Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод

№155 (3792) 28.12.2017

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия — деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод» аз 29 августи соли 2017, № 410 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳал­­­­ли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» Маҷли­­­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 479