Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бояд аз марҳилаи лоиҳакашӣ оғоз ёбад

№69 (3706) 10.06.2017

DSC_0140Чунин муқаррарот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» пешбинӣ шудааст

Ҳафтуми июни соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи аз ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин

 2. Дар бораи узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода

3. Дар бораи Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин» мебошад. Оид ба ин масъала чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз мемонам.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода» оғоз менамоем.

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дар толор ҳузур доранд. Оид ба ин масъала чӣ пешниҳод доред. Лоиҳаи қарор ба овоз монда ­мешавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии «Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад.

 УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар заминаи ваколатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 30 декабри соли 2016, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд 18 январи соли 2017 «Созишномаи грантии кумаки техникӣ дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои об» ба имзо расид.

Кумаки техникии мазкур аз ҷониби Бонки Исломии Рушд барои беҳтар намудани шароити кори кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи созишномаи баимзорасида, Бонки Исломии Рушд розигии худро ҷиҳати ҷудо намудани 280 000 (Дусаду ҳаштод ҳазор) доллар ба сифати кумаки техникӣ барои хариди маҷмӯи таҷҳизоти идоравӣ ва таҳия намудани санадҳои зерқонунӣ, ки дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи энергетика» ва «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» пешбинӣ гардидаанд, иброз намудааст.

Лоиҳа аз се қисмат иборат буда, дар қисмати якуми он хариди таҷҳизоти идоравӣ, аз қабили компютер, принтер, мизу курсиҳои корӣ, асбоб ва дастгоҳҳои рақамии аксбардор ва сабткунанда, дар қисмати дуюм харидорӣ ва васлу насби сервер барои ҷорӣ намудани коргузории электронӣ дар вазорат ва дар қисмати сеюми он бошад, ҷалби ширкати мушовирии маҳаллӣ вобаста ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика пешбинигардида, дар назар дошта шудааст.

Татбиқи қисматҳои якум ва дуюми лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки сатҳу сифати фаъолияти кормандон ва коргузорӣ дар вазорат баланд бардошта, ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳукумати электронӣ заминаи хуби техникӣ фароҳам шавад.

Дар қисмати сеюми лоиҳа таҳия намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ва ҳашт санади меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» пешбинӣ гардидааст, ки барои татбиқи ҳадафҳо дар самти самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия мусоидат хоҳад намуд. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созишнома дар ҳаҷми 36000 доллар, дар шакли иштироки ҳайати кормандони масъули вазорат вобаста ба назорат ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шуда, ҷудо гардидани маблағи иловагиро аз буҷети ҷумҳуриявӣ тақозо наменамояд.

Хоҳиш менамоем, ки онро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад. 

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2017, № 1236 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд.

Аъзои кумитаи масъул 1 июни соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи милитсия» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

 Аламшозода Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Тағйиру иловаҳои воридшаванда ба моддаҳои 2, 6, 9 10, 11, 18, 19, 20 ва 27-уми қонун робита дошта, асоси онро мутобиқ кунонидан ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил медиҳад.

Дар қисми 6 моддаи 1 лоиҳаи қонун омадааст, ки «Дар банди 7) моддаи 11 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад». Ҳадафи меъёри мазкур мутобиқ намудани қонун ба ­тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда буда, иқдоми саривақтӣ мебошад. Ҳамзамон, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади таъмини ҳамгироӣ байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳамин меъёр калимаи «кушояд»-ро ба калимаи «оғоз намояд» иваз карда, ибораи мазкур чунин ифода карда шавад: «парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд».

Тағйиру иловаҳои воридшуда ба моддаи 19-уми қонун ба масъалаҳои кадрӣ ва кор бо ҳайати шахсӣ дахл дошта, мутобиқи он ба хизмат дар сафи милитсия танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда мебошанд, қабул мешаванд. Ҳамчунин, тибқи иловаи воридгардида ба моддаи зикршуда, корманди милитсия, бинобар қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии дигар кишвар, аз хизмат озод карда мешавад.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Анвар Тағоймуродов дода мешавад.

 Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Ҷурахон Маҷидзода, Анвар Тағоймуродов, Равшан Раҷабов, Ҷамшед Муртазоқулов ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун лоиҳаҳои алоҳида ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи масъул бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаҳои қонунҳои зикршударо муттаҳид намуд, ки он тибқи қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ҷаласаи имрӯза пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Вобаста ба лоиҳаи қонуни мазкур 27 таклиф пешниҳод гардида, дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуд.

Масъалаи зикргардидаро 1 июни соли 2017 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор додем.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода ­мешавад.

 МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Маҷидзода, Анвар Тағоймуродов ва Равшан Раҷабов пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ кардани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ намудани мафҳуми «гирифтани иттилооти компютерӣ» ҳамчун чорабинии нави фаъолияти оперативӣ –ҷустуҷӯӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи интернет, омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд.

Таҳқиқи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи истифодаи интернет ҷиҳати паҳн намудани ғояҳо ва даъватҳои экстремистию террористӣ гувоҳӣ медиҳад. Айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион муштарии интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоизи онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти экстремистӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

Тибқи маълумоти Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон, хадамоти таблиғотии созмони экстремистию террористии «Давлати Исломӣ» ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамарӯза беш аз 90 ҳазор паёмакро бо даъвати пайвастан ба ин созмони экстремистию террористӣ ирсол менамояд.

Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муайян ва манъ намудани фаъолияти сомонаҳои тарғибкунандаи маводи экстремистӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд.

Бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ ва созмонҳои ҷавонон аз ҷумлаи донишҷӯён гурӯҳҳои пешсаф (авангард) якҷоя бо кормандони оперативӣ ҷиҳати пешбурди ташвиқоти аксулэкстремистӣ дар шабакаи интернет таъсис дода шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист», ки бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Сафарзода ва аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Олимҷон Сафаров ва Ҳаёт Одинаев пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, робитаи мутақобилаи он ба экспертизаи давлатии экологӣ, инчунин баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро муқаррар менамояд.

Маълум аст, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар қатори дигар давлатҳои пешрафта рушди устувор ёбад. Бо ин мақсад барои истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табиӣ, рушди соҳаи саноат, энергетика, сохтмони ­объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра чораҳои зарурӣ меандешад, ки ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Табиист, ки дар давраи амалӣ намудани ҳадафи асосӣ инсоният метавонад ба муҳити зист таъсири манфӣ расонад.

Бинобар ин, баҳисобгирии зарари экологӣ дар рафти қабули қарор ҳанӯз дар марҳилаи банақшагирию лоиҳакашӣ метавонад барои пешгирии таъсири манфӣ ба муҳити зист мусоидат намояд. Ин иқдомот нисбат ба чорабиниҳое, ки дар ҷараёни истихроҷи захираҳои табиӣ, корҳои сохтмонӣ ва ё баъд аз ба истифода супоридани объектҳои соҳаи истеҳсолӣ барои ҷуброни зарар амалӣ мешаванд, арзонтар аст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба муқаррароти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист мувофиқ гардонида, меъёрҳои он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи атмосфераи ҳаво», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мутобиқ карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2016, №1073 барои додани хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок ва хулосаҳояшонро пешниҳод намуданд.

Аъзои Комиссияи экологӣ ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро дар асоси таклифу пешниҳодҳои воридгардида такмил доданд. Дар натиҷаи баррасӣ ба Комиссияи экологӣ 84 таклифу пешниҳод оид ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид гардид, ки 66 — тоаш пурра ва 15 — тоаш қисман қабул гардид.

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи мазкур 26 май дар ҷаласаи худ ва 29 май дар ҷаласаи якҷояи Комиссияи экологӣ ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо ­дарназардошти таклифу пешниҳодҳои иловагӣ лоиҳаи қонунро дастгирӣ намуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 26 модда иборат буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло дод мешавад.

Хайрулло ИБОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бо сабаби зиёд гардидани таъсири антропогенӣ ба табиат, солҳои охир шиддати тағйирёбии иқлим ва зиёд гаштани ҳодисаҳои табиӣ дар сайёра баръало эҳсос мегардад. Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи аксари давлатҳои дунё ва институтҳои байналмилалӣ ба ҳалли проблемаҳои экологӣ нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ибтидои соли 2016 аз ҷониби СММ барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки бархе аз онҳо ба масоили экологӣ робитаи бевосита доранд. Яке аз ҳадафҳои мазкур чораҷӯии фаврӣ барои пешгирии шиддати тағйирёбии иқлим ва бартараф намудани оқибатҳои он мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар баррасии масоили экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат ва барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ҷидду ҷаҳд мекунад.

Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти ҷомеа ҷараёни зудтағйирёбандаи тартибу қоидаҳои муносибатҳои байнисоҳавӣ, ширкату корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои давлатию хусусӣ, минтақавию байналмилалӣ зарурияти таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист»- ро ба миён овардааст.

Зимни арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки ҳанӯз дар марҳилаи интихоби замин аз талаботи қонуни мазкур бармеояд, бояд ба таъсири эҳтимолии объекти банақшагирифташуда баҳои зарурӣ дода, барои амалӣ гардидани он қарори илман асоснок қабул карда шавад.

Қабули қонуни мазкур метавонад барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

 Нурулло ОҚИЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Баррасии масъалаҳои муҳити зист дар марҳилаи ҳозира саривақтӣ буда, аз чӣ гуна ҳал гаштани онҳо беҳбудии ҳаёти ҷомеа вобаста аст. Дар айёме қарор дорем, ки таъсиррасонии омилҳои зиёде ба муҳити зист мушоҳида мегардад ва бетафовутӣ ба ин масъала оқибатҳои ногувор хоҳад дошт.

Аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист»- ро дастгирӣ карда, зикр намуданиям, ки лоиҳаи қонун аз лиҳози баён хеле равон буда, муқаррароти мушаххасу возеҳ дорад, ки дар амал татбиқ намудани онро осон мегардонад.

Қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, таъсиррасонии манфии экологиро пешгирӣ карда, мақомоти дахлдорро дар ин самт уҳдадор менамояд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов дода мешавад.

 Баҳром АБДУАЛИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» саривақтӣ буда, моро зарур аст, ки истифодаи самараноки заминро таъмин намуда, онро аз таъсири манфии раванди истеҳсолот ҳифз кунем.

Пайдоиши ҳар як иншооти нав ки ба тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти истеҳсолот боис мегардад, табиист, ки таъсири худро ба муҳити зист мерасонад. Қонуни мазкур ин масъалаи рӯзмарраро дар мамлакат ба танзим медарорад. Далели ин гуфта муҳтавои моддаҳои 8, 9, 10, 11 ва 12- уми лоиҳаи қонуни баррасишаванда мебошад, ки ба ҳалли ин масъалаҳо нигаронида шудааст. Таҳия ва пешниҳоди чунин лоиҳаи қонун заруру ногузир буда, хоҳишмандам лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам дода мешавад.

 Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Кам кардани таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли он вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.

Давоми чанд соли охир Бонки Рушди Осиё ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» маблағҳои грантии калон ҷудо кард ва яке аз компонентҳои он «Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ» буд. Дар асоси он мутахассисони бонки мазкур дар назди олимони тоҷик ­масъала гузоштанд, ки ташхиси дигаргуншавии иқлимро анҷом диҳанд. Олимони мо давоми ду соли охир оид ба дигаргуншавии иқлим ва таъсири он ба ҳавзаи дарёи Панҷ тадқиқот гузарониданд. Баъди анҷоми тадқиқот амалисозии барномаи зикршудаи грантӣ оғоз ёфт.

Аз ин лиҳоз, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» саривақтӣ буда, барои ҷалби маблағҳои грантӣ бо мақсади арзёбии саривақтии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва татбиқи Созишномаи Париж замина фароҳам меорад.

Давлат бояд, ки дар заминаи назорати ҷиддӣ ба кам кардани таъсири истифодаи сарватҳои табиӣ ба муҳити зист мусоидат намояд. Аз ин хотир, боби чоруми лоиҳаи қонун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист номгузорӣ шуда, муносибати бахши давлатиро бо бахши хусусӣ ва ҷамъиятӣ ба танзим даровардааст.

Қабули қонун дар оянда ба кам кардани таъсиррасонӣ ба муҳити зист мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб, баъд яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Далер МЕРГАНОВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ