Баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ вижагиҳои маҳал аз байн бояд бурда шавад

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

DSC_025521 июни соли равон бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва зарурати он барои давлату давлатдорӣ» баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Камол Абдураҳимов баромад  намуда, минҷумла гуфт, ки сарфи назар аз мухталифии афкори сиёсӣ  ва фарқият дар сатҳи зиндагиву вазъи иҷтимоӣ, ҷомеаро бояд масъулияти ҳифзи  истиқлоли Ватану  ваҳдати миллат муттаҳид намояд.

Номбурда иллати бедавлатии курдҳову уйғурҳоро, ки мутаносибан беш аз 40 ва беш аз 10 миллион ҷамъият доранд, маҳз заиф  шудани  ҳамбастагӣ  ва  аз  даст рафтани  ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард.

Инчунин, зикр шуд, ки ваҳдати миллати тоҷик  мушкилоти худро дорад, ки  мавҷудияти онҳо танҳо хоси миллати мо нест.  Дар Ҳиндустон  беш аз 1  миллиард  одам (95 миллион биҳорӣ,  80 миллион  банголӣ,  72  миллион телугу,  65  миллион маратҳӣ,  45  миллион  гуҷарат, 35  миллион каннара, 35  миллион  малаял,  32  миллион  ория,   22  миллион  панҷобӣ  ва  боз  садҳо  миллион  нафар аз  ақаллиятҳои дигари  маскун  бо  240  миллион  ҳинду)  муттаҳид  шуда  истодааст.  Дар  Қазоқистон намояндагони 140  қавму  40  мазҳаб  ваҳдати  миллӣ  доранд. Дар қиёс ба онҳо, барои мо, ки  аксарият  намояндагони як миллату як дину мазҳаб ҳастем, дастёбӣ ба ваҳдати комили миллӣ  осонтар аст. Танҳо мебояд, ки ба хотири  таҳкими ваҳдати миллӣ вижагиҳои маҳалӣ аз байн бурда шавад.

- Мо тоҷикон  аслан ҳақ  надорем  миллату давлати худро дӯст надорем,  ба қадрашон  нарасем,  ба тақдирашон  бетафовут бошем.  Ин манқурт аст, ки  Ватани худро дӯст намедорад, — афзуд К. Абдураҳимов.

Махсус таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини бар дӯш гирифтани масъулияти бузурги сарварии кишвар тамоми имкониятро ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ ба харҷ дода, комёб гаштаанд. Маҳз ба ин хотир миллати шарафманди тоҷик ба Роҳбари хеш унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро сазовор дид ва Парламент ин пешниҳоди мардумро ба ҳукми қонун даровард.  Дар анҷом Камол Абдураҳимов  ба саволҳои иштирокчиён посух гуфт.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон