Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Д. Р.

№23 (3817) 22.02.2018

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳимзода Дилором Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 514