Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018»

№56 (4006) 18.05.2019

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2018» баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 94 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:

1. Ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» ба инобат  гирифта шавад.

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пайваста такмилу тақвияти назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо бо  мақсади пайгирона таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ, муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти мазкур:

- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд ва назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдори зикршуда тавассути Барномаи марбута комилан амалӣ ва пайгирӣ намояд;

- назорати прокурориро ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии ҳолатҳои беасос ва ғайриқонунӣ дастгиру ҳабс кардан, оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва маҳкум намуданро таҳкиму тақвият бахшида, пайвастаю пайгирона тадбирҳои судманди иловагиро амалӣ намояд;

- оид ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ доир ба баррасии амиқу ҳаматарафаи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида дар дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии мақомоти прокуратура тадбирҳои муассиру мушаххас андешида, ҳамзамон назорати прокурориро дар ин самт дар тамоми субъектҳои дар ҳудуди кишвар фаъолияткунанда таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад;

- дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо фаъолона иштирок намуда, ­эътироз, шикоят ва ариза оварданро нисбати фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд, таҳти назорати қатъӣ қарор дода, назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти ваколатдорро пайваста таҳкиму тақвият бахшад;

- назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигаҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркуние, ки суд муқаррар мекунад пурзӯр ва баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо чораҷӯӣ намояд;

- сабабу ҳолатҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба онро амиқ ва ҳаматарафа таҳлил ва баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ Барномаи мақсаднокро таҳия ва амалӣ созад;

- назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳоро аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд ва бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд, ба куллӣ такмил, таҳким ва тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ дар мавриди бақайдгирии ҷиноятҳо, интизоми бақайдгирии онҳо дар фаъолияти субъекти бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳо ва кофтукови ҷинояткорон тадбирҳои муассири таъхирнопазир андешад;

- тавассути Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар доираи Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри пешгирӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан коррупсия, савдои одамон, куштор, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, бартараф намудани омилҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда, якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ Барномаи дахлдорро таҳия ва дар доираи фаъолияти пурсамару судманд амалӣ намояд;

- ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, фаъолияти ғайриқонунии онҳо, таблиғу ташвиқи ақидаву афкори экстремистӣ ва маблағгузории онҳо диққати махсус дода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва иштирокашон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи мамлакатҳои хориҷӣ чораҳои иловагии таъхирнопазир андешад;

- баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон назорати прокурориро тақвият ва дар ҳамбастагӣ бо кормандони соҳаи маориф, мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти дахлдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботиро пайваста таҳкиму тавсеа бахшад;

- оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо назорати иҷрои қонунҳо ва муносибатҳои ғайриоинномавиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ такмилу тақвият бахшида, ҳаматарафа пурзӯр намояд;

- ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ оид ба замин, истифодаи оқилона, мақсаднок ва самараноки он, пешгирии ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин, аз байн бурдани хариду фурӯши он, ҳолатҳои сохтмонҳои худсарона дар қитъаҳои замин чораҳои судманди эътиноии прокурориро дар ин самт ва зимни риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба шаҳрсозӣ ва ҳифзи муҳити зист бо куллӣ такмилу тақвият бахшад;

- иҷрои қонунгузории гумрукиро ҷиҳати ошкор ва пешгирии қочоқ, воридоту содироти молу маҳсулоти пастсифат ва ба расмият даровардани онҳо ва андозро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта чораҳои иловагӣ андешида, ба ин васила дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намояд;

- назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи сармоягузорӣ, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкориро таҳкиму тақвият бахшида, ҷиҳати аз байн бурдани санҷишҳои ғайриқонунӣ чораҳои муассиру мушаххаси таъхирнопазир андешад;

- таҷрибаи назорати прокурориро оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об  пурзӯр намуда, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва амнияти санитарӣ-эпидемиологиро зери назорати қатъӣ қарор диҳад;

- баҳри такмилу тавзеҳи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба субъекти ваколатдоре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ё ба мақоме, ки санади меъёриро қабул кардааст, дар бораи қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ пайваста таклиф пешниҳод намояд;

- фаъолиятро дар самти тарғибу ташвиқи қонунҳои амалкунанда дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута тавсеа, такмилу тақвият бахшида, пайвастаю пайгирона баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ба роҳ монад;

- ҳолати иҷрои қонунгузориро оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар мавриди будубоши онҳо дар кишвар таҳти назорати доимӣ қарор диҳад;

- ҷиҳати тавсеа додани ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқӣ,  гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятноки кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бо ҷинояткориву истирдоди ҷинояткорон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, низоъҳо дар сарҳад ва убури ғайриқонунии он, тайёр кардани кадрҳои мақомоти прокуратура чораҳои мушаххасро амалӣ ва ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарор ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори расмӣ пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои Қарор ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 апрели соли 2019, № 626