Суҳбати гирди миз

Арзишмандтарин хазинаи инсонӣ насли эҷодкору боҳунар аст

№25 - 26 (3819 - 3820) 27.02.2018

DSC_598223 феврали соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон баҳри баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун, рӯҳияи ватанпарастию патриотизм» суҳбати гирди миз баргузор гардид, ки дар он аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Раиси кумита Насриддинзода ­Эмомалӣ Сайфиддин гуфт, ки тарбияи ҳуқуқии ҷавонон қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзӯи меҳварии Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Ҷомеаи навин ба пайгирии босамари тарбияи ҳуқуқӣ бо ҷалби мақомот, институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтиёҷ дорад. Тарбияи ҳуқуқӣ густариши арзишҳои ҳуқуқиро дар доираи посдории меъёрҳои Конститутсия, риоя ва истифодаи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва шаъну шарафи он, оштинопазирӣ ба фасоду суиистифода аз вазифа пешбинӣ менамояд.

Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Холиқзода изҳор дошт:

- Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тибқи қонунгузорӣ, зери мафҳуми ҷавонон шахсони аз 14 то 30 — сола фаҳмида мешаванд. Ҷавонон қишри пешқадаму эҷодкори ҷомеа мебошанд, ки рушди халқу миллатҳо ба неруи онҳо эҳтиёҷ дорад. Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, диққати махсус дода, дар ин робита як қатор барнома ва стратегияҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардид. Яъне, давлат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя намуда, тарбия ва ба камол расонидани насли ҷавони созандаро яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа медонад. Илм ва таҷрибаи ҷаҳонӣ низ собит сохтааст, ки бузургтарин ва арзишмандтарин хазинаи инсонӣ барои замона ин насли эҷодкору боҳунар аст.

Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падарону модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд».

Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон аз чанд омиле вобаста аст, ки онҳоро давлат ҳамчун субъекти таъминкунандаи асосӣ муайян намудааст. Агар, аз як тараф, тарбияи ҳуқуқӣ ба гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси миллии ватандӯстӣ вобаста бошад, аз ҷониби дигар, ба таъмини шароити мусоид барои рушду нумӯи ҷавонон вобастагӣ дорад. Давлат шароити заруриро дар ин самт бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути институтҳои гуногун, аз қабили Парламент, Ҳукумат, Президент, вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ таъмин мекунад.

Дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон» ва ғайра қабул ва татбиқи онҳо боиси боло рафтани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимзода, сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азамат Пулатов, вакилони Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён, Зайнудин Сафаров, Муҳаббатшо Рӯзадор, Равшан Раҷабов ва Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода андеша баён дошта, пешниҳод карданд, ки бинобар муҳим будани масъала, минбаъд низ суҳбату вохӯриҳо бо доираи васеи аҳли ҷомеа гузаронида шаванд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ