Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Идрисзода И. М.

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 17 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Идрисзода Илёс Мумин роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 17 апрели соли 2020, №24

 

ИдрисзодаИдрисзода Илёс Мумин ҳафтуми январи соли 1974 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Дар вазифаҳои ёрдамчии раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз дар вазифаи холии ёрдамчии прокурори ноҳияи Варзоб, ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, прокурори калони Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро (бо луғат) медонад.

Мушовири адлияи дараҷаи 1 (баробар ба «полковники адлия») аст.

Соли 2019 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

17 апрели соли 2020 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.