Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҳама ободӣ аз роҳҳои хуб аст

№122 (3759) 14.10.2017

Саҳлангорӣ дар нигоҳдории роҳу пулҳо оқибатҳои ҳузнангез дорад

DSC_5112Ёздаҳуми октябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34 -уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (12508Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID) вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)»

2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№46795) байни Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон»

3. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№46795) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон»

4. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ (№46795) байни ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ёвон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи якуми рӯзнома — «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (12508P) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID) вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар заминаи дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд 1 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА ҳамчун кумаки техникии грантӣ барои омодасозии Асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва Лоиҳаи пешакии роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа ҷудо гардид. Марти соли 2016 ширкати машваратии олмонӣ- «Кокс» аз ҷониби бонк барои иҷрои корҳо ҷалб карда шуд. Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳа аз ҷониби ширкати мазкур якҷоя бо КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» соли 2016 омода гардид.

Хулосаи мусбии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маводи лоиҳавӣ 6 марти соли 2017 дастрас шудааст.

15 ноябри соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати молия) ва Бонки Осиёии Рушд созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расонида шуданд, ки тибқи онҳо бонк 67 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.

Чунонки маълум аст, созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки Осиёии Рушд аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Баробари таҷдиди роҳи автомобилгард, насби системаи рӯшаноии офтобӣ қад-қади роҳи лоиҳавӣ ва дохили нақби «Озодӣ» низ пешбинӣ шудааст.

24 апрели соли 2017 Созишномаи қарзӣ (№ 12508Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати молия) ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи номбурда ба маблағи 12 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Муҳлати анҷоми Созишномаи қарзӣ 30 сентябри соли 2021 муайян гардидааст. Давраи имтиёзнокӣ 5 сол муқаррар шудааст ва аз рӯзи бастани созишнома оғоз меёбад.

Тибқи муқаррароти Созишномаи қарзӣ, Қарзгиранда (Ҷумҳурии Тоҷикистон — Вазорати молия) ба андозаи 1,75 фоиз солона аз маблағи асосии қарзи гирифташуда ва пардохтнашуда ва пардохтҳои хизматрасониро ба андозаи 1,0 фоиз аз маблағи асосии қарзи гирифташуда ва пардохтнашуда пардохт менамояд.

Фоизҳо ва пардохтҳои хизматрасонӣ ба суратҳисоби Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ҳар нимсола, 15 май ва 15 ноябр, пардохт карда мешаванд.

Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 17 миллиону 18 ҳазор доллари ИМА муайян шудааст. Арзиши умумии лоиҳа, бо дарназардошти саҳми Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 миллиону 380 ҳазор доллари ИМА ҳисобӣ шудааст.

Баъди гузаронидани озмуни байналмилалӣ 28 июни соли 2017 қарордод байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати машваратии олмонӣ «Кокс» оид ба идоракунии қарордод ва назорати корҳои сохтмонӣ (4 000 000,0 доллари ИМА) ба имзо расид. Инчунин, пас аз ҷамъбасти озмуни байналмилалӣ оид ба интихоби пудратчии лоиҳа, 28 сентябри соли 2017 қарордод бо Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо «Синдзян Бейсин» (Ҷумҳурии Халқии Хитой) ҳамчун ғолиби озмун ба маблағи 47 462 252,66 доллари ИМА ба имзо расид.

Қайд намудан зарур аст, ки бо дарназардошти норасоии маблағи ҷудогардида барои таҷдиди пурраи роҳи лоиҳавӣ, дар марҳилаи аввал роҳ аз км 0+275 то 33+475 тибқи категорияи 1 Б-и техникӣ таҷдид карда мешавад.

Роҳи лоиҳавӣ чунин нишондиҳандаҳои техникӣ дорад:

- дарозии умумии роҳ — 33,2 км — (3,7 км дар шаҳри Душанбе, 17,8 км — дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 11,7 км – дар ноҳияи Хуросон);

- пулҳо — 4 адад/630 метр, аз ҷумла 1 адад пули калон бо дарозии 299 метр аз болои дарёи Кофарниҳон;

- чорсӯ (путепровод) дар ду сатҳ -1 адад/36 метр;

- шумораи хатти ҳаракат -4 адад;

- паҳноии қисмати мошингузар – 14-24 метр;

- ғафсии асфалт: қабати поёнӣ – 6,5 см, қабати болоӣ – 5 см;

- шумораи истгоҳ ва павилёнҳо – 20 адад;

- гузаргоҳи зеризаминӣ дар ду сатҳ барои роҳҳои саҳроӣ ва чорвогузар – 6 адад/183 метр;

- пули пиёдагузар аз болои роҳ -1 адад/27 метр;

- шумораи қубурҳои обгузар -69 адад/1065 метр;

- пиёдароҳа дар маҳалҳои аҳолинишин -3325 метр.

Доир ба марҳилаи дуюми ­лоиҳа аз ҷониби Ширкати машваратӣ- лоиҳакашии олмонии «Кокс» корҳои топографӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расида, мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ идома доранд.

Марҳилаи дуюми лоиҳа тақрибан 50 км роҳ ва сохтмони 1 адад пули нав аз болои дарёи Вахшро дар ҳамшафатии пули мавҷуда дар бар гирифта, арзиши лоиҳа пас аз пурра омода шудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани хулосаи Раёсати экспертизаи давлатӣ муайян мегардад.

Доир ба маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳа бо Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» (ҶАЙКА)» машварат идома дорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ҷиҳати лоиҳаи «Коридорҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа)»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Созишномаи қарзӣ (12508Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID) вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)», ки 24 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Кумитаи масъул 28 сентябри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ (12508Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID) вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Дар робита ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров: - Муҳтарам Раис, ман ба вазири нақлиёт савол дорам. Маълум аст, ки роҳсозӣ кори ниҳоят мушкил ва гарон аст. Тавассути роҳе, ки таҷдид мешавад, мошинҳо бо чанд тонна бор ҳаракат карда метавонанд? Тобистон ҳаво гарм аст. Оё мумкин нест, ки техникаи вазнин бегоҳӣ ё шабона дар ин роҳ ҳаракат кунад?

Худоёрзода Худоёр ­Завқибек: - Муҳтарам Раис, тибқи қонунгузорӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ ба ҳаракати техника бо вазни умумии 40 тонна иҷозат дода шудааст. Дар роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа низ ҳамин меъёр муайян карда мешавад. Яъне, автомашина агар як тир дошта бошад, сарборӣ ба он 10 тонна аст. Агар он аз як тир зиёд ­дошта бошад, сарборӣ ба меҳвар аз 12 то 22 тонна ҳисоб карда мешавад.

Воқеан ҳам аз бунёди роҳ дида, нигоҳдории он мушкилтар аст. Яъне, мо бояд диққати асосиро ба нигоҳдории роҳ равона кунем. Ба нигоҳдории роҳ якчанд омил таъсиргузоранд. Агар роҳ хуб нигоҳубин карда шавад, он ба муҳлати зиёд хизмат хоҳад кард. Масалан, нигоҳдории кӯпрук, ки як ҷузъи роҳ аст. Зери онро бояд ҳамеша тоза нигоҳ дорем, то ин ки сели омада онро хароб накунад. Дар масофаи аз 200 метр то як километр, то ҷойи воқеъбудаи кӯпрук, ягон намуди коркард иҷозат дода нашавад. Мақомоти дахлдор онро бояд доимӣ назорат баранд.

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт назорат мебарад, ки дар терминалҳои наздисарҳадӣ автомашинаҳои вазнин борашонро дар он ҷойҳо то меъёри муқарраршуда кам кунанд. Ин ба таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ низ мусоидат менамояд.

Аммо бояд дар мадди назар дошт, ки баъзе борҳо тақсимнашавандаанд. Масалан, баъзе таҷҳизоте, ки барои бунёди НБО-и «Роғун» заруранд. Ё ин ки чанде пеш барои эҳтиёҷоти ширкати «Барқи Тоҷик» аз роҳи Айнӣ – Панҷакент трансформаторе ворид карда шуд, ки 135 тонна вазн дорад. Мутахассисони вазорат барои анҷоми ин кор ­масъул буданд ва онро бомуваффақият ба иҷро расониданд.

РАИС: - Анҷоми ин корҳо, яъне назорат аз Вазорати нақлиёт вобастагии калон дорад. Мо бояд системаи дақиқи танзиму назоратро ҷорӣ намоем. Ба он муяссар шудан лозим аст, ки дар роҳҳои ҷумҳурӣ автомашинаҳои борбардор меъёри муқарраршударо риоя намоянд. Ин гуна техникаҳо дар вақту соати муайянгардида, яъне хунук будани роҳ ва монанд ба ин талабот, ҳаракат кунанд.

Соли 2000-ум мо дар водии Рашт якчанд кӯпрук сохтем. Он солҳо ман роҳбари лоиҳаи «Барқарорсозии баъдиҷангӣ» дар ин минтақа будам. Аз ҷумла, кӯпруки «Лаби ҷар» низ ҳамон солҳо бунёд шуд. Барои ­сохтмони чунин пул маблағи хеле зиёд лозим аст. Лаби ҷар ҷойи селомад мебошад, минтақае аст, ки аз Нуробод баромада, ба сӯи Сангвор ҳаракат мекунед. Дар ин минтақа ҳар сол сел меояд. Кӯпрук ҳангоми нав бунёд шуданаш аз сатҳи об қариб 20 метр баланд буд ва касе гумон намекард, ки бо омадани сел ба он осебе мерасад. Мутаассифона, ҳар сол пасмондаҳои сел ҷамъу зам шудан гирифт ва соли гузашта, вақте ки ман барои мулоқот бо интихобкунандагон ба он ҷо рафтам, то кӯпрук ҳамагӣ 4-5 метр фосила монда буд. Ҳамон ҷо ба вазири нақлиёт дастур дода будам, ки айни замон фасли тирамоҳу сатҳи об паст аст, техника ҷудо карда, зери кӯпрукро тоза кунед, то ин ки роҳи сел кушода бошаду он гузашта равад.

Як моҳ пештар ба минтақа рафта будам. Дидам, ки сел омада, пулро хароб карда, аз истифода баровардааст. Сел овардаҳои қаблиашро худаш шустаасту зери кӯпрукро боз озод кардааст. Акнун миллионҳо сомонӣ зарур аст, ки кӯпрук аз нав бунёд шавад.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешаванд.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Ман ба муҳтарам вазир ду савол дорам.

1. Дар татбиқи ин лоиҳа оё технологияи пешқадами ҷаҳонӣ, махсусан дар мумфаршкунӣ, истифода мешавад?

2. Ҳоло мо дар пешорӯи зимис­тон қарор дорем, хоҳишмандам, мухтасар ҳам бошад, аз ин хусус маълумот диҳед.

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек: - Тамоми маводи барои сохт­мони роҳ истифодашаванда, аз ҷумла қуму шағал, битум ва ғайра, дар лабораторияи дорои таҷҳизоти муосир аз назорат гузаронида мешавад. Ҳам пудратчӣ ва ҳам Хадамоти давлатии назорат дар соҳа лаборатория доранд, ки он ҷо ин муоинаҳо пурра анҷом меёбад. Инчунин, баъди анҷоми таҷдиди роҳ муҳлати кафолатӣ муқаррар карда мешавад, ки дар тӯли он камбудиву нуқси пайдошуда бартараф мегардад.

Ба мавсими зимистон омодагӣ дида мешавад. Мо шаш гурӯҳи ­зудамал таъсис додем, ки роҳҳоро аз самти Душанбе ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди муроқибат қарор хоҳанд дод. Дар ихтиёри вазорат 586 техника мавҷуд аст, ки беш аз 400 адади он коршоям мебошанд.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: - Муҳтарам Раис, саволи ман ба ҳолати нақбҳои мошингузар вобаста аст. Чанде пеш аз нақби «Хатлон» гузаштем. Дохили он пур аз хок, ҳаво намерасад, ғубор ҳама ҷоро фаро гирифтааст. Гӯё касе онро назорат намекунад.

Худоёрзода Худоёр ­Завқибек: — Воқеияти нақби «Хатлон» ҳамон тавре ки вакили муҳтарам гуфтанд, нест. Барои нигоҳубини он шаш нафар бо як адад техника вобастаанд. Шояд баъзе чароғҳояш сӯхтаанд, вале таҷҳизоти дигари он фаъол аст. Мо тасмим гирифтем, ки барои нигоҳубини нақбу пулҳо раёсати алоҳида таъсис диҳем, ки ба беҳбудии ҳолати онҳо таъсири мусбат мерасонад. Бе роҳ ободӣ намешавад ва қувваю воситаҳоро мо барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу нақбу пулҳо равона хоҳем кард.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (12508Р) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ (OFID) вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии ­масъала - «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№46795) байни Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки ду ­масъалаи дигари рӯзномаи ҷаласа низ аз рӯи моҳият ва мазмун ба масъалаи дуюми рӯзнома қаробати зич доранд, аз муовини вазири молия хоҳиш менамоем роҷеъ ба ҳар се масъала суханронӣ намоянд.

Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некуаҳволии халқ чораҳои зарурӣ меандешад. Дар натиҷа, сол то сол сифати хизматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар мегардад.

Бинобар сабаби фарсуда будани мошину механизмҳо ва истифода бурдани усули куҳнаи ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ, инчунин ба меъёрҳо ҷавобгӯ набудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва партовгоҳи марказӣ, ҳолати санитарии ноҳияи Ёвон ва маҳаллаҳои аҳолинишини он вазнин мешавад. Тамоми ин ҳолат ба сар задани бемориҳои сироятӣ ва ифлос шудани муҳити атрофу манбаъҳои обтаъминкунӣ боис мегардад. Инчунин, ба намуди зоҳирии шаҳр низ таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, 43 фоизи аҳолӣ ва 49 фоизи корхонаву ташкилотҳои шаҳраки Ёвон ба хизматрасонии ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ дастрасӣ надоранд. Ҷамъоварӣ дастӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин, дигар маҳаллаҳои аҳолинишине ҳастанд, ки аз хатҳои инфрасохторӣ ва муҳандисии шаҳрак истифода мебаранд (хатти оби нӯшокӣ ва корезӣ, хатҳои қувваи барқ), аммо аз ҷиҳати ҳудуд ба дигар деҳот дохил мебошанд. Маҳаллаҳои мазкур низ ба чунин хизматрасонӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди хизматрасонии идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон 6 марти соли 2017 Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи дастгирии лоиҳа байни ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ёвон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуданд.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳраки Ёвон» 4,0 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла 2,0 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзнок аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пешниҳод гардида, 2,0 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун грант аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ҷиҳати дастгирии татбиқи лоиҳа, расонидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 850 ҳазор евро пешбинӣ гардидааст:

- барои маблағгузории хизмат­расониҳои машваратӣ, мушовирон, аз ҷумла барои таҳияи ҷараёни ташкили харид, таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ, мусоидат барои татбиқи лоиҳа – 500 000 евро;

- барои татбиқи Барномаи Рушди Корпоративии Қарзгир, аз ҷумла ҷорӣ намудани Стандартҳои байналмилалии Ҳисоботи молиявӣ (МСФО) ва системаи иттилоотии идоракунӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани Шартнома байни Қарзгир ва Ноҳия дар бораи хизматрасониҳои ҷамъиятӣ – 350 000 евро.

Мақсади лоиҳа аз коркарди партовҳои сахти маишӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию экологии шаҳрак иборат мебошад. Бинобар ин, Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 6 марти соли 2017 дар ҳаҷми 2,0 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд ­дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

Муҳлати қарз -15 сол;

Давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 3 сол;

Меъёри фоиз –либор +1 фоиз (6 моҳа — 1,52 фоиз).

Шартҳои пешниҳодгардидаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки барои тат­биқи лоиҳа маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидааст, ки дар маҷмӯъ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд идора карда мешаванд. Маблағҳои грантӣ аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд тавассути дигар донорҳо (аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодии Швейтсария (SECO) ҷалб карда мешаванд.

Дар доираи маблағҳои лоиҳа корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- сохтмони майдони (полигон) партовгоҳҳои нав (лоиҳакашӣ ва сохтмон);

- барқарорсозии майдонҳои куҳна;

- сохтмони депои марказӣ, иншооти истеҳсолӣ ва марказӣ барои ба навъҳо ҷудокунии партовҳои сахти маишӣ;

- техника барои ҷамъоварии партовҳо;

- контейнерҳо барои партовҳо;

- техникаи махсус барои майдонҳои партовгоҳҳо ва техника барои тоза кардани кӯчаҳо;

- барқарорсозии нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2017 оғоз гардида, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Бо дарназардошти муҳимияти ­масъала, аз ҷумла бехатарии саломатии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, дар ин робита 6 марти соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаи кафолатӣ низ ба имзо расонидааст, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» созишномаи дастгирӣ байни ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ёвон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ ба имзо расонида шудааст. Баимзорасонии созишномаи мазкур яке аз талаботи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба ҳисоб рафта, тибқи он Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон як қатор корҳоро бар уҳда мегирад, аз ҷумла:

- кафолати иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ ва грантӣ, инчунин пардохти маблағҳои қарзиро аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» медиҳад;

- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаи партовҳои сахти маиширо барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда баррасӣ ва ҷорӣ менамояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳраки Ёвон назорат мекунад.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба масъалаҳои мазкур ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

 АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаҳои қарзӣ, кафолатӣ ва дастгирии оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» 6 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади лоиҳа аз коркарди партовҳои сахти маишӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию экологии шаҳрак иборат мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаҳои зикр­гардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки онҳоро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (№46795) байни Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ (№46795) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи дастгирӣ (№46795) байни ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ёвон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маиши ноҳияи Ёвон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала - «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» оғоз менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ – муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад.

 Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, № 31/10-71 аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои талаботи банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар «Кохи Шараф»-и маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2017 баён доштанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба меъёрҳои Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар намудани тартиби пешниҳоди рухсатӣ ба хизматчиёни ҳарбии дар никоҳи бақайдгирифташуда қарордошта мебошад, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд.

Лоиҳаи қонун бо вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мувофиқа шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод кардани рухсатии асосӣ тибқи тартиби муқарраргардида қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — «Дар бораи ­лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусалам Асомидиновна дода мешавад.

Мусалам ҚОДИРОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, Ҳокимҷон Холиқов, Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҷамшед Муртазоқулов пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикр­гардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, мухолифатҳои меъёрҳои ҷойдошта таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №1112 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ирсол гардид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 23 таклифу пешниҳод ирсол карданд, ки аз он 10 пешниҳод пурра ва 4 –тои дигар қисман қабул шуд.

Кумитаи масъул 8 сентябри соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклиф доир ба лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.

Орумбекзода Шамсиддин Шодибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Аҳли санъату ҳунари кишвар миннатпазир аст, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар соҳаи фарҳанг мавқеи калидӣ дошта, ҷиҳати пешрафти соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Сипосгузорем, ки вакилони муҳтарам ба такмили қонунҳои муҳими соҳаи фарҳанг мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли гузашта ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» мавриди баррасӣ қарор дорад, ки қабули он барои равнақи минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб арзи сипоси аҳли фарҳангу санъати мамлакатро ба шумо изҳор менамоям, зеро бо ибтикори вакилони Маҷлиси намояндагон таи чанд соли охир бештар аз даҳ қонуни танзимкунандаи самтҳои гуногуни фаъолияти аҳли санъату ҳунар таҳия ва қабул гардид. Ба гурӯҳи корӣ арзи сипос менамоям, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро ҳаматарафа таҳлил намуданд ва барои бартараф кардани камбудиҳо ва ба талаби замон мувофиқ кардани он кумак расониданд.

Ҳамаи тағйироте, ки пешниҳод гардидааст, қобили қабул мебошанд ва маблағгузории иловагиро талаб намекунанд. Воқеан ҳам дар қонуни амалкунанда вазифаи хормейстер аз мадди назар дар канор мондааст ва ворид намудани он ба қонун зарур аст, зеро вазифаи басо масъулу мушаххас-идораи хорро ба зимма дорад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

 Баҳром АБДУАЛИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба мақсади такмили раванди таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, пешниҳод мегардад.

Тағйиру иловаҳо бо дарназардошти мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ, бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, мушаххасу саҳеҳ гардонидани ислоҳоту ибораҳо таҳия шудааст.

Ба моддаи 1 илова намудани мафҳумҳои нав – «ҷинсҳои таҳдоб (асос)» ва «объектҳои обӣ» пешниҳод карда мешавад. Мафҳуми «ҷинсҳои таҳдоб (асос)» ба мақсади дақиқ намудани ҳолати иншооти гидротехникӣ ва хосиятҳои физикию техникии сатҳи поёнии иншооти гидро­техникӣ илова гаштааст. Мафҳуми «объектҳои обӣ» сохти онро нишон дода, маълум менамояд, ки ин гуна иншоот ба тарзи табиӣ пайдо гашта, дар бисёр ҳолат ба таври сунъӣ сохта мешаванд ва бо реҷаи муайян барои нигоҳдории об истифода мегарданд. Ҳамзамон, дар ҳамин модда калимаҳои «хоҷагии қиш­лоқ» ба калимаи «кишоварзӣ» иваз карда мешавад.

Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 2, 4, 5, 9, 11, 12 ва 15 хусусияти таҳрирӣ дошта, мазмуну матни ин моддаҳоро пурра ва саҳеҳ мегардонанд.

Боби 5 тағйири ном карда, ба талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ мутобиқ карда шудааст. Ҳамин тавр, мувофиқи муҳтавои ин боб, тағйироти зарурӣ ба моддаҳои 18 ва 19-уми қонун ворид гаштаанд, ки мазмуну мундариҷаи ин моддаҳоро оммафаҳм намудаанд.

Қобили зикр аст, ки пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон муҳтавои моддаҳои 1,4,5,11,15, ва 18-уми қонунро ғанӣ гардонида, ихтилофоти мавҷударо дар қонуни амалкунанда пурра бартараф карданд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 пешниҳоду илова ворид гаштааст, ки онҳо дар такмили лоиҳаи қонун пурра истифода шудаанд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ҳамин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода Абдукарим дода мешавад.

Абдукарим АБДУАЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» муносибатҳоеро, ки дар вақти амалӣ намудани фаъолият оид ба таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, дар давоми истифодабарӣ, таҷдид, барқарорсозӣ, мафҳуз доштан ва барҳам додани иншооти гидротехникӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, моликони иншооти гидротехникӣ ва шахсону ташкилотҳои истифодабарандаро оид ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар менамояд.

Кишвари мо дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, ояндаи он низ аз истифодаи самарабахшу оқилонаи ин навъи неру вобастагии калон дорад, зеро танҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ метавонад ба рушду тавсеаи ҳама соҳа такони ҷиддӣ бахшад.

Солҳои охир дар кишвар неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, инчунин хатҳои баландшиддати интиқоли барқ бунёд гардида, шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд оварда шуд. Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Б. А. Абдуалимов, Ҷ. Саидов ва Ф. Шарифӣ пешниҳод шудааст, боиси дастгирӣ мебошад.

Таъмини заминаи ҳуқуқии банизомдарории раванди мазкур муҳим буда, воридсозии тағйироту иловаҳо бо ин мақсад амалӣ гашта истодааст.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул  ва вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

Амрихудои ДАМДОР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор, Абдуғафор Раҳмонзода ва Муҳаббатшо Рӯзадор бо мақсади ба инобат гирифтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо ин мақсад, тибқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қисми 2 моддаи 1 ва матни моддаҳои 3 ва 4 калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда шуда, дар моддаҳои 2,7, 8, 9 ва 13 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ва «марзиву маъмурии» ба калимаҳои «марзию ҳудудӣ» ва «марзию ҳудудии» иваз карда шуданд.

Барои мувофиқакунонӣ бо имлои забони давлатӣ дар моддаҳои 11, 12, 13 ва 18 калимаи «кӯмаки» ба калимаи «кумаки» иваз карда шуд.

Инчунин, дар лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда бо мақсади баланд бардоштани масъулияти субъектони ҳуқуқӣ моддаи нави  191 «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионӣ» илова карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2017, №1076 барои хулоса ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама расмиёти ҳуқуқиро гузашт. Аз 25 таклифе, ки барои мукаммал намудани қонуни конститутсионии мазкур пешниҳод гардид, 17 таклиф пурра ва шаш таклиф қисман қабул шуд.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи  қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа- «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» як сол сипарӣ гардид. Ин марҳила саривақтӣ ва муҳим будани  қабули ин санади қонунгузориро собит намуд. Низоми таҳсилоти калонсолон, ки бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад, заминаи устувори ҳуқуқиро соҳиб гардид.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар ин давра баҳри босамар мавриди амал қарор гирифтани ин қонун корҳои мушаххасро анҷом дод. Санади мазкур зимни ташкили суҳбати гирди мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бо иштироки доираи васеи субъектҳои татбиқ муҳокима гардида, тибқи тартиби муқарраргардида, дар шакли тавсияҳо, ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шуд.

Ба он муваффақ шудем, ки таҷрибаи дар раванди таҳия ва баррасии лоиҳа омӯхта, маҳсулоти ҷамъоварда дар марҳилаи татбиқ низ муваффақона истифода гарданд. Мутаассифона, дар аксар ҳолат ин ҳамкорӣ ба назар намерасад ва субъектони татбиқро лозим меояд барои таҳия ва қабули санадҳои зерқонунӣ ва асноди татбиқ ин таҷрибаро аз сар гиранд. Ҳамкории  қонунгузорон бо субъектони татбиқи қонунҳоро судманд мешуморем. Ба андешаи мо, таҳияи механизмҳои татбиқи қонунҳо ҳам бояд ба як самти фаъолияти Маҷлиси намояндагон табдил гардад.

Ҳамчунин, боиси қайд аст, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ аввалин шуда сохтор ва қонунгузории соҳаи таҳсилоти калонсолонро созмон дод ва барои рушди соҳа ҳар сол чорабиниҳои зиёд баргузор шуда, маблағи қобили   таваҷҷуҳ равона мегардад. Тоҷикистон метавонад дар соҳаи таҳсилоти калонсолон яке аз давлатҳои пешрафта гардад, чунки аллакай дар ин самт таҷрибаи заруриро дорад. Аз ҳамкорони байналмилалӣ огоҳ гаштем, ки «Таҷрибаи Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон,  яъне омода, баррасӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» дар Ӯзбекис­тон ва Қирғизистон мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дода шудааст». Аз ҷониби субъектони таҳияи лоиҳаи қонун низ омодагӣ ба табодули таҷриба изҳор карда шуд.

Низоми таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон бояд дарвоқеъ намуна  шавад, то ин ки он ба омили ҳақиқии аз камбизоатӣ раҳо бахшидани мардуми кишвар мубаддал гардад. Ҳадафи рӯи кор омадани механизмҳои татбиқи қонун ҳам аз ҳамин иборат буд.

Бо  дарназардошти гуфтаҳои боло, ки ниёз ба таҳсилоти калонсолон афзуда, нисбат ба он талаботи нав пеш гузошта мешаванд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ ва барои такмил 24 таклиф пешниҳод намуданд. Пас аз баррасӣ 22 таклиф пурра ва 2 -тои дигар қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул 8 сентябри соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳоро баррасӣ намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон  Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло  АЛИЕВ