Ҳамбастагӣ ба ташаббуси Пешвои миллат

№57 (4163) 09.05.2020

Ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайравӣ аз иқдоми Пешвои миллат дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 саҳм гирифта, аз маоши моҳонаашон барои муқовимат бо вабо ёрии молӣ карданианд. Чунончӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров як маош ва ҳайати кормандон қисме аз як маошро ба фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID-19 ҳамчун кумак мегузаронанд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсатҳои созандаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд ва бо амри худ Вазорати молияро муваззаф намудаанд, ки барои таъмини иловапулӣ ба кормандони соҳаи тиб аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ сомонӣ ҷудо намояд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон