Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Файзов Ё. Д.

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Файзов Ёдгор Доёрович муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 17 апрели соли 2020, №7

DSC_9213Файзов Ёдгор Доёрович 30 декабри соли 1961дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (собиқ Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) ва соли 1990 Мактаби олии комсомолии шаҳри Москваро бо ихтисос­ҳои ветеринар ва сиёсатшиносӣ хатм кардааст.

Дар вазифаҳои духтур — ветеринари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инструктори Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудири шуъбаи ташкилии Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, котиби якуми Комитети комсомолии шаҳри Хоруғ, котиби якуми Комитети комсомолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси Созмони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оғохон, менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оғохон, директори Фонди Оғохони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 1 октябри соли 2018 то 25 феврали соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ ва аз 25 феврали соли 2019 дар мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекунад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2019-2020) буд.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад

Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 апрели соли 2020 муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.