Аз фаъолияти кумитаҳои Маҷлиси намояндагон

Аз кори анҷомёфта қаноатмандем

№65 (4015) 08.06.2019

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин

DSC_1103- Баррасӣ ва барои қабул пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда қисмати муҳими кори шумо мебошад. Аз ин рӯ, мехостем фаҳмем, ки фаъолият дар ин самт чӣ гуна ҷараён дорад?

- Дар давраи сипаришудаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум кумита як қатор қонунҳои мукаммалро баррасӣ намуда, ба онҳо хулоса дод. Инчунин, чанде аз санадҳои қонунгузорӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба як қатор санадҳои қонунгузории ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд. Аз ҷумла, қонунҳои нави конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Як қатор санадҳои қонунгузорӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд. Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» низ аз он ҷумла мебошанд. Инчунин, ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1 ва 2), мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва ғайра тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Инчунин, аъзои кумита дар баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории самаранок бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштанд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти қонунгузорӣ дар асоси самтҳои зерин сурат гирифт:

- омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омӯзиш ва омода намудани хулоса ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба кумита воридшуда ва пешниҳод кардани хулоса;

- бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳияи лоиҳаи қонунҳо.

- Кадоме аз қонунҳои мукаммали дар ин давра қабулшударо метавон махсус зикр намуд?

- Қонунҳои нави конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибис­тиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нест­шавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлат хизматҳои бузурги тақдирсоз намуда, ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, эътироф шуданд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизмат­расонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, танзим менамояд.

Бояд қайд кард, ки дар арафаи ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки он бо тарафдории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳадаф аз қабули он, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва ислоҳ шудани онҳо, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ба шумор меравад. Мутобиқи муқаррароти қонуни мазкур, зиёда аз 12 ҳазор шахсе, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намуда буданд, ба зиндагии осоишта баргаштанд.

Ҳамчунин, мехоҳам аз хусуси Кодекси меҳнат, ки дар таҳрири нав қабул гардид, ёдовар шавам. Он мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар субъектони муносибатҳои меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ба онҳо, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардош­тани некуаҳволии одамон равона гардидааст. Боиси қайд аст, ки ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, гирифтани музди меҳнат, манъ будани меҳнати маҷбуриро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст.

Вобаста ба дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди бемайлони сектори хусусӣ дар таҳрири нав қабул намудани Кодекси меҳнат, қабл аз ҳама, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, танзими муносибатҳои меҳнатии онҳо, новобаста аз шакли моликиятдории корхона ва ташкилоту муассисаҳо, равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, аз ҷумла, тағйиру иловаҳои ба қонунҳои амалкунанда суратгирифта, ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, мутобиқсозии онҳо ба шароиту имконият ва меъёрҳои пешрафтаи сатҳи байналмилалӣ, таъмини амният, суботи ҷомеа, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин такмил ёфтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаронида шудаанд.

- Аъзои кумита муаллифи кадом қонунҳо буданд?

- Дар давраи зикршуда аз ҷониби ­аъзои кумита, дар ҳаммуаллифӣ бо субъектҳои дигари ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ, ба якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Онҳо инчунин, лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро низ пешниҳод намуданд, ки аксарият қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ва ғайра. Инчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо субъектҳои дигари ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба як қатор санадҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва ғайра.

Аз ҷониби аъзои кумита, ҳамчунин, лоиҳаи як қатор қонунҳои моделӣ, аз ҷумла, «Дар бораи фаъолияти экспертӣ-судӣ», «Дар бораи ҳуқуқи мерос», «Дар бораи экспертиза ва фаъолияти экспертӣ», «Дар бораи фаъолияти адвокатӣ ва адвокатӣ», «Дар бораи нотариат» ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода, роҷеъ ба онҳо хулосаҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

- Бо ибтикори кумита дар кадом мавзӯъҳои муҳим суҳбатҳои гирди мизи гирд ва семинарҳо гузаронида шуданд?

- Суҳбатҳои мизи мудаввар ва семинар дар мавзӯъҳои «Рӯзи ҳуқуқи инсон – 10 декабр», «Проблемаҳои истифодаи истилоҳот дар раванди қонунгузорӣ» ва «Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон баҳри баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун, рӯҳияи ватанпарастию патриотизм» гузаронида шуд, ки дар онҳо вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ иштирок ва суханронӣ намуданд.

- Кор бо муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чӣ гуна сурат гирифт?

- Яке аз самтҳои асосии фаъолият, тибқи талаботи моддаҳои 10, 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва боби 9 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ҳар як пешниҳод, дархост, таклиф ва арзу шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин интихобкунандагон, ба қайд гирифта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби аъзои кумита мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешавад.

Аксарияти муроҷиатҳои шаҳрвандон ба норозӣ будан аз санадҳои судӣ, тақсимот ва истифодаи самараноки замин, соҳаҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, бонк, андоз, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, хизматрасонии манзилию коммуналӣ, муассисаҳои илму фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ рабт доранд.

- Мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон қисмати дигари фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон мебошад. Мазмун ва мундариҷаи онҳо аз чӣ иборат буд?

- Дар асоси қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи муқарраргардида, бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботии Фирдавсӣ №1, Ҳисор №7, Бобоҷон Ғафуров №14, Ашт №17, Вахш №32, шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронида шуд. Мазмуну мундариҷаи онҳо аз шарҳу тавзеҳи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳои малакат иборат буданд.

- Оё аз фаъолияти анҷомдода қаноатмандед ва дар давраи боқимондаи ваколат чӣ корҳоро анҷом доданиед?

- Албатта, аз кори анҷомдода қаноатмандем ва дар давраи боқимондаи ваколат фаъолияти қонунгузорӣ ва намояндагиро боз ҳам тавсеа бахшида, ҷиҳати таҳия ва қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои кишвар муҳим ва таъминкунандаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити зиндагии арзанда ба ҳар як узви ҷомеа, амнияти давлат, сулҳу субот, инчунин омӯзиш ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, имкониятҳои касбиву неруи зеҳниро равона менамоем.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»