Ассамблеяи байнипарламентӣ масъалаи мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор дод

№45 (3995) 23.04.2019

IMG_9999Тавре қаблан хабар дода будем, аз 17 то 19 апрели соли 2019 ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Шукурҷон ­Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор дошт.

Аъзои ҳайат дар кори ҷаласаҳои маркази иттилоотию ҳуқуқӣ, комиссияҳои доимоамалкунандаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, комиссияҳои доимоамалкунандаи Ассамблеяи байнипарламентӣ, 49-умин ҷаласаи пленарии ассамблеяи мазкур ва конференсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаҳо намояндагони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи қонунҳои намунавӣ (моделӣ), ҳамчунин, тавсияҳо оид ба ҳамоҳангкунонии қонунгузории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ ва қарор қабул карданд.

Қобили зикр аст, ки пас аз танаффуси чандсола дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон низ иштирок намуданд.

Дар конференсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ намуда, оид ба таҳкими муносибатҳои байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар самти пешгирии омилҳои бавуҷуд­оварандаи терроризм андеша баён доштанд.

Дар чорабинии мазкур ҳайатҳои Ассамблеяи парламентии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи махсуси Ассамблеяи парламентии баҳри Миёназамин, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, контртерроризм, директорати генералии Шӯрои Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқ ва дигар созмонҳои баналмилаливу ғайридавлатӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти баррасии масъалаҳои 49-умин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ низ қонунҳои моделӣ қабул гардиданд, ки аз ҷониби раиси Комиссияи доимоамалкунандаи ассамблеяи мазкур — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ ба самъи иштирокчиён расонида шуданд.

Дар фарҷом, бархе аз намояндагони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саҳми арзанда дар фаъолияти қонунгузорӣ ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ бо мукофотҳои фахрии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, нақшаҳо оид ба фаъолияти минбаъдаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ барои солҳои 2019 — 2020 дар самти қонунгузорӣ муайян карда шуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон