Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№142 (4248) 24.11.2020

Тибқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 5 моддаи 7 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2020, соати 0900 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2020, № 6