Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Асоси татбиқи рушди ҳазорсола ба ҳалли масъалаҳои об вобаста аст

№116 (3910) 25.09.2018

Равшанзамирону хирадандешони миллати тоҷику нобиғаҳои кишварҳои дунё обро дар ҳаёти инсон ва набототу ҳайвонот дар нахустрадиф гузошта, аҳамияти ҷаҳонӣ доштани онро ҳамчун яке аз унсурҳои муқаддас шарҳу эзоҳ додаанд. Воқеан ҳам об манбаи ҳаёти мавҷудоти олам аст.

Аз ин хотир буд, ки дар оғози садаи ХХI Сарвари давлати Тоҷикис­тон бо даъватҳо ва ташаббусҳои наҷиб вобаста ба масъалаҳои об, аз ҷумла, эълон кардани «Соли байналмилалии оби тоза — 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2007» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мардуми сайёраро ҳушдор доданд, ки дар ин самт бетараф набошанд, зеро ҳама бойигарии табиат аз байн равад ҳам, ҳаёт нест намешавад, вале бе об дар рӯи замин ҳаёт барҳам мехӯрад.

Имрӯзҳо аҳолии рӯи заминро норасоии об, гармшавии иқлим, босуръат обшавии пиряхҳо ба ташвиш овардааст. Ҳар рӯз аз нарасидани оби нӯшокӣ дар дунё 40 ҳазор нафар ҳалок мегарданд, зиёда аз 2,5 миллиард аз нарасидани оби нӯшокӣ азият мекашанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки аксарияти мардум фарҳанги истифодаи обро намедонанд. Онро бебаркаш истифода бурда, ҳатто ҷумакҳои обравро маҳкам намекунанд. Зиёд мушоҳида мекунем, ки дар кӯчаҳо об бидуни назорат равон гашта, бефоида масраф мешавад. Ҳар рӯзи шанбею якшанбе дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои калон ширкатҳои махсусгардонида садҳо қолинро шуста, обашро ба ҷӯйборҳо равон менамоянд, ки боиси ифлос шудани муҳит мегардад.

Бо вуҷуди он ки кишвар дорои захираҳои бойи об мебошад, ҳанӯз ҳам дар баъзе минтақаҳо мардум ба оби софи нӯшокӣ эҳтиёҷманданд. Манбаъҳои молиявии дохилӣ имкон намедиҳанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин мушкил бартараф карда шавад. Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд ва кумаки кишварҳои ёрирасон, аз ҷумла Япония, Германия, Хитой барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ чораҳои судманд андешида мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ иброз доштанд, ки моро зарур аст ҳамчун мардуми кишвари ташаб­бускор тамоми тадбир ва чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то барои расидан ба рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд.

Табиат бо муъҷизаҳои беназири Худодод оби нӯшокиро барои мо арзонӣ доштааст. Масоҳати сатҳи замин, ки 510,2 млн. километри мураббаъро ташкил медиҳад, 70,8 фоиз, яъне 361,1 млн. километри мураббаи сатҳи онро об пӯшонидааст. Ба ифодаи дигар, танҳо 29,2 фоиз, яъне 149,14 млн. километри мураббаи заминро хушкӣ ташкил медиҳад.

Ҳаёти инсон ба низоми гардиши об дар табиат ва системаи борон вобастагии зич дорад. Ҳар сол 320000 километр мукааб об аз сатҳи баҳру уқёнусҳо ва 60000 километр мукааб аз рӯи хушкӣ бухор шуда, дар сурати борон ба табиат мерезад.

Аз ҳаҷми обе, ки дар сурати борон ба замин бармегардад, 96000 километр мукааби он ба хушкӣ ва 284000 километр мукааб ба баҳру уқёнусҳо мерезад. Замин солона 36000 километр мукааб оби баҳру уқёнусҳоро ба даст меорад. Ба таври дигар гӯем, дар як сония 16 млн. тонна об аз сатҳи баҳру уқёнусҳо ва дигар рутубатҳои рӯи замин бухор шуда, ба боло мебарояд ва боз бо ҳамин миқдор дар шакли борон ба замин бармегардад, ки дар як сол 505 триллион тоннаро ташкил медиҳад.

Имсол дар тамоми давраи таърихи мушоҳидаи обу ҳаво яке аз солҳои гармтарин ва камбориштарин буд. Тибқи натиҷаи омӯзиш ва тадқиқоти олимон:

- солҳои 2014-2017 солҳои гарм­тарин буд;

- соли 2017 дар муқоиса бо солҳои 1982-2010 ҳаво 0,43 дараҷа гармтар шуд;

- ҳарорати ҳаво нисбат ба ҳарорати об дар уқёнус тезтар баланд гардид;

- дар давоми шаш сол сатҳи баҳрҳо ба таври пайваста баланд мешавад. Дар давоми 25 соли охир ин баландшавӣ 7,7 см-ро ташкил намудааст;

- дар тӯли 38 сол пиряхҳои ҷаҳон ҳаҷман хурд шуда истодаанд.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки пешниҳодоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи омӯзиш ва мушоҳидаҳои солҳои зиёд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир барои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст, ки дар натиҷа зиёда аз 1,2 млн. нафар бо оби босифат ва 600 ҳазор нафар бо оби нӯшидании бехатар таъмин шудаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зикр карданд, сол то сол дар ҷаҳон талаботи одамон ба об зиёд ва боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад. Ҳатто бо суръати баланд афзоиш ёфтани талабот ба захираҳои об метавонад дар дохили як кишвар пайомадҳои манфӣ ба бор орад.

- Ду омил — тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳад кард. Дар баробари ин омилҳо, як силсила масъалаҳои дигар вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо доранд, — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо ҳамин сабаб ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо арзи эҳтиром поягузори ҳама ташаб­бусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ин иқдомҳо дар болоравии обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши бузург бозида, кишварро маълуму машҳур гардониданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои вобаста ба обро асоси татбиқи босамари рушди ҳазорсола, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи энергетика, амнияти озуқаворӣ, таъмини амнияти санитарӣ ва дигар ҳадафҳои глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии захираҳои об даъват намуданд.

Абдуҳалим Ғаффоров, Хусрави Абдуназар, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон