Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Р.

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Аҳмадзода Раҷаббой муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 17 апрели соли 2020, №6

 DSC_2419Аҳмадзода Раҷаббой 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) бо ихтисосҳои муҳандис-технолог, иқтисодчӣ хатм кардааст.

Дар вазифаҳои муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл», муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори Идораи робитаҳои иқтисоди берунии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал», директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Ленинободпромстройматериал»-и шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз 7 марти соли 2018 дар вазифаи раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Забони русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.