Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» иловаҳо ворид гардид

№42 (3992) 16.04.2019

DSC_064115 апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор ва дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо мақсади дастгирии мол­истеҳсолкунандагони ватанӣ, бахусус дастгирии корхонаҳои соҳаи коркарди гандум, таъмини шароит барои рақобати солим байни чунин корхонаҳо ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар, рушди минбаъдаи соҳаи футбол дар Тоҷикистон, инчунин таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар охир аз рӯи масъалаи зикршуда қонун қабул гардида, вобаста ба он қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

 «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев