Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳастии давлат аз риояи қонун аст

№109 (3903) 06.09.2018

Дар фазои мураккабу тезутунди таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои охир ба зинаҳои чашмраси рушд боло рафтани Ҷумҳурии Тоҷикис­тон шаҳодати тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллӣ мебошад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ мамлакат рушду нумӯъ ёфта, заминаи боэътимоди дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба даст овард. Бо такя ба эътимоди мардум давлат тамоми кӯшиш ва захираро ба таъмини рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи халқ равона намудааст.

Бо шарофати истиқрори сулҳу ваҳдат мардуми сарбаланду шарафманди кишвар рукнҳои давлатдории мустақилро тақвият бахшида, тавонист заминаҳои устувори ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро гузошта, ҳаёту фаъолиятро дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба роҳ монад.

Соҳиби давлати комилан ­мустақил шудан барои ҳар миллат, бахусус халқи тоҷик, ки тӯли беш аз ҳазор сол дар орзуи он буд, рӯйдоди нодири таърихӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки бо гузашти солҳо барои мардум Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад.

Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки асоси ­бунёди давлати демократӣ аст, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои сиёсӣ ва динӣ ба ташаккули худшиносии миллӣ хизмат намуда, барои нигаҳдорӣ ва таъмини якпорчагии давлати соҳибистиқлол дар пешгирии нофаҳмӣ ва низоъҳо нақши муҳим мебозанд. Омили дигаре, ки бояд пайваста онро мадди назар дошта бошем, пайгирии саривақтии зуҳури ҳодисаҳои номатлуб аст. Дар ин замина бояд таҳлили амиқи зуҳури эҳтимолии ҳодисаҳоро дошта бошем, то ин ки онҳо моро ғафлатгир накунанд.

Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба роҳ мондани фаъолияти густурдаи ҳокимияти қонунгузор мусоидат намуд. Дуруст аст, ки қонун, пеш аз ҳама, баҳри таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона мегардад. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути қонун танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Арбоби сиёсию давлатӣ, Президенти бистуми Амрико Ҷеймс Абраҳам Горфилд (1831–1881) таъкид кардааст, ки қонун қонун буда наметавонад, агар он қувваи тавонои маҷбуркунанда надошта бошад. Аз ин рӯ, барои суботу пойдории давлат риояи қонунҳои он ва ҳукумати қавӣ заруранд. Имрӯз афроде ҳастанд, ки бо шиорҳои демократӣ мехоҳанд рукнҳои давлатдориро вайрон кунанд. Барои манфиатҳои шахсӣ аз шиорҳои умумибашарӣ истифода намуда, амнияти давлатро халалдор карданӣ мешаванд. Бо номи демократия барои ҳалли ин ва ё он масъала роҳҳоеро пешниҳод мекунанд, ки хилофи қонунгузорианд.

Оҷиз будан дар иҷрои қонун нишонаи заифии низом аст. Тоҷикистон дар чунин маврид таҷрибаи талх дорад: сиёсати либералии баъзе зимомдорони ибтидои солҳои 90-ум давлатро ба ҷанги гражданӣ гирифтор карда, қариб ба нестӣ кашида буд. Танҳо иродаи қавии давлатсозии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи парокандагиро гирифт. Зуҳури иродаи қавию қувват дар пешбарии чӣ сиёсати дохилӣ ва чӣ берунӣ ба як падидаи ногузир мубаддал гардид.

Ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 рухдода бори дигар моро ҳушдор сохт, ки дар кори идораи давлат ва амнияти кишвар ҳаддалимкон ҳушёру омода бошем. Агар рукнҳои давлатдорӣ суст мебуданду роҳбарияти давлат иродаи қавӣ намедошт, такрори ҳодисаҳои солҳои 90-ум, мисли он ҷангҳои бемаънии харобиовар, ки дар якчанд давлати минтақаҳои гуногун рух дода, мардумро ба сарсонию бадбахтӣ оварданд, аз эҳтимол дур набуд. Хоса дар замони муосир, ки вазъият хеле ҳассос ва таҳдидовар аст. Имрӯз, ки ҷанги иттилоотӣ аланга гирифтааст, мушоҳида кардан душвор нест, ки баъзеҳо ба воситаи сомонаҳои интернетӣ доимо ба танқиди Давлату Ҳукумат машғуланд ва пешравию дастовардҳои онро нодида мегиранд. Бархе аз онҳо барои ба даст овардани обрӯи осон ба василаи ҳангома ё барои ба даст овардани дигар манфиатҳои шахсӣ кӯшиш мекунанд, ба воситаи фейкҳо оромии ҷомеаро халалдор созанд.

Албатта, танқид такондиҳандаи пешравӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ бояд зидди он набошем. ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ ҳам мешавад, ягон оила ва ягон давлату ҷомеа бе камбудӣ нест. Танқид аз ғараз фарқ мекунад ва бояд созанда бошад. Давлат оиларо мемонад, агар дар оила камбудӣ бошад ё ягон ҳолати буҳронӣ пеш ояд, сабаби пароканда шуданаш мегардад. Вале, аъзои оила метавонанд барои ояндаи фарзандон бо маслиҳат аз як гиребон сар бароварда, камбудиро рафъ карда, аз мушкилӣ бароянд. Давлат ҳам ба монанди оила институтҳои худро дорад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ бояд нақши мусбат гузоранд. Давлат ба воситаи онҳо кӯшиш менамояд ояндаро пешгӯйӣ ва камбудиву нуқсонҳоро ислоҳ намояд. Барои пешгирии ҳама гуна нобаробарӣ қабули қонунҳое заруранд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ҳамаҷониба ба танзим медароранд. Дар мамлакат ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Хушбахтона, ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ­худро иҷро карда истодаанд.

Шарти асосии амалишавии қонун дар ин ё он давлат, бешубҳа, сулҳу осоиштагӣ ва оромиву субот дар ҷомеа мебошад. Дар дохили давлате, ки дар ҳолати бесарусомониву ҷанг қарор дорад, қонунҳо амалӣ намешаванд, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд поймол мегардад. Инро дарк карда, ҳар як фарди ҷомеа бояд масъулиятро дар ҳифзи суботу оромӣ эҳсос кунад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон низ аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ истифода бурда, барои пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Дар ҷаласаҳои васеу муҳокимаҳои парламентӣ масъалаҳои мубрамро баррасӣ карда, дар асоси онҳо лоиҳаи қонунҳоро пешниҳод ва баррасӣ менамоянд. Ҳар як лоиҳаи қонунро вакилон бо ҷиддият меомӯзанд, дақиқ баррасӣ мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки он бо ҷонибдории аксар қабул шавад. Онҳо дарк мекунанд, ки ҳоло замони созандагист на баромадҳои ҳангомаҷӯёна. Сабақҳои таърихии на чандон дури давлатдорӣ нишон доданд, ки баромадҳои ҳангомаҷӯёна осоиштагиву суботи ҷомеаро халалдор месозад, имкон медиҳад, ки душманони дохиливу берунӣ онро ба манфиат истифода баранд.

Зери шиори демократия пеш бурдани манфиатҳои субъективӣ яке аз стратегияҳои ҷанги сард ва муборизаи ғоявии кишварҳо шудааст. Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар Шарқи Наздику Миёна ва Украина ба вуқӯъ пайвастанд, нишон доданд, ки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо бо мақсади ба даст овардани манфиат ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ бо кишварҳои аз ҷиҳати геполитикӣ манфиатдор чӣ тавр муносибат мекунанд. Онҳо аз ҳар фурсати мувофиқ истифода мебаранд.

Баъзе афроди манфиатҷӯю популист низ аз камбудиҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар истифода карда, худро ҳамчун патриоту гуманист нишон медиҳанду зери таъсири қувваҳои беруна мемонанд ва бозичаи дасти онҳо шуда, сабаби халал ёфтани Истиқлолияти давлатӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба фитнаи ҳарзагӯён гирифтор шавем.

Солҳои охир борҳо шоҳиди он будем, ки барои тарҳи нави харитаи сиёсӣ аз чӣ гуна найрангу бозиҳои бунёдан тарҳрезишуда истифода мебаранд. Бархе аз давлатҳо ба саҳнаи театри бозиҳои сиёсӣ дар минтақа ворид гашта, ба тадриҷ аз ҳадафҳои худ пуштибонӣ мекунанд, зеро моҳияти геостратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ояндаи наздик барои иштироки ин кишварҳо дар истифодаи захираҳои табиӣ ва сохтмони роҳҳои трансконтиненталӣ, инчунин набардҳои сиёсӣ хеле калон аст, ки мисоли равшани он лоиҳаи «Роҳи абрешими бузург» маҳсуб мегардад.

Новобаста аз шароити муосири ҷаҳонӣ, Тоҷикис­тон мавқеи худро мустаҳкам намудааст ва барои таъмини амнияту сиёсати пешгирифта чораҳои зиёд андешида мешаванд. Солҳои охир, алалхусус, ба амалӣ шудани меъёрҳои қонун диққати махсус зоҳир мегардад, ки мақсад аз он нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон дар минтақа мебошад. Барои нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар бояд мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва коррупсия қавитар гардад. Ба масъалаҳои муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, тезонидани истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани сифати саноатикунонии кишвар диққати хоса зоҳир шавад. Масъалаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ низ муҳим мебошад, ки бо амнияти Тоҷикистон алоқаманд аст ва дар ин ҷода бечунучаро амалӣ гардидани меъёрҳои қонунҳои соҳавӣ аҳамияти муҳим дорад.

Тамоми дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия ва амалишавии меъёри қонунҳо алоқаманд аст. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳама самти ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз ҳуқуқу озодӣ ва кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд. Бояд меъёрҳои қонун на фақат муҷозот барои қонунвайронкуниро пешбинӣ намоянд, балки онҳо тарзе таҳия шаванд, ки садди роҳи сар задани ҳар гуна қонунвайронкунӣ, сарчашмаҳои маблағгузории амалҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва нооромӣ дар ҷаҳон гарданд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон қонунҳои зиёде таҳия гардиданд, ки барои пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ равона шудаанд.

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияро, таъмин намоем, зеро волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи пешрафта ба шумор меравад. Ҳар як шаҳрванд, ки мехоҳад ҳуқуқҳояш халалдор нашаванд, бояд дарк кунад, ки эҳтироми ҳуқуқҳояш аз худи ӯ сар мезанад.

Халқи Тоҷикистон бо қабули Конститутсия ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун оянда интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукмрон аст, ҳама аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд ва ҳар як шаҳрванд бояд раъйи халқи худро эҳтиром кунад. Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «…эҳтиром ба Конститутсия ва қонун — эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад». Бинобар ин, агар мақсади шаҳрванди комили давлати миллии соҳибихтиёру пешрафта шуданро дошта бошем, пеш аз ҳама, қонунҳоро бояд эҳтиром намоем.

Насиба СОДИҚОВА,

Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон