Қарори муҳокимаи парламентӣ оид ба «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№50 (3844) 24.04.2018

Муҳокимаи парламентӣ гузоришҳои Раҳимӣ Фарҳод — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, Олимзода Насим Хоҷа — вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоҳизарониҳои аъзои Маҷлиси миллӣ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Бобобекова Меҳринисо, Аминҷонова Саодат Сайфинажотовна, Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич ва роҳбарони як қатор мақомоти марказию муассисаҳои давлатиро оид ба «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, мутобиқи сархати 5 моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 7 Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тавсияҳои замимагардидаи муҳокимаи парламентӣ баҳри чораҷӯӣ ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, илм ва маорифи ҷумҳурӣ, кумитаҳои занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои назди ­Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол карда шаванд.

2. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида баҳри такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурус­тӣ тағйиру иловаҳои заруриро пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Олимзода Н. Х.) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа (Раҳимӣ Фарҳод), сох­торҳои марбутаи марказии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барномаи мушаххасро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ таҳия ва татбиқи муттасили онро таъмин созанд.

4. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа (Раҳимӣ Фарҳод) қарори мазкурро зери назорати қатъӣ қарор дода, муваззаф карда шавад, ки аз ҷараёни татбиқи он на дертар аз 20 апрели соли 2019 ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гузориш диҳад.

Раисикунандаи муҳокимаи парламентӣ, Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 6 апрели соли 2018 №1