд омил боис гардидаанд.

Ин, пеш аз ҳама, амалӣ намудани дастуру вазифаҳое мебошад, ки аз тарафи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи аввалини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баён гардид. Яъне, такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифати байни қонунҳо, беҳтар кардани сифат ва самаранокии онҳо.

Қонуни амалкунанда аз соли 2001 амал карда, ба он ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Вале то ҳол номувофиқии меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Забони давлатӣ» ҷой дошта, сохтор ва баъзе аз моддаҳои он ниёз ба такмил доранд.

Таҷрибаи амалӣ намудани қонуни амалкунанда, таҳлили вазъ дар ин ҷода ва талаботи муосир дар ин раванд зарурияти онро ба миён овард, ки дар лоиҳа якчанд меъёри нав пешбинӣ карда шавад.

Пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои  таърихию фарҳангӣ яке аз омилҳои дигар ба ҳисоб меравад. Чунончӣ, тибқи маълумоти расмӣ, соли 2017 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ 14 ҳолати интиқоли ғайриқонунии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ошкор ва ба қайд гирифта, 13 парвандаи ҷиноятӣ ва як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 3 боб ва 23 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян намуда, ба ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ равона гардидааст.

Сохтори лоиҳаи қонун ба талаботи қонунгузории ҷорӣ мутобиқ карда, якчанд моддаҳои нав, аз ҷумла моддаҳои 7, 8, 9, 10, 13, 19, 20 пешбинӣ шудаанд. Тибқи онҳо, раванди танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ муқаррар гардида, бо мақсади мусоидат намудан ба танзими меъёрию ҳуқуқии масъалаҳо оид ба берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ  таъсиси Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, тартиби муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, истифодабарии сарватҳои мусодирашуда, меъёрҳо вобаста ба ситонидани боҷу пардохтҳо ҳангоми чунин амалиёт дар лоиҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми такмили лоиҳаи қонун ба он якчанд сархат илова карда шуд. Чунончӣ, тибқи меъёри моддаи 3 сарватҳои доимӣ дар мамнӯъгоҳҳо нигоҳдошташаванда таҳти доираи амали қонуни мазкур қарор хоҳад гирифт.

Тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 10, дар қисми алоҳида, меъёри ҷуброни зарари моддии молик ҳангоми аз ӯ гирифтани ашёе, ки ба рӯйхат ва феҳристи ҳифзшавандаи давлатӣ ворид гардидаанд, пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар моддаи 14, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардашуда минбаъд аз ҷониби шахсони онҳоро ба берун бароварда ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари қабулкунанда таъмин карда мешавад.

Меъёрҳои дигари моддаҳои дар лоиҳаи қонун пешбинишуда такмил дода, онҳо аниқ, мушаххас, фаҳмо инъикос шудаанд ва ҷавобгӯйи талаботи муосир ва қонунгузории ҷорӣ мебошанд.

Қабл аз пешниҳод, лоиҳаи қонун бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва мутобиқгардонӣ қарор гирифт. Дар баррасии он намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок карданд. Аз 120 таклифи пешниҳоднамуда 90-тояш пурра ва 15-тои дигараш қисман қабул шуд.

Эроду пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шумо, муҳтарам Раис дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён гардида буд, пурра ба эътибор гирифта, мутобиқ ба он ба лоиҳаи қонун тағйирот ворид карда шуд.

Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.

Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Масъалаи баррасишаванда яке аз ҷанбаҳои муҳими фарҳангии кишвар буда, таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Бояд иқрор кард, ки то қабул гардидани қонуни мазкур дар кори содиру ворид кардани сарватҳои фарҳангӣ тартибу низоми муайяне ҷорӣ набуд ва ҳоло қабул кардани он зарурати таърихист. Бахусус дар давраи бенизомиҳои ибтидои солҳои навадуми асри пешин ба хазинаи фарҳангии  кишвар зарари хеле калон расида, бисёр сарватҳои фарҳангӣ нобуд гардиданд ё аз ҷумҳурӣ бароварда шуданд. Бинобар ин, бо ибтикори вакилони Маҷлиси намояндагон соли 2001 таҳия ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани  сарватҳои фарҳангӣ» иқдоми хеле нек буд. Ин ҳуҷҷат шароит фароҳам овард, ки масъалаҳои вобаста ба гардиши сарватҳои фарҳангӣ ба танзим даромада, ҳар сол бештар аз 200 экспертизаҳо бо фарогирии ҳазорҳо сарвати фарҳангӣ гузаронида, даҳҳо қонуншиканӣ дар бобати воридоту содир намудани сарватҳои нодир пешгирӣ карда шавад.

Ҳаёт босуръат пеш меравад ва ворид кардани тағйирот ба қонунҳоро ногузир мегардонад. Аз ин рӯ, аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои фарҳангӣ» иқдоми хеле судбахш аст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошт ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии ғайриманқул 15 санади меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул намудааст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, ки самтҳои стратегии ривоҷу равнақи ин соҳаи муҳими фарҳанги миллиро муайян намудаанд, корҳои мушаххас­ро ба анҷом мерасонад.

Ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои мероси моддии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори зиёд ба анҷом расонида шуда, вазорат ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллатро ҷиҳати эҳё намудан ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани ёдгориҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик бемайлон амалӣ намуда истодааст.

Бо дарназардошти муҳимият ва зарурат аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ савол дорад?  Кӣ баромад кардан мехоҳад? Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» чӣ тавр ва чӣ гуна баровардани сарватҳои фарҳангию таърихӣ ва чӣ тавр ворид кардани онҳоро муайян намуда, ба ҳифзи мероси таърихӣ, ки солиёни зиёд ба даст оварда шудаанд, равона шудааст.

Аз ҷумла, дар моддаи 3-юми лои­ҳа омадааст, ки осори дар осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хазинаҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, бойгониҳо, бойгониҳои сабти овозӣ ва аккосӣ, нигористонҳои бадеӣ, коллексияҳо ва махзанҳои дигар ҷамъоварда сарватҳои таърихию фарҳангӣ буда, роҳҳои баровардану воридоташ ба танзим дароварда мешавад. Дар қисми 2 моддаи 5 омадааст, ки ворид намудани ҳама гуна дастуру адабиёти дорои мазмуни фаҳш, ки ба ташвиқу тарғиби тағйир додани сохти конститутсионӣ, терроризм, ифротгаройӣ равона шудааст, манъ мебошад.

Имрӯз кишварҳои абадқудрат бо мақсади дигаргун кардани сохти конститутсионии ин ё он давлат, пеш аз ҳама, бо ҳамин роҳ тафаккури ҷавононро вайрон карда, барои амалӣ намудани нақшаҳо талош мекунанд.

Муҳим аст, ки дар назди мақомоти давлатӣ Шӯро таъсис дода шуда, мақоми басо волоро соҳиб бошад. Ба он ашхоси баландихтисос ва меҳанпарасту содиқ ба ватану халқ шомил бошанд, зеро бисёр адабиётҳои таърихии мо дар китобхонаҳои бузург маҳфузанд, ки онҳо бо нархҳои гарон фурӯхта мешаванд ва имрӯз ба харидориашон имконият надорем.

Пешниҳод мекунам:

Моҳият ва мазмуни ин қонун дар соатҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ омӯзонида шавад.

Пахши ҳама гуна филме, ки ба ахлоқи ҷавонон зарар меорад, манъ карда шавад.

Фитаҳое, ки барои заҳролуд кардани ҷаҳонбинии насли наврас равона шудааст, аз нуқтаҳои фурӯш бардошта шавад.

Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Содиқова Насиба дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Пӯшида нест, ки яке аз бозорҳои ғайриқонунӣ ё ин ки сиёҳ хариду фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ мебошад. Дар шароити имрӯза ба танзим даровардани чунин муносибатҳо айни муддаост. Қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки мо барои дар арсаи ҷаҳонӣ аз сари нав муаррифӣ намудани миллати хеш ҳамчун миллати фарҳангсолор дар заминаи ҳуқуқӣ имкон пайдо намоем, инчунин, сарватҳои таърихию фарҳангиро ҳифз намоем.

Лоиҳаи қонун ба ҳифзи моликияти фарҳангӣ аз содироти ғайриқонунӣ, воридот ва интиқоли моликияти онҳо, ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, шиносоии мутақобилаи байни давлатҳо бо арзишҳои фарҳангии якдигар равона шудааст ва ба принсипи фазои ягонаи ҳамкориҳои гумрукӣ асос ёфта, тартиби ягонаи интиқол ва воридоти амволи фарҳангиро, ки ба арзишҳои фарҳангӣ, новобаста ба шакли моликият, татбиқ карда мешавад, муқаррар менамояд.

Тибқи моддаи 8-уми лоиҳаи қонун, инчунин, таъсиси Шӯро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди мубодилаи байналмилалии арзишҳои фарҳангӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, музейҳои давлатӣ ва шаҳрӣ, намояндагони ҷомеаи илмӣ ва фарҳангӣ, таърихшиносони мустақил ва ғайраро ташкил медиҳанд, басо муҳим мебошад.

Шӯро ба мақоми ваколатдор барои такмил додани қонунгузории Тоҷикистон, ки содироти муваққатии содиротӣ, воридоти муваққатии моликияти фарҳангиро муқаррар мекунад, тавсия медиҳад, ки мақоми ваколатдорро ба сифати коршиносон оид ба арзишҳои фарҳангӣ тасдиқ намояд. Дар моддаи 10, инчунин, масъулияти комиссияҳои экспертизаи давлатӣ мушаххас ва баланд гардидааст.

Қисми дуюми моддаи 7 мақомоти ваколатдори давлатиро вазифадор мекунад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ҳуқуқи молики сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ берун баровардашуда ё воридгардида чораҳо андешад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт ба овоз монда, қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ