Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани ризоят барои аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Ю. А.

№13 (4119) 28.01.2020

 Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-34 аз 22 январи соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ризоят дода шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 750