Қаноатмандӣ аз сатҳу сифати ҳамкорӣ

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

DSC_770425 октябри соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев бо Чжан Цзян — раиси Кумитаи умумихитойии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямен, Чжан Жэнвэй-котиби генералии Кумитаи умумихитойии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямени Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамроҳони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуд.

Акрамшо Фелалиев, аз он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар давоми 24 соли охир дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидаткунанда саҳм дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Бахусус, дастгирии Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ, дастрасӣ ба неруи барқ, хизматрасонии иҷтимоӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ таъкид кард.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой солҳои охир ба воситаи Бонки воридоту содирот — «ЭксИмБонк» ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда истодааст. Лоиҳаҳои татбиқшуда, ки аз лиҳози моҳият муҳим маҳсуб мешаванд, аз қабили «Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб -Шимол», «Хати интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Хуҷанд — Айнӣ», «Созмон додани шабакаи ягонаи шимоли Тоҷикис­тон», «Низоми автоматикунонии идораи нақлиёти шаҳри Душанбе», «Таҷдиди зеристгоҳи «Регар — 500 Кв», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок» ва «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Данғара» аз ҳамон ҷумлаанд.

DSC_7689 Қайд карда шуд, ки айни замон «Экс­ИмБонк» дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ се лоиҳа — «Сох­тмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2», «Сохтмони нақб дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат — Ёвон» ва «Сохтмони заводи креолит ва фтеорити «Талко» — ро ба маблағи умумии 509,36 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикис­тону Хитой, аз ҷумла, ҳамкориҳои парлумонӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи равобит аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун минбаъд низ ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт.

Дар мулоқот муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон