Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қувватзода Ф. Ҷ.

№150 - 151 (4412-4413) 20.12.2021

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 224