Асри XXI, бешубҳа, «асри об» хоҳад буд

№30 (3980) 19.03.2019

DSC_8179Бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 марти соли 2019 дар мавзӯи «Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об» семинар баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз дошт, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва таъсири соҳаҳои саноату кишоварзӣ талабот ба об торафт дар ҷаҳон афзуда истодааст.

- 60 — 70 сол пеш захираҳои оби сайёра дар таносуб бо нуфузи аҳолӣ ва рушди ҳамонвақтаи иқтисодиёт ба қадри кофӣ мавҷуд буд ва даст­расӣ ба онҳо ягон мушкилӣ надошт. Имрӯз инсоният дарк намудааст, ки норасоии об ба мушкилоти сатҳи глобалӣ табдил ёфтааст, — гуфт Рустам Латифзода.

DSC_8196Номбурда аз ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки заминро сайёраи об меноманд, зеро зиёда аз 70 фоизи масоҳати онро оби баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Аммо 96,4 фоизи ин захираи бузургро оби баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад, ки барои нӯшидан ва обёрии зироатҳо қобили истифода нестанд. 0,01 фоизро оби кӯлу дарёҳо ва 1,68 фоизро обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд ва 1,79 фоизи дигар ба пиряхҳо ва қабатҳои барфпӯш рост меояд.

- Норасоии об боиси муноқишаи истеъмолкунандагон мегардад, — афзуд ӯ, — ба гуфти собиқ вазири мудофиаи Британияи Кабир Ҷон Рейд, «буҳрони глобалии обӣ ба таҳдиди амнияти глобалӣ табдил ёфта истодааст». Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 215 дарёи калон ва 300 ҳавзаи обҳои зеризаминӣ мавҷуданд, ки метавонанд боиси моҷаро миёни кишварҳои ҳаммарз шаванд. Тибқи иттилои рӯзномаи «The Independent», дар гузашта оид ба тақсими оби дарёи Ӯрдун миёни Исроилу Фаластину Ӯрдун, Фурот — миёни Туркияву Сурия, Браҳмапутра — миёни Ҳиндустону Хитой, Нил — миёни Эфиопияю Миср баҳс оғоз шуда буд. Агар асри XX «асри нефт» ном гирифта бошад, асри XXI бешубҳа «асри об» хоҳад буд. Алҳол зиёда аз 1 миллиард сокини сайёра ба оби тоза дастрасӣ надорад. Аз сабаби ифлосшавии манбаъҳои об хавфи афзоиши бемориҳои сироятӣ ҳам зиёд шуда истодааст.

Ҳоло дар мамлакат 754 000 гектар замини обӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар сурати самаранок истифода бурдани захираҳои об метавон ин нишондиҳандаро ба 1,6 миллион гектар расонид. Обро ғайр аз обёрӣ, инчунин барои тавлиди «энергияи сабз», яъне, неруи барқ, низ истифода мебаранд.

Дар интиҳо Рустам Латифзода ба саволҳои иштирокчиён посухҳои қаноатбахш дода, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии об ва ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфт.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»