Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шодмонбеков Ю. Р.»

№136 (4086) 12.11.2019

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи қисми 1 моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбекович узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 25 октябри соли 2019, № 1470