Қарори Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ

№157 (3637) 31.12.2016

дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №418 тасдиқ гардидааст

 Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №418 тасдиқ гардидааст, баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсоев Нусратулло Носирович оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул ва ба вазорату идораҳои дахлдор барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд (Замима мегарданд).

4. Назорати иҷрои қарори муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин гузошта шавад.

5. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  А. С. Фелалиев

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2016, №3

 

Замима ба Қарори ҷаласа оид ба муҳокимаи парламентӣ аз 16 декабри соли 2016, №3

Тавсияҳои

муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №418 тасдиқ гардидааст

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №418 тасдиқ гардидааст, баррасӣ намуда, тавсия медиҳад:

1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо назардошти ба итмом расидани муҳлати иҷрои «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016» бо мақсади боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо роҳи васеъ намудани минтақаҳои ҷойгиркунии оилаҳои занбӯри асал, ташкили маркази ҷумҳуриявии озмоиши асал ва маҳсулоти соҳаи  занбӯриасалпарварӣ, ҳалли масъалаҳои хариду фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти соҳа, инчунин истифодаи мақсадноки занбӯри асал дар гардолудкунии зироатҳои кишоварзӣ Барномаи нави рушди соҳаро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- барои такмили сифатию маҳсулнокии зотҳои оилаҳои занбӯри асали ноҳиябандишуда, ҳифзи зотҳои мавҷуда, офаридани ҷинс, авлод ва зотҳои нави занбӯри асал, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии парвариши занбӯри асал дар минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат мекунанд, корҳои селексионериро ба роҳ монда, барои ташаккулёбии низоми ягонаи зотпарварӣ дар соҳа тадбирҳо андешад;

- барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти ташаккулёбии низоми маркетинг ва менеҷменти самараноки идоракунии соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешад;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти модарзанбӯри зотӣ, таҷҳизоти соҳаи занбӯрпарварӣ, доруворӣ барои пешгирӣ ва табобати оилаҳои занбӯри асал пешниҳодҳои асоснокшударо барои баррасӣ ирсол намояд;

- ҳамкориҳоро бо Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар соли 2017 тавсеа бахшида, оид ба масъалаи такмили қонунгузории соҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол намояд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо назардошти имкониятҳои молиявӣ масъалаҳои ҷудо намудани субсидияи давлатӣ барои пешбурди соҳаи занбӯрпарварӣ дар самтҳои амалӣ намудани корҳои зотпарварӣ ва ташкили озмоишгоҳи маҳсулоти соҳаро баррасӣ намоянд;

- бо мақсади гузоштани замина ба рушди бемайлони соҳаи занбӯрпарварӣ, ҷорӣ намудани механизми ба таври лизингӣ ба занбӯрпарварони ҷумҳурӣ додани маҷмӯи оилаҳои занбӯри асалро баррасӣ намоянд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- оиди дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои андоз­ситонӣ аз фаъолияти соҳа чора андешида, ҷиҳати дастгирии соҳа тавассути  такмили низоми андозбандии он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои худро пешниҳод намояд.