«Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо»

№62 (4012) 30.05.2019

Таҳти ин унвон 23 майи соли 2019 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Дар робита муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ва сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода андешаронӣ намуданд. Онҳо, аз ҷумла, зикр карданд,  ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 — 2020» қабул гардидааст.

Тавре аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо набояд бо он қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба соҳаи ҳаётан муҳим кам намуд. Баръакс, зарур аст, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар дода, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зина беҳтар ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имкон истифода барем, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳама зинаи таҳсил бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем, зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дорад.

Роҷеъ ба  мавзӯъ, инчунин, ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи иқтисодии Санкт — Петербург Елена Горбашко, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомӣ, профессор Хуршед Зиёӣ, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Савзалӣ Ҷаъфаров ва дигарон суханронӣ намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон