Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳимзода Исмоил

№57 (3694) 23.05.2017

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимзода Исмоил бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 411