Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М. А.

№57 (3694) 23.05.2017

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 407