Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Сатторзода Абдуҷабор

№57 (3694) 23.05.2017

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сатторзода Абдуҷабор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 406