Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017»

№131 (3768) 09.11.2017

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ­масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» ба маълумот гирифта шавад.

2. Ахбори муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Назокат Хайрулло «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» ба маълумот гирифта шавад.

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои воридгардида қабул карда шаванд (замима мегарданд).

4. Гузоришу тасияҳои муҳокимаи парламентӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯйӣ ирсол карда шаванд.

5. Назорати иҷрои қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия гузошта шавад.

6. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи

парламентӣ, муовини якуми Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ

ш. Душанбе, 27 октябри соли 2017, № 7