Баҳогузорӣ барои чӣ лозим аст?

№121 (3915) 06.10.2018

 DSC_5168Дуюми октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Мониторинг ва баҳодиҳӣ дар фаъолияти парламентҳо» баргузор гардид.

Раиси кумита Садриддин Шарипов изҳор дошт, ки сиёсати баҳодиҳӣ воситаи муҳими технологиест, ки имконияти баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва шаффофияти қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатиро таъмин менамояд.

- Тибқи баҳогузорӣ, ки ба муайян кардани таъсири қарорҳои қабулнамудаи давлат дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудааст, дар вақти муайян хулосаҳои зарурӣ ба шахсони салоҳиятнок расонда мешавад. Ин омил боиси сари вақт ба санадҳо ворид сохтани тағйиру иловаҳо мусоидат мекунад, — изҳор дошт ӯ.

Номбурда афзуд, ки парламент бояд маълумоти мушаххаси рушдро дошта бошад, то дар доираи барномаҳои баҳогузоришуда сармоягузорӣ ба захираҳои кишвар равона карда шавад.

Сипас, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилрабо Мансурӣ доир ба таърихи ҳамкории байни парламентҳо барои рушди баҳогузорӣ маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, ин раванд моҳи марти соли 2013 оғоз ёфтааст. Моҳи ноябри соли 2014 бошад, вохӯрии байналмилалии намояндагони парлумонҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъсиси ҷамъияти парламентӣ оид ба рушди баҳогузорӣ баррасӣ шуд. Ниҳоят, соли 2015 дар Непал Форуми сатҳи баланд доир ба баҳогузорӣ бо дастгирии парламент ва ҳукумати ин кишвар баргузор гардид. Баъдтар, солҳои 2016-2017, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Форуми кишварҳои ИДМ доир ба рушди баҳогузорӣ доир шуд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, коршинос оид ба баҳогузорӣ Наталя Кошелева доир ба зарурат ва аҳамияти баҳогузорӣ изҳори андеша намуд.

Шариф Солеҳ,

«Садои мардум»