Аз фаъолияти кумитаҳои Маҷлиси намояндагон

Ба шароити муосир мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ кафолати рушди низоми ҳуқуқӣ мебошад

№50 (3844) 24.04.2018

ЛАтипов-4Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ЛАТИФЗОДА Рустам Барот

- Тоҷикистон кишварест, ки соҳаи кишоварзӣ дар он мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Аз ин нуқтаи назар, масъулиятеро, ки кумитаи шумо дар таҳияи қонунҳои дархӯри соҳа бар дӯш дорад, заҳматталаб аст. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?

- Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин намояндагони касбу кори гуногун ва аз ҷумлаи шахсони обрӯманди ҷомеа буда, то интихоб шудан ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ солҳои тӯлонӣ адои вазифа намудаанд ва масъалаҳои ҳалталаби татбиқи сиёсати давлатӣ, аз ҷумла комплекси агросаноатии мамлакатро хуб дарк мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки донишу малака ва таҷрибаи дар амалия андӯхтаро зимни баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдошта босамар истифода намоянд.

Дар баробари ин, аъзои кумита бо олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ, ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳамкории муназзамро ба роҳ мондаанд, ки барои фаъолияти пурсамари қонунгузорӣ мусоидат менамоянд.

- Барои таҳияи лоиҳаи қонуне, ки ҳаматарафа  ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад, корро аз чӣ оғоз мекунед?

- Таҳияи лоиҳаи ҳар як қонун фурсати зиёдро талаб менамояд. Таҳкиму такмили қонунгузории соҳа аз омӯзиш ва таҳлили зарурати баррасии заминаи ҳуқуқии масъалаҳои ҷойдошта оғоз меёбад. Масалан, баланд бардоштани самараи ислоҳоти соҳаи аграрӣ ҳамаҷониба ба инобат гирифтани таъсири муносибатҳои ҳамкории институтҳои расмӣ ва ғайрирасмиро ба фаъолияти соҳа талаб менамояд. Таҳлили мухтасари раванди ташаккулёбии фазои институтсионалӣ дар соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳад, ки қоидаҳои ғайрирасмӣ дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ хусусиятҳои худро доранд. Ҳамчунин, қоидаҳои расмӣ (қонунгузории ҷорӣ) ба фаъолияти кишоварзон таъсири гуногунҷанба мерасонад.

Дар ин самт аъзои кумита иштироки институтҳои ғайрирасмиро дар идоракунӣ ва ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мавриди омӯзиш қарор дода, заминаи ҳуқуқии мувофиқати фаъолияти онҳо ба институтҳои расмӣ ва зиддиятҳои дар байни онҳо ҷойдоштаро ба назар мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки лоиҳаи қонунҳо мукаммал ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошанд. Ба ин раванд тарафҳои манфиатдор ҷалб гардида, таклиф, пешниҳод ва эродҳои онҳо ба инобат гирифта мешаванд.

- Тайи чор соли даъвати ҷорӣ аъзои кумита бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ кадом қонунҳоро ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд?

- Дар ин муддат 20 лоиҳаи қонуни соҳавӣ — 8 қонуни мукаммал — «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ­арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи кооператсияи матлубот», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ва 12 лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд. Чор лоиҳаи қонуни мукаммал дар баррасии Маҷлиси намояндагону Ҳукумати кишвар ва ду лоиҳаи қонуни дигар дар марҳилаи омӯзиш ва таҳия қарор доранд. ҳар кадоме аз онҳо муҳим мебошанд ва бо тақозои замон таҳия мегарданд. Масалан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» барои танзими фаъолияти кишоварзон дар марҳилаи кунунӣ ниҳоят муҳим мебошад. Гузаронидани ислоҳот дар соҳа барои таъмини адолати иҷтимоӣ ва ташаккули имкониятҳои иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ имкониятҳои васеъ ба миён овард. Дар натиҷа, ҳар як деҳқон соҳиби ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин гашта, имконияти мустақилона дар он хоҷагидорӣ намуданро пайдо кард. Дар соҳаи кишоварзии мамлакат шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ  ба миён омад. ҳоло зиёда аз 180 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардидааст, ки ин аз расидан ба мақсадҳои асосии ислоҳот гувоҳӣ медиҳад.

Дар баробари ин, омӯзиш ва таҳлили раванди ислоҳот нишон дод, ки бо мақсади истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда зарурати такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз қабили такмили муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ дар соҳа, ташкили хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, ташаккулёбии фазои институтсионалӣ ва дигар масъалаҳо ба миён омадааст. Аз ин хотир, бо мақсади тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии ­фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ва мутобиқгардонии он ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз байн бардоштани ихтилофот ва номуайянӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

- Оё ҳама паҳлуи вобаста ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар қонунгузории амалкунанда танзим ёфтаанд? Ба кадоме аз онҳо таваҷҷуҳи бештар лозим аст?

- Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо санади ­меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки дар маҷмӯъ заминаи ҳуқуқии амалигардонии ислоҳоти замин ва масъалаҳои аграриро муайян мекунанд. Аз он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама муҳим буда, санади асосии ҳуқуқӣ дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар замони иқтисоди бозорӣ маҳсуб меёбад. Нақши муҳими Кодекси гражданиро дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар деҳот эътироф намуда, дар як вақт бояд қайд кард, ки он наметавонад ҳама муносибатро дар соҳаи аграрӣ танзим намояд ва нақшаи таъмини ислоҳотро пурра фаро гирад.

Хусусияти муносибати ҳуқуқии аграрӣ чунин аст, ки маҷмӯи муносибатҳои бо ҳам алоқаманди заминистифодабарӣ, молумулкӣ, меҳнатӣ ва ташкилию идоракуниро бояд дар бар гирад. Аз ин лиҳоз, дар қонунгузории аграрӣ таҳия ва қабули санади заминавӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳа, шакл ва тарзу усулҳои дастгирии давлатии он, ки тавонанд самаранокии истеҳсолоти кишоварзиро таъмин намоянд, мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳолатҳои риоя накардани таркиби кишти зироат, ки дар аксар хоҷагии деҳқонӣ мушоҳида мегардад, ба ҳосилхезии хок таъсири манфӣ расонида, хавфи бодлесшавию шусташавии онро ба миён меорад. Танҳо истифодаи оқилона ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба замин метавонад рушди ояндаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии онро таъмин намояд.

Комплекси агросаноатӣ вазифаҳои гуногунҷанбаро дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар бар мегирад, ки бо маҷмӯи манфиатҳои иқтисодии гуногун тафсир мешавад. Амалигардонии иҷрои он вазифаҳо муайян кардани самаранокии истифодаи замин ва обро дар пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ талаб менамояд. Баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти аграрӣ ва замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва замин ба масъалаҳои муҳим табдил ёфтаанд.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои мазкур барои омӯзиши нуқтаи назари вакилон ва олимону коршиносон кумита тӯли 4 соли фаъолият муҳокимаҳои парламентиро оид ба масъалаҳои татбиқи барномаҳои давлатии соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 ва амалигардонии лоиҳаҳои «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Идоракунии экологии замин, беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» доир намуд.

Муҳокимаи парламентӣ, ки дар он раванди татбиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» баррасӣ гардид, механизми нави маблағгузории соҳа, нобаробарӣ дар андозбандии зироатҳо, таъсиси низоми миллии суғуртаи соҳа, таҳияи механизм ва баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул, механизми қарздиҳӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи миллӣ, ноҳия ва ҷамоатҳо, баланд бардоштани нақши зан дар идоракунии кишоварзӣ, маблағгузории ташкил ва барқароркунии яхдону сардхонаҳо ва дигар масъалаҳои муб­рамро мавриди баррасӣ қарор дода, барои ҳалли онҳо тавсияҳо қабул ва ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол кард.

- Аз назари қонунгузорӣ, ба идораи муваффақонаи захираҳои об ва замин чӣ гуна ноил шудан мумкин аст?

- Дар Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Манбаъҳои бузурги захираҳои оби кишварро теъдоди зиёди пиряхҳо, дарёҳо ва кӯлу обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. Тибқи мушоҳидаи солҳои охир, масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии таъмини оби дарёҳои минтақа мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд.

Аз тарафи дигар, имрӯз оқибатҳои манфии таъсири тағйироти иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос мешавад. Ҳолатҳои боришоти зиёд ва хушксолӣ, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон тез-тез мушоҳида мешаванд. Бар асари ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ ба кишварҳои минтақа хисороти зиёди иқтисодӣ мерасад. Дар чунин шароит истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи об зарур аст.

Тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр намуданд, «аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, дар 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд босуръат идома дорад. Эҳтимолияти идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо талаб менамояд, ки механизми идоракунии онҳо такмил дода шаванд». Дар ташаккули ин механизм Маркази пиряхшиносӣ, ки дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, бояд мавқеи асосиро ишғол намояд.

Бояд қайд кард, ки гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ, ғайридавлатӣ гардонидани моликият ва тағйирот дар соҳаи кишоварзӣ, такмили қонунгузорӣ оид ба идораи муваффақонаи захираҳои об ва заминро талаб менамояд. Бо ин мақсад, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи Кодекси об, Кодекси экологӣ ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо ҷалби вакилони Маҷлиси намояндагон ­таъсис дода шуд.

Дар иртибот ба оғози татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Пешвои миллат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, моро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдоми наҷиб зарур аст, ки оид ба масъалаҳои марбут ба об, аз ҷумла мудирияти ҳамгироишудаи захираҳои об, тармиму таҷдиди инфрасохтор, баланд бардоштани иқтидорҳо ва имкониятҳо ва дар навбати аввал, таҷдиди қонунгузории соҳа, чораҳои мушаххас андешем.

- Масъалаҳои экологии минтақа ва тағйирёбии иқлим то кадом андоза таваҷҷуҳбарангез аст ва барои ҳалли он чӣ иқдомро амалӣ намудан лозим меояд?

- Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бо дарназардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудаанд. Айни ҳол, Тоҷикистон бар пояи муқаррароти санади Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, стратегияи миллиро ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия намудааст. Ҳамчунин, кишвари мо ҷонибдори ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои давраи то соли 2024» мебошад.

Қобили зикр аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар баррасии масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷониби аъзои кумита лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи обуҳавошиносӣ» ва дар ҳамкорӣ бо аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҳия карда шуд. Аъзои кумита дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ — Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Шветсия, инчунин, конференсияҳои илмӣ –амалӣ ва мизҳои мудаввар дар кишварҳои Аврупо, Амрико, Федератсияи Россия, Арманистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дохили кишвар фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо аз минбари ин ҳамоишҳо, ки воситаи хуби муаррифӣ ва тарғиби сиёсати обӣ ва экологии кишвар мебошанд, бо гузоришу суханронӣ самаранок истифода мебаранд.

- Оё қонунҳои амалкунанда ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунанд?

- Дар оғози асри XXI буҳрони иқтисодӣ ва муҳити зист сабабгори мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ гардидааст. Афзоиши аҳолии сайёра, дар аксар давлатҳо аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин нагардидани аҳолӣ бо озуқа, кам шудани захираҳои ҷаҳонии ғалладона дар 30 соли охир, норасогии захираҳои энергетикӣ, халалдор гаштани мувозинати экологӣ дар сайёра бар асари фаъолияти техногенӣ дар 50 соли охир ва дигар омилҳо ба таъмини аҳолӣ бо озуқа таъсири манфӣ мерасонад.

Дар чунин шароит амалӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, дар баробари таъҷилан эътино кардан ба хатарҳои беруна ва дохилаи бозори озуқа, ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ, рушди комплекси агросаноатӣ, зарурати таҳия ва қабули қонунҳои нави соҳавиро тақозо менамояд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии дастгирии давлатии соҳа ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» рушди соҳаи кишоварзӣ, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ муқаррар гардида бошанд ҳам, бо ­дарназардошти гуфтаи боло зарурати такмили заминаи ҳуқуқии танзими давлатии соҳа ба миён омадааст.

Аз ин лиҳоз, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи кишоварзӣ» мувофиқи мақсад мебошад.

- Кор бо муроҷиати шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъо­лияти парламенти касбӣ маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин ­масъала аз ҷониби кумитаи шумо, ки сарвариашро ба уҳда доред, кадом корҳо ба анҷом расиданд?

- Аъзои кумита қабули мунтазами шаҳрвандон, баррасӣ ва назорати муроҷиати онҳоро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ мондаанд. То ин замон 1800 муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ гардид. Ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои саҳеҳ ва шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хаттӣ ва шифоҳӣ пешниҳод мегарданд.

Тибқи дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, дар ҷараёни вохӯриҳо бо интихобкунандагон рӯзҳои қабули шаҳрвандон баргузор карда мешаванд. Шаҳрвандон бештар оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, дастрасӣ ба оби полезӣ, нархгузории маҳсулоти кишоварзӣ, андозбандӣ, таъмини нафақа, дастрасӣ ба захираҳои моддию техникӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳо муроҷиат менамоянд. Аксар масъалаҳои ­баёнгардидаро аъзои кумита дар доираи ваколат дар маҳал ҳаллу фасл мекунанд.

- Робитаҳои байнипарламентӣ ҷузъи муҳими фаъолияти мақоми олии қонунгузор мебошад. Дар ин самт саҳми аъзои кумитаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Аъзои кумита узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои аграрӣ ва истифодаи табиат, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Парламенти Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, парламентҳои кишварҳои Аврупо ва Осиё мебошанд. Дар иртибот ба ин, онҳо барои иштирок дар конфронсу семинарҳои байналмилалӣ мунтазам сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд. Илова бар ин, дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва истифодаи табиат иштирок намуда, дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, истифодаи санадҳои қонунгузории моделӣ, ки бо ташаббуси Комиссия аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қабул гардидаанд», маърӯза карданд. Ҳамчунин, онҳо дар ҷаласаҳои Конгресси байналмилалии экологии Нева, маҷлисҳои умумии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва конференсияҳои дигари парлумонии муштарак ширкат ва суханронӣ намуданд.

Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти аъзои кумита дар се самти асосӣ — қонунэҷодкунӣ, кор бо интихобкунандагон ва таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»