Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун ё Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мо чӣ дод?

№1 (3951) 03.01.2019

DSC_3573Чанде пеш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷамъомади омӯзишӣ баргузор гардид.

Муовини роҳбари Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулҳиддин Нидоев ёдрас шуд, ки 8 июни соли 2007 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо гузашти зиёда аз 11 сол он  пеши роҳи исрофкориро гирифт ва ба баландшавии некуаҳволии сокинони мамлакат мусоидат кард.

DSC_3589Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода гуфт, ки  Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ғайра дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, онҳоро даъват намуданд, ки дар самти риояи муқаррароти қонунҳои миллӣ, аз ҷумла, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фаъол бошанд.

Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода зикр намуд, ки то қабули қонуни мазкур маъракаҳо 2- 3 рӯз идома ёфта, серхароҷот  мегузаштанд. Масалан, аз фавти майит то як сол қариб 60 маъракаи азодорӣ баргузор мешуд. Аз ин шумора дар 4 – 5 ҳолат як чорвоӣ забҳ мегардид. Чунин  исрофкориҳо монеи ташкили зиндагии созандаи шаҳрвандон мегаштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қабл аз ҳама, пеши роҳи исрофкорию худнамоишдиҳиро гирифта, дар андешаи мардум таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Бо дарки моҳияти қонун шаҳрвандон ба дахлу харҷ оқилона муносибат карданро ёд гирифтанд.

Сарфаи умумии маблағҳои дар давраи амалишавии қонун муайянгардида зиёда аз 22 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Яъне, ба манфиати мардум пеши хароҷоти ҳамин миқдор маблағ гирифта шуд.

Ҳамчунин, дар давраи амали қонун 1,5 миллион маърака баргузор гардид, ки дар онҳо ҷамъ 970000 чорво забҳ шудааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки шаҳрвандон дар бисёр маъракаҳо ба ҷойи забҳи чорво гӯшт харидаанд.

Дар баробари ин, қонун барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат аз ҳисоби пардохти андози шахсони дар маъракаҳо  хизматрасонанда,  мисли сароянда, баранда, наворбардор, соҳибони  тарабхона ва ғайра мусоидат намуд. Ҳамчунин, маъракаҳо ба низоми муайян даромада, дар рӯзу соатҳои  ғайрикорӣ баргузор мегарданд.

- Бо пешниҳоди қишрҳои гуногуни ҷомеа 28 августи соли 2017 ба қонуни зикршуда тағйиру иловаҳо ворид  карда шуданд, ки  ба раванди амалишавии он таъсири мусбат расонид, — гуфт Азизулло Мирзозода. -Пеш аз ворид кардани тағйиру иловаҳо қисмате аз шаҳрвандон «чойгаштак», «ҳоҷиталбон», «арӯсбинон», «арӯсталбон» ва «домодталбон» барин маъракаҳои манъшударо бо иҷозатномаи барои «хатнасур» гирифта мегузарониданд. Баъди ворид намудани тағйирот ба қонун ва дар доираи оила баргузор намудани хатнасур пеши хароҷоти беҳуда ва баргузории он маъракаҳо гирифта шуд.

Танҳо  бо дуову фотиҳа ва бе таом баргузор намудани  маъракаҳои азодорӣ низ ба танзим даромад. Яъне, тибқи қонун мушаххас карда шуд, ки ҳадаф аз рафтан ба чунин маъракаҳо танҳо изҳори тасаллият ба наздикони майит ва хондани дуою фотиҳа ба рӯҳи фавтидагон аст.

Агар минбаъд низ фарҳанги сарфаю сариштакориро тарғиб намоем, ба бисёр  пешравиҳо ноил мегардем.

Азизулло Мирзозода зикр намуд, ки дар давраи амали қонун 4562 қонуншиканӣ ошкор ва нисбат ба баргузоркунандагони онҳо парванда тартиб дода, ба суд пешниҳод шудааст. Дар натиҷа, аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат  15 миллиону 342 ҳазору 224 сомонӣ ворид гардидааст. Аз ҷумлаи онҳое, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, 38 нафар мансабдор ва хизматчии давлатӣ мебошанд. Соҳибкорону соҳибони тарабхонаҳо 35 нафарро ташкил медиҳанд.

Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродулло Давлатов ба иштирокчиён мафҳуми «дастархони маънавӣ»- ро шарҳ дода гуфт, ки дин падидаи маънавӣ ё рӯҳонист. Оростани дастархони маънавӣ дар айёми ид бозгашт ба асолат, маънавиёти динӣ ва  фармудаҳои Худованд мебошад.

-Дастархони маънавӣ, яъне чӣ? — Яъне, Қуръон хондану онро шарҳ дода, бардошти хуб ҳосил кардан, тарбияи нек гирифтану хилофи он амал накардан, — гуфт ӯ.

Мавсуф бо таассуф зикр намуд, ки на ҳама моҳияти дастархони маънавиро дарк намудаанд. Баъзеҳо як моҳи дароз  рӯза медоранд, вале рӯзи ид 3- 4 коса шӯрбо, самбӯсаву торту ширинии зиёдро истеъмол намуда, худро бемор месозанд. Ҳол он ки  пурхӯрӣ бар хилофи  ҷавҳару моҳияти дин аст. Аз ин рӯ, қонуни зикршуда хотиррасон намуд, ки «Дуо кардан ибодат аст, хӯрдан ибодат нест». Бинобар ин, дар рӯзи ид дуову фотиҳа кардан, пирону беморонро аёдат намудан, хешу ақраборо зиёрат кардан савоб аст.

Дар охир  маърӯзачиён ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш дода, онҳоро ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват карданд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ