Ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони ИДМ

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

21-22 ноябри соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои Арманис­тон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар он 9 масъала баррасӣ гардида, иштирокчиён перомуни фарҳанги сиёсӣ ва сиёсати ҷавонон дар сатҳи кишварҳои ИДМ суханронӣ намуданд.

Миралиён Қиёмиддин вобаста ба масъалаи таҳким бахшидани фаъолияти Ассамблеяи ҷавонон ва фаъол гардонидани намояндаҳои кишварҳо пешниҳод намуд, ки аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба пазируфта шуд.

Ҳамчунин, бо ҳамраисии Миралиён Қиёмиддин ва бо иштироки васеи вакилон аз кишварҳои ИДМ мизи мудаввари муштараки байни Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони ИДМ ва Комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ оид ба сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ доир гардид, ки дар он намояндагони ҷавон ва олимону коршиносони соҳа дар мавзӯи «Рушди устувори ҳудудҳои кишоварзӣ» суханронӣ намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон