15 май - Рӯзи байналмилалии оила

Аз дарахти маърифат неъмат бояд чинд

№65 (4327) 15.05.2021

DSC_2228Вақте ки сухан аз боби оила ва оиладорӣ меравад, бояд зикр кард, ки асоси ҳастии ҳар як миллат ва рушду нумӯи дилхоҳ давлат ба пойдориву устувории он алоқаманд аст. Неруи оилаи солим метавонад зиндагии инсонҳоро ба маҷрои зарурӣ то ба манзили мурод расонад. Агар ба ҷомеаи ҳозира назар афканем, маълум мегардад, ки дар пешрафт ва нумӯи ҳар давлат оилаи солим заминагузор аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониашон таъкид дош­таанд: «… Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Дар ҳақиқат, оила мактаби бузургест, ки арзишҳои баланди инсониро омӯхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад. Инсонгароӣ, муҳаббат ба Ватану модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хис­латҳои ҳамидаи инсонӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд.

Мутафаккири бузурги Юнони қадим Арасту гуфта буд: «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, ҷомеаи солим ҳукмфармост». Воқеан ҳам, барои оилаи солимро барпо намудан бояд муҳите созгоре сохт, ки хушбахтона, бо фазилату асолати хирадмандонаи Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он муҳайё аст. Мусаллам аст, ки хушбахтии оила аз муносибати фаъолонаи аҳли он, яъне падару модар ва фарзандон сарчашма мегирад. Аз таҷрибаҳои андӯхтаи пирони рӯзгордида маълум аст, ки вақте муҳити хуби хонаводагӣ муҳайёст, оила роҳи дурусти зиндагиро пеша мекунад. Баланд бардош­тани мақоми зан дар ҷомеа, роҳандозӣ шудани даҳҳо барномаи давлатӣ имкон дод, ки зани тоҷик ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар оила обрӯ ва нуфуз пайдо кунад. Ин шарти муҳим аст. Бояд гуфт, ки оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад. Таъсири оила ба инсон ҷавҳару асолати инсониро ошкор месозад ва маҳз оила боис мегардад, ки фард дар ҷомеа камол ёбад ва соҳиби иззату икром гардад. Ҳар як амали ибратбахше, ки фарзандон анҷом медиҳанд, маълум аст, ки дар оила мушоҳида кардаанд ва пайрави волидон ё бобокалону бузургони хонавода буданд. Ин аст, ки анъанаҳои наҷиби гузаштагон дар мавриди оиладорӣ ба асолати инсонии насли нав таъсир мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар қадар ҷамъият пеш равад, ҳамон андоза тарбия намудани фарзанд, оила ва ҷомеа мушкил мегардад. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо он аст, ки фарох будани майдони шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, ки баъзе аз ҷавонон, бинобар гумроҳӣ ва надоштани мафкураи сиёсӣ, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шаванд. Маҳз идеологияи нодурусти иддае аз ҳизбҳои ғайриқонунист, ки бо пӯшонидани ҷомаи исломӣ бо эҳсоси мардум, бо истилоҳ, бозӣ мекунанд. Бинобар ин, ба тарбияи ҳар фарди оила ҳам бояд эътибори ҷиддӣ дод. Барои он ки оила солим бошад, аз кӯдакистон, муассисаҳои ибтидоиву миёна, олии касбӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоем, ҷараёни машғулиятҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода барем.

Зимнан, мушкилии ҷудошавии оилаҳо масъалаест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, танҳо тайи се моҳи охир дар кишвар 3116 оила пош хӯрдааст. Омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, огоҳ набудан аз маърифати оиладорӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин раванд суст ҷараён гирифтани шартномаи ақди никоҳ низ таъсиргузор аст. Маҳз нофаҳмии байни арӯсу хусуру хушдоман боис ба вайроншавии оилаҳо мегардад. Аз дигар тараф барвақт ба шавҳар додан, такя кардан ба анъанаҳои қадима, аз қабили гаҳворабахш, низ боис ба нофаҳмиҳо мегардад.

Хеле хушоянд аст, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиндагонии халқи тоҷик ранги дигар гирифт. Сарфакорӣ имкон дод, ки мардум фарзандонро хононанд, соҳиби маълумоти олӣ намоянд ва касбу ҳунар омӯзонанд, то ба ин васила сатҳу сифати зиндагонӣ боло равад. Баъд аз қабули қонун рӯзгори ҷомеа беҳтар шуд, мардум аз маъракаҳои серхароҷот оҳиста — оҳиста даст кашиданд. Ҳадафи қонун ҳам паст намудани дараҷаи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони кишвар аст. То қабули  он мардуми тоҷик дар баргузории ҷашну маросим ба харҷу сарфи маблағи зиёд, забҳи якчанд чорво роҳ медод, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боис ба камбизоат гаштани онҳо мешуд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат барои таъмини рӯзгори хуб ва зиндагии осудаи мардум чораи судманд андешиданд. Ин тадбир имкон фароҳам овард, ки устувории оилаҳо то андозае таъмин гардад.

Ҳамин тавр, оила яке аз муқаддастарин бунёдгоҳи маърифати инсонӣ, таконбахши муҳимтарин арзишҳои анъанавии башар ба шумор рафта, дар муносибат бо амали нек ҷараён мегирад ва рушд менамояд. Боварии комил дорем, ки ҳар фарди ҷомеа барои пойдории оила хизмати шоистаро ба сомон хоҳанд расонд.

Парвиз ШОДИЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ