Аз мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№6 (3956) 15.01.2019

IMG_4792-14-01-19-11-10Ҳафтаи гузашта мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова, Мавлуда Мирзозода, Гулбаҳор Ашӯрова, Ҷаббор Ахмедов бо интихобкунандагон ва фаъолони шаҳри Бӯстон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон сурат гирифт.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дода, аз ташаббусҳои нек ва ­дастовардҳо дар соли 2018 ёдовар шуданд. Онҳо, аз ҷумла, зикр карданд, ки соли 2018 дар таърихи кишвар фаромӯшнопазир ва заминагузори устувор ба ояндаи ободу дурахшон гардид. Маҳз дар ин сол бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мамлакат дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз ёфт. Чархаи якуми НБО-и «Роғун» ба кор даромад.

Вакилон, ҳамчунин аз барқарор гардидани муносиботи неки ҳамҷаворӣ бо кишвари дӯсту ҳамсоя — Ӯзбекистон, аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ёдовар шуданд.

Қайд гардид, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ дар маҳалҳо мебошад.

Вохӯриҳо, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Гулис­тон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Нурулло Оқилзода, Спитамен — Аҳмадҷон Қобилов, Бобоҷон Ғафуров — Мавлуда Мирзозода, Ашт -­ Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Ҷаббор Расулов — Баҳодур Акрамзода баргузор гардиданд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»

49702338_605609473227324_5362145151546294272_nЧанде пеш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Мастчоҳ», №18 Нурулло Оқилзода дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ба номи Бурҳон Ғанӣ бо сокинони хоҷагии «Сомониён» ва маҳаллаҳои деҳоти «Мастчоҳ» мулоқот намуд.

Дастовардҳои соли 2018, ҳадафҳои нави стратегии кишвар, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рисолати Маҷлиси намояндагон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои баланд бардош­тани сатҳи таълиму тарбия, мақсади эълон намудани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ­масъалаҳои меҳварии вохӯрӣ маҳсуб меёфтанд.

Нурулло Оқилзода аз ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, иброз дошт, ки мардумсолорӣ асоси сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Сарвари давлатро ташкил медиҳад.

Нурулло Оқилзода махсус таъкид кард, ки Роҳбари давлат бо ибтикороти шоиста, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавӣ ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳнатдӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, роҳи пешрафтро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтанд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр гардид, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор ва заминаи воқеӣ баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд.

Вохӯриҳо, инчунин бо сокинони дурдасттарин деҳоти ноҳия — «Азизобод», «Оббурдон» ва «Палдорак» низ баргузор шуданд. Дар онҳо интихобкунандагон ба Нурулло Оқилзода ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда — гаронии ҳаққи истифодаи оби полезӣ, норасоии оби ошомиданӣ, фарсуда шудани симчӯбҳои интиқолдиҳандаи неруи барқ, гарон будани арзиши шиносномаи хориҷӣ, мусоидат барои аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ гузаронидани духтарони деҳотӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекунанд, сохтмони варзишгоҳи МТМУ №10, компютеркунонии мактабҳо, таъмиру азнавсозии боғчаҳо, зарурати таъсиси нуқтаи сӯхторхомӯшкунӣ дар деҳот, бунёди марказҳои ҳунаромӯзӣ, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии оби ошомиданӣ муроҷиат карданд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»