Арзу шикояти шаҳрвандон ба парламент

№36 (3673) 04.04.2017

Ё муроҷиате, ки боиси тавлиди қонун гардид

Тибқи моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Ҳуқуқ ба муроҷиат яке аз воситаҳои асосӣ ва муҳимест, ки ба воситаи он субъект метавонад талаботи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро қонеъ гардонад.

Аз ин рӯ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии муроҷиати шаҳрвандонро дар асоси талаботи моддаҳои 10, 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин боби 9 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, натоиҷи он доимо таҳти назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Мувофиқи иттилои мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдулбасир Сабуров, соли 2016 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 664 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон 3691 нафар барои суҳбат кардан қабул гардиданд.

- Аз мазмуни арзу шикояти шаҳрвандон бармеояд, ки дар маҳалҳо ҳанӯз ҳам оид ба тақсимот ва истифодаи замин, таъмини аҳолӣ ба манзил, фаъолияти идораҳои коммуналӣ, кори соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзиш ва тарбияи ҷавонон, таъминоти иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра норасоиҳо ҷой доранд, — мегӯяд Абдулбасир Сабуров. – Аз ин рӯ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он муроҷиати шаҳрвандонро мунтазам баррасӣ намуда, барои сари вақт ва ҳамаҷониба қонеъ гардонидани онҳо, пешгирӣ намудани сабабҳои воридшавии такрории муроҷиатҳо ба мақомоти болоии ҳокимияти давлатию ташкилотҳои ҷамъиятӣ кори зиёдро ба анҷом мерасонанд.

Ба гуфти Абдулбасир Сабуров, баррасии муроҷиатҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон самараи кори онҳоро зиёд мекунад, зеро аз як ҷониб сатҳи иттилоотонии вакилон ҷиҳати иҷрои санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби парлумон қабул мегарданд, беҳ гардида, аз ҷониби дигар ба онҳо имконият медиҳад, ки маълумоти дастрасгардидаро дар раванди қонунгузорӣ мавриди истифода қарор диҳанд. Гузашта аз ин, муҳимияти муроҷиатҳо дар мақоми қонунгузорӣ дар он зоҳир мегардад, ки ба воситаи онҳо оид ба мушкилоти мавҷудаи ҷомеа ва нуқсонҳо дар қонунгузории амалкунанда, инчунин перумони роҳҳои бартараф намудани проблемаҳои зикргардида иттилооти бештар дастрас менамоянд.

Арзу шикояти шаҳрвандон асосан аз тарафи вакилон санҷида шуда, дар баъзе маврид мутасаддиёни вазорату ташкилотҳои дахлдор низ ба ҳалли онҳо ҷалб мешаванд.

Ба гуфти мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Мушовири давлатии ад­лияи дараҷаи 3 Усмон Охунов, ҳолате ҳам вуҷуд дорад, ки муроҷиати шаҳрванд сабаби тавлиди қонун гаштааст. Масалан, моҳи марти соли 2016 раиси Ташкилоти ҷамъиятӣ — эҷодии «Суғд навовар» Нуъмон Ҳасанов ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки дар ҷумҳурӣ қабули Қонун «Дар бораи зилзиласанҷӣ» зарур аст. Номбурда, инчунин дар як мақолааш зери унвони «Мо ба қонун дар бораи зилзиласанҷӣ ниёз дорем», дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» изҳори ташвиш намудааст, ки дар вилояти Суғд ягон шабакаи зилзиласанҷӣ нест. Шабакаи наздиктарини зилзиласанҷӣ дар пойтахти кишвари ҳамсоя, шаҳри Тошканд, дар масофаи 175 км, дигаре дар шаҳри Душанбе, дар масофаи 360 км воқеъ гардидааст. Дар ҳолати рӯй додани зилзила дар Хуҷанд то рафта расидани лаппишҳо ба ин шабакаҳо қувваи зилзила фарқ мекунад.

- Пешниҳоду андешаҳои Нуъмон Ҳасанов мавриди омӯзиши ҳаматарафаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарор гирифт, — гуфт Усмон Охунов. — Зеро бехатарии сейсмикӣ дар қатори пешгирӣ аз сӯхтору обхезӣ ва селоб яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ба ин масъала махсусан раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо ҷалби мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳияи қонун ҳамкорӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода ­лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» пешниҳод гардид.

- Азбаски Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» бори аввал дар мамлакат ва минтақа таҳия гардид, аз таҷрибаи ­баъзе кишварҳои ИДМ, ба монанди Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Арманистон истифода шуд, — мегӯяд Ҷӯрахон ­Маҷидзода. — Вобаста ба лоиҳаи он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 85 таклифу пешниҳод ворид гардид. Аз онҳо 69 пешниҳод пурра ва 8 — тои дигар қисман қабул шуда, 8 пешниҳод қабул нашуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» аз 7 боб ва 29 модда иборат буда, мақсади асосии он таъмини бехатарии сейсмикӣ дар мамлакат мебошад. Он муносибатҳои ҳуқуқию ташкилӣ дар соҳаи баҳодиҳии хатари заминҷунбӣ, сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолӣ бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба танзим медарорад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон ­Оймаҳмадзода чунин иброз дошт: - Амалишавии қонуни мазкур имкон медиҳад, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад. Дар қонун самтҳое, ки ба бехатарии сейсмикӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, дарҷ гардидаанд.

Ҳамчунин, вазифаи муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ дар соҳаи сейс­мология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, аз қабили гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, мушоҳидаҳо, назорати вазъ, пешгӯӣ ва огоҳкунӣ оид ба хавфи заминҷунбӣ, амалигардонии мониторинги сейсмикии доимӣ, мушоҳидаҳои геофизикӣ, гидродинамикӣ, статсионарӣ ва сайёр, ташкили махзани маълумот оид ба мушоҳидаҳои заминҷунбии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуҷудомада ва пешгӯии онҳо, гузаронидани тадқиқоти макросейсмикӣ дар минтақаи эпимарказӣ бо мақсади баҳодиҳии деформатсияи сатҳи замин, дараҷаи вайроншавии биною иншоот, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, хавфи сейсмикӣ ва ғайра муайян шудааст.

Ба гуфти Ҷӯрахон Маҷидзода, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» асосҳои таъмин намудани бехатарии сейсмикии аҳолӣ дар мамлакат, амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ, ҷорӣ намудани системаи ягонаи таҳсилот оид ба бехатарии сейсмикӣ дар муассисаҳои таълимӣ, риояи қатъӣ ва иҷрои меъёр, қоидаҳои сохтмон дар соҳаи сохтмони бино ва иншооти ба заминҷунбӣ тобовар аз ҷониби шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва умуман таъмини чорабиниҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ ба пуррагӣ муқаррар шудаанд.

- Ҳамин тавр, аз як муроҷиати шаҳрвандӣ қонуни мукаммал тавлид ёфт, — гуфт дар охир Усмон Охунов. — Ба ҳамин монанд тамоми муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров зери назорат қарор дошта, пурра баррасӣ мешаванд.

Б. КАРИМЗОДА,

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»