Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

№58 (4008) 23.05.2019

Шуро 21051920 майи соли 2019 дар шаҳри ­Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи сайёри Шӯрои ­Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ширкат варзид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  Вячеслав Володин сурат гирифт, беш аз 10 масъалаи марбут ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ ва дар робита ба онҳо қарор қабул гардид.

Дар интиҳо нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва барои баррасӣ ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии СААД дар Ҷумҳурии Арманистон пешниҳод шуд.

Зимни ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои парлумонӣ оид ба амният Ҷӯрахон Маҷидзода суханронӣ намуд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон