Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат

Ба тақвияти тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ чӣ гуна бояд ноил гардид?

№58 (4164) 14.05.2020

Назири (2)Миллате саодатманд ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва соҳибфазилат бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳу эътибори хосаро нисбат ба илм ва маорифи кишвар беш аз пеш эҳсос мекунад.

Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи мамлакат, ки дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид, дар рушди илму маориф нақши калидӣ мегузорад. Ташаббуси Пешвои миллат вобаста ба ҷалби ҷавонон ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бори дигар аз хиради воло, сиёсати муваффақона ва дурбинона шаҳодат медиҳад. Тавре мушоҳида мекунем, дар замони муосир аҳамияти илму савод рӯз аз рӯз болотар рафта, он барои ҳастӣ, рушд ва зиндагии саодатманди халқу миллатҳо моҳияти ҳаётӣ гирифтааст. Зеро тавоноии давлат ва миллатро маҳз сатҳи донишу маърифати шаҳрвандони он муайян мекунад. Сарвари давлат дар Паём ишора ба муҳимияти ­масъала намуда, баён доштанд: «Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои давлати мо дар оянда фарогирии кулли ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд».

Воқеан ҳам, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Зеро рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа вобаста мебошад. Бахусус, дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ зуҳур мекунанд.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ чун Ҷопон, Чин, Сингапур, Олмон, Амрико ва ғайра собит намуданд, ки маҳз таваҷҷуҳ ба илму маърифат, хоса ба илмҳои техникиву риёзӣ онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ пешрав гардонидааст.

Пешвои миллат бо дарназар­дошти муҳимияти масъала бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав, махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ ҳанӯз даҳ сол қабл соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуда буданд. Ҳадаф аз он иқдом фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ буд, ки таҳкурсиаш дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад.

Ҳукумати кишвар, инчунин, якчанд иқдомеро низ амалӣ намуд, ки онҳо бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ ва ба ин васила муваффақ шудан ба дастовардҳои техника ва технологияи муосир равона гардидаанд. Барои мисол роҳандозӣ шудани «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илм­ҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва номбар кардан мумкин аст, ки барои дастгирӣ ва дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, пешбурди илму маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ мусоидат намуданд.

Ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ алҳол дар муассисаҳои таълимии кишвар синфхонаҳои компютерӣ бо ҳазорҳо компютери замонавӣ ва дигар таҷҳизоти электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Рӯз аз рӯз зиёд намудани шумораи кабинетҳои фаннӣ бозгӯи он аст, ки марҳила ба марҳила дастурҳои созандаи Пешвои муаззами миллат амалӣ мешаванд.

Яке аз василаҳои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт ва некуаҳволии халқ, тарбияи дурусти кадрҳо дар муассисаҳои олӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам дар ин ҷода моро ҳушдор медиҳад, ки барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши муҳассилин аз тамоми воситаву имконият истифода барем. Пурқувват будани базаи моддиву техникӣ, бо дониши мукаммал фарогир будани устодон ҳанӯз маънии мутахассиси хуб шудани донишҷӯро надорад. Илмро ба амал пайвастан натиҷаи боровар хоҳад дод. Ин ҷо бамаврид аст, то суханони нависанда ва суханвари Рими қадим Марк Фабий Квинтилианро оварем, ки гуфтааст: «Таҷриба бе назария арзишмандтар аст, нисбат ба назарияи бе таҷриба».

Хуб аст, ки чанд соли охир бо иқдоми Вазорати маориф ва илми кишвар дар пояи моддии ҳар як донишгоҳ паркҳои технологӣ амал намуда, маҳсули дастранҷи устодон ва шогирдон ба қадри кофӣ истеҳсол мешавад. Аммо ин низ барои рушди зеҳнӣ ва малакаи корбасти донишҷӯён басандагӣ намекунад.

Дар ин ҷода ёдовар шудан аз дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тарбияи кадрҳои баландихтисос бар манфиат аст. Зеро сарвари мамлакат дар ҳар як баромад аз фардои миллати куҳанбунёд ҳарф зада, таъкид мекунанд, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст ва бояд онҳоро тавре тарбия намоем, ки миллатро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ бубаранд.

Маълум аст, ки асри XXI даври пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмӯъ, таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ буда, сатҳи омӯзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти устодон ва таҳсили хуби донишҷӯён вобаста аст. Зеро дар чунин шароит талабот ва фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рӯз ба рӯз ба манбаи арзишманд ва пурқимати зиндагии башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст. Аммо ҷаҳони муосир диду назари навро дар ҳалли масоили вобаста ба ҳаёти ҷавонон тақозо менамояд. Вақте мегӯем ин ё он барномаро оид ба ҷавонон пиёда месозем, чандон саҳеҳ нест. Мо бояд шароиту имкон фароҳам орем, ки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳо фаъол бошанд ва ба ин васила ба тасмимгирии мустақил ва худтакмилдиҳӣ донишашонро тақвият бахшанд. Гузашта аз ин, бояд заминаи моддиро фароҳам сохта, бештар нақши роҳнамо ва ҳидоятгарро дошта бошем. Муҳити созгор бояд омода намоем, ки имкони рушди мустақилонаи ҷавонон фароҳам ояд.Дар ин ҷода мебояд, ки ба хотири татбиқи илм дар амалия корҳои неку шоистаро анҷом диҳем. Инчунин, таъсиси синфхонаҳои лабораториро аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то донишкадаву донишгоҳҳои олӣ вусъат бахшем.

Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» водор месозад, ки дар ҷаҳони кунунӣ малакаи кор бо технологияи компютериро ёд гирем ва дар баробари он забондон ҳам бошем. Зеро яке аз меъёрҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба ҳамин ду омил вобастагии қавӣ дорад. Донистани забони модарӣ ва таъмини истифодаи он дар соҳаҳои технологӣ низ аз масоили муҳим ва зарурӣ маҳсуб мегардад. Бояд забони бойи гузаштагонро гиромӣ дорем ва онро ба дараҷаи забони илму техника барорем. Ин аст, ки Президенти кишвар дар мавриди мақоми забони модарӣ ва истифодаи пурсамари он дар соҳаҳои гуногуни илму техника дар назди ташкилоту мақомоти дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки барои баланд шудани сатҳи маърифати ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Зеро дар ҷомеае, ки дар он сатҳи маърифати мардум баланд аст, ҳар гуна рафтору дасисаҳои ноҷо роҳ ёфта наметавонанд. Агар хоҳем, ки дар оянда кишварамонро ободу осуда гардонем, аз ҳоло бояд барои наврасону ҷавонони соҳиб­истеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем. Барои эҷодкорону ихтироъкорон замина муҳайё созем, то ки онҳо ба корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ машғул шаванд.

Хеле хуш аст, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандии насли наврасу ҷавон тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Таъсиси стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯён, ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, академик Султон Умаров, баргузории олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми Академияи илмҳо бозгӯи гуфтаҳои болоянд.

Мутаассифона, бар рағми ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхорӣ дар ҷомеа нафароне бо ақидаву равияҳои гуногуни ғайриқонунӣ роҳ ёфта, бахше аз ҷавононро зери таъсир гирифтаанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита неруи созандаро ба манфиат истифода бурда, онҳоро ба корҳои номатлуб ва носолим таҳрик диҳанд. Бадбахтӣ он аст, ки дини мубини исломро бар манфиати гурӯҳиву шахсӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, бояд дастҷамъона бар зидди ин ниҳодҳо мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонон умри азизи хешро қурбони дасисаву фирефтаҳо кунанд.

Умед ва бовар дорем, ки аҳли ҷомеа, махсусан, зиёиён, рисолати таърихии хешро сидқан ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли бомаърифату хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, бонангу номус, ватандӯсту ба миллату Ватан содиқу вафодор саҳми муносиб мегузоранд.

Гулбаҳор НАЗИРӢ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ