Ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад

№58 (4164) 14.05.2020

Ҳоло ҷаҳонро бемории сироятии коронавируси навъи нави Соvid — 2019 азият дода истодааст ва ба иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд низ ворид кард. Аз ҷумла, аз кор мондани бархе аз корхонаҳои азиму пуриқтидор, қисман фаъолият намудани хатсайрҳои ҳавоӣ, зиёд шудани сатҳи бекорӣ ва ғайра натиҷаи хурӯҷи он мебошад.

Новобаста аз ин, бояд ба таҳлука наафтода, эҳтиётро пеша намоем. Чунин рӯзҳоро аҷдодон ҳанӯз дар давраҳои зиндагии шоир, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино паси сар кардаанд. Он тавсияҳое, ки нисбат ба тозагӣ дар ҷаҳони муосир дода истодаанд, олимони барҷастаи миллат ҳазор сол пеш гуфта буданд. Аз ҷумла, дар як рӯз чанд маротиба шустани дасту рӯй бо собун, ба ҷойҳои серодам нарафтан, дар масофаи муайян истода сухан гуфтан, гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ нашудан, дар хона нишастан ҳангоми беморӣ ва ғайра аз зумраи амалҳоеанд, ки аҷдодон дар асрҳои гузашта ҳангоми зарурат иҷро мекарданд. Аммо дар он давра ҳам буданд нотавонбиноне, ки олими барҷастаро ба куфр муттаҳам карда, мардумро гумроҳ менамуданд. Мардуми сарбаланди кишвар аз ин имтиҳони ҳаёт низ дар наздиктарин рӯзҳо мегузарад. Барои пешгирӣ аз вирус ҳоло Ҳукумати кишвар чораҳои дахлдор андешида истодааст. Дар баробари ин, пешгирии беморӣ аз мардуми шарафманди кишвар низ вобастагии амиқ дорад. Табибон бар он ақидаанд, ки вирус бар он хотир барангезандаи нав гуфта мешавад, ки бадани инсон барои мубориза бо он омода нест. Барои тайёр намудани ваксина бар зидди беморӣ бошад, вақт лозим аст. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ аз бемории сироятӣ худ ва наздиконро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ доштан лозим мебошад. Вобаста ба ин, барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) аз маслиҳатҳои табибон зиёдтар истифода бурдан зарур аст. Таҷрибаи давлатҳое, ки ин бемориро паси сар карда истодаанд, нишон дод, ки бо риоя кардани талаботи санитарӣ ба он ғолиб омадан мумкин аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар баромадҳояшон борҳо қайд намуданд, ки ҳар чӣ зиёдтар ба киштукори баҳорӣ низ диққат диҳем. Дар баробари ин, самаранок истифода бурдани ҳар порча заминро таъкид намуданд. Ҳукумати кишвар мубориза бо бемории сироятиро ба роҳ монда, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар низ чораандешӣ намуда истодааст, то ин ки аҳолӣ аз норасоии ғизо танқисӣ накашад. Мардуми шарафманди тоҷик ҳама мушкилиро мардонавор бартараф намудааст ва бемории сироятии коронавирусро низ ба хубӣ паси сар менамояд.

Ғиёсиддин АШӮРОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон