Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов № 16, Деваштич № 24, Ҷалолиддини Балхӣ № 30 ва Вахш № 32

№21 (4283) 16.02.2021

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов № 16, Деваштич № 24, Ҷалолиддини Балхӣ № 30 ва Вахш № 32 рӯзи 18 апрели соли 2021 таъин карда шавад.

 Раиси Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Б. ХУДОЁРЗОДА

Котиби Комиссияи марказии

интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Н. САМАДЗОДА

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2021, № 154