Қарори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

№135 (3929) 10.11.2018

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нархи наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқзода Ҳ. Ҳ., раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Ф. В., сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Н., директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қ. Қ., сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода С. С. ва муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С. оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нархи наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ» ба инобат гирифта шавад.

2. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо назар­дошти таклифу дархостҳо ва пешниҳоди воридгардида қабул карда шаванд (замима мегардад).

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ҷиҳати чораҷӯйӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шаванд.

4. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп карда шаванд.

5. Вазорату идораҳои дахлдор ҳар нимсола оид ба рафти иҷрои тавсияҳои қабулгардида ба Кумита ахбороти хаттӣ ирсол намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори муҳокимаи парламентӣ ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гузошта шавад.

Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣраиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳ. Ҷ.

ш. Душанбе, 18 октябри соли 2018, №4

Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи

парламентӣ аз 18 октябри соли 2018, №4

 

ТАВСИЯҲОИ МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӢ

«Оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нархи наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ»

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нархи наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ» баррасӣ намуда, тавсия медиҳад:

1. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ якҷоя бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ба он вобаста дар самти таъмини солимии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таҳлилҳо гузаронда, лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, фаъолиятро дар самтҳои зерин тақвият бахшад:

- таҳкими ҳамкориҳои судманд бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар субъектони хоҷагидор вобаста ба хавфу хатари бемориҳои сироятӣ, ки барангезандаи онҳо маҳсулоти хӯрок­ворӣ мебошад;

- назорати саривақтӣ ва сифатноки таъмини бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ;

- таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- таҳияи дастурамал вобаста ба мониторинги вазъи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба тайёркунии мутахассисони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пойдории ҷомеаи солим ва таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар соҳаҳои назорати санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар доираи сметаҳои хароҷотии вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола дар моддаи алоҳида (банди алоҳида) маблағҳо пешбинӣ намояд.

4. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини солимии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ корҳоро дар самтҳои зерин ҷоннок намояд:

1). Дар самти назорати байторӣ ва таъмини сиҳатии чорво:

- пурзӯр намудани назорати қатъии гузаргоҳҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои тавассути маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ ба инсон гузаранда, махсусан, бемории брутселёз ва сӯхтанӣ;

- ташкили корҳои доимӣ вобаста ба тамғагузории ҳайвонот (паспортизатсия), эмгузаронии чорво, гузаронидани корҳои санитарӣ ва маърифатӣ дар хоҷагиҳои чорводорӣ ва пурзӯр намудани назорати қатъии байторӣ оид ба фурӯши маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ дар кӯчаю бозорҳо;

- давра ба давра зиёд намудани маблағгузории фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ бо роҳи маблағгузории иловагии давлатӣ ва ҷалби кумаки беруна;

- дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ барои ташкили мусодира ва нобуд намудани (забҳи санитарӣ) чорвои мубталои беморӣ тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №156 «Дар бораи Тартиби пардохти ҷуброни зарар ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшуда, ки барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок аст»;

- тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон бунёди забҳхонаҳои чорво дар шаҳру ноҳияҳо;

- тақвияти корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии чорво;

- такмили танзими давлатии истеҳсол, воридот ва истифодаи маводи доруворӣ барои ҳайвонот.

2). Дар самти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:

- дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъсиси захираи эҳтиётии маводи кимиёвӣ барои мубориза бо организмҳои зараррасон дар ҳолатҳои эҳтимолии пайдоиши онҳо;

- гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон ҷиҳати сари вақт нест кардани алафҳои бегона, ҳолатҳои ошкоркунии ҳашароту касалиҳои карантинӣ;

- ба мақсади ошкоркунии ҳашароту касалиҳои карантинӣ ба роҳ мондани назорати доимии киштзору дарахтзорҳо, боғу токзор, ҷангалзорҳо, боғу гулгаштҳо, мавзеи атрофи анборҳо ва корхонаҳое, ки дар онҳо маҳсулоти озуқаворӣ нигоҳ дошта ё коркард мешаванд;

- сохтмони камераҳои безараргардонӣ (фумигатсионӣ) дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғд ва Хатлон;

- танзими давлатии истеҳсол, воридот, гардиш ва истифодаи заҳрхимикатҳо, инчунин, такмили феҳристи давлатии заҳрхимикатҳо ва агрохимикатҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ барои истифода иҷозатдодашуда.

3). Дар самти назорати тухмӣ:

- бунёди қитъаҳои карантинӣ барои санҷиш ва муайян намудани мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ дар ниҳолу тухмии аз хориҷи кишвар воридгардида.

4). Дар самти назорати воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ:

- таъсиси озмоишгоҳҳои сайёри бехатарии озуқаворӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ;

- бунёд ва азнавсозии инфрасох­тори нуқтаҳои назорати бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад;

- таъсиси махзани маълумоти электронӣ оид ба воридоту содироти маҳсулоти озуқаворӣ;

- баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ.

5). Дар самти ташхиси бехатарии озуқаворӣ:

- азнавтаҷҳизонии марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои истеъмолӣ, харидории таҷҳизоти замонавӣ, маводи ташхисӣ, реагентҳои зарурӣ ва бозомӯзии кадрҳо тибқи талаботи регламенти техникӣ ва талаботи байналмиллалӣ;

- гузаронидани санҷиши пурраи шир ва маҳсулоти гӯштӣ дар асоси гурӯҳи нишондиҳандаҳои бехатарӣ (нишондиҳандаҳои узвӣ, зичӣ, равғаннокӣ, сафедаҳо, бақияи моддаҳои хушк, ҳиссаи об, дараҷаи яхкунӣ, туршнокӣ, ҳуҷайраҳои соматикӣ, нишондодҳои радиологӣ, бақияи антибиотикҳо, уфунати бактериологӣ);

- ташкили корҳои тадқиқотӣ дар самти муайян намудани бемориҳои хатарнок, аз қабили лейкоз, сӯхтании сибирӣ, листериоз, зукоми паранда, илтиҳоби шадиди пӯст ва харидории таҷҳизоти ташхисии зарурӣ;

- дар шабакаи интернетӣ таъсис додани сомонаи махсуси соҳавӣ ҷиҳати чопи маводи таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии аз маҳсулоти ғизоӣ гузаранда.

5. Агентии стандартизатсия, мет­рология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили корро дар самтҳои зерин пурзӯр намояд:

- таъмини бечунучарои риояи талаботи стандартҳо, регламентҳои техникӣ, дастурҳои техникии сифати ашёи хом, маҳсулот, таъмини ченаки ягона, қоидаҳои савдо дар корхонаҳо, ташкилотҳо дар соҳаи савдо, хоҷагии қишлоқ ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», санадҳои меъёрии марбут ба он ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт;

- таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тавсияҳои ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ, Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ;

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳияи Дастурамали маҷмӯӣ (Сборник рецептур) ҷиҳати истифодабарӣ дар нуқтаҳои хуроки умумӣ.

6. Хадамоти зиддиинҳисории ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ ва мониторинги доимии бозори истеъмолии кишвар, инчунин, ҷиҳати рақобатнокии фаъолияти самарабахши субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд:

- батанзимдарории нархи маҳсулоти озуқавории аҳамияти иҷтимоидошта, пурзӯр намудани таъсиррасонӣ ба вазъи бозори истеъмолӣ ва ташаккулёбии нархҳо, пешгирии болоравии сунъии нарх ва риояи қоидаҳои нархгузорӣ, бахусус, хизматрасониҳо дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ;

- таъмини иҷрои саривақтии талаботи қонунгузорӣ ҷиҳати пешгирии бе асос баланд рафтани нархҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва устувор нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- бо мақсади қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон бо маҳсулоти хушсифат ва пешгирӣ намудани камшавии чинӣ дар бозорҳои истеъмолӣ, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, бахусус, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот, мунтазам ташкил намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти аввалиндараҷаи ниёзи мардум дар бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

7. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо роҳи ба барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани масъалаҳо оид ба асосҳои дониши истеъмолӣ (матлуботӣ) ва ҳамчунин, бо роҳи ташкили системаи огоҳонии истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо, чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

8. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои ташкили чорабиниҳо ва огоҳонии шаҳрвандон оид ба таъсири бемориҳои сироятӣ аз маҳсулоти хӯрок­ворӣ ва ташвиқу тарғиби қонунгузории соҳа баргузории барномаҳои махсусро бо даъвати мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монанд.