Ба сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистону Швейтсария баҳои баланд дода шуд

№71 (4021) 20.06.2019

DSC_630618 июни соли ҷорӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидов бо Урс Шмид – сафири фавқулода ва мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонум Валбурга Рос — директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Ҷамшед Саидов меҳмононро аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба парлумони касбии мамлакат хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор маълумот дод.

Таъкид гардид, ки дар таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба саҳми сарварони олии ҳар ду кишвар бориз аст.

DSC_6291Аз он изҳори қаноатмандӣ гардид, ки Конфедератсияи Швейтсария нахустин шуда омодагии хешро барои дастгирии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳор намуда буд. Илова бар ин, нахустин Ёддошт дар бораи татбиқи барномаҳои кумаки Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 имзо шуд.

Муҳим он аст, ки Швейтсария Тоҷикистонро ба воситаи ҷудо кардани грантҳо дар се самт — кумаки техникӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ дастгирӣ менамояд.

Аз соли 2013 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ҳамкориҳои иқтисодӣ фаъолият дошта, ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария соли 2018 — ум 13 696,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Зикр гардид, ки ҳамкорӣ тавассути Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар бахши бонкдорӣ низ тавсеа ёфт, ки дар доираи он як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 1995 ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария роҳандозӣ гардида, теъдоди зиёди кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи омӯзишии Бонки миллии Швейтсария донишу малака такмил доданд.

Дар навбати худ меҳмонон низ ба сатҳу сифати ҳамкорӣ баҳои баланд дода, ҳавасмандиашонро баҳри саҳмгузорӣ дар тавсеаи онҳо изҳор намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон