Робитаҳои байнипарлумонӣ

Ҷаласаи комиссияи ҳамкорӣ

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

DSC_217312  ноябри соли 2015 ҷаласаи панҷуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Бушмин Евгений Викторович, ки ҳамраисони Комиссияи номбурда мебошанд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз қабили  «Ворид намудани тағйирот ба ҳайатҳои  ҳар ду ҷониби Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия», «Дар бораи татбиқи амалии вазифаҳое, ки аз ҳуҷҷати хотимавии Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» бармеоянд, «Ҳамкории минбаъдаи судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба таъмини ҳуқуқӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, фарҳанг ва гуманитарӣ», «Нақшаи кории Комиссия барои соли 2016», «Мавзӯъ, мундариҷа ва муҳлати баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни кори ҷаласа ҷонибҳо зарурати ҳамкориҳои нав дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ  ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавиро махсус таъкид намуда, манфиатдориву омодагии хешро изҳор доштанд. Ҳамзамон оид ба андешидани чораҳои мақсаднок ҷиҳати таъмини иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи сатҳҳои гуногун ибрози андеша карда шуд.

Ҳамчунин бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳо, ки танзими ҳар кадоми онҳо барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯст нақши муассир хоҳад гузошт, пешниҳодҳои  тарафҳо ба таври муфассал муҳокима ва барои таъмини бечунучарои онҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод гардида, андешидани тадбирҳои саривақтӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва тавассути он таҳким бахшидан ба заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳо омодагии хешро иброз доштанд. Зикр гардид, ки тибқи тафоҳумоти мавҷуда соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми навбатии байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор хоҳад шуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ