Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Байни Тоҷикистону Туркманистон созишнома дар бораи андозситонии ғайримустақим ба тасвиб расид

№124 - (3918 - 19) 13.10.2018

DSC_5494Даҳуми октябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои мик­росхемаҳои интегралӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радио­шунавонӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷонмаҳмадзода Меҳринамо Худодод дода мешавад.

ҶОНМАҲМАДЗОДА Меҳринамо Худодод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Турк­манистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасониҳо» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2008, № 531 маъқул дониста шуда, зимни сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Созишномаи умумӣ дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 25 ноябри соли 1998 дар шаҳри Москва ба имзо расида, созишномаҳои дутарафа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз он сарчашма мегиранд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чор давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаи дутарафа дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба имзо расонидааст, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфтаанд.

Мақсад аз татбиқи созишнома бартараф намудани андозбандии дукарата дар фаъолияти соҳибкорони ду давлат аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизӣ мебошад, ки барои афзоиш додани гардиши савдои байнидавлатӣ тавассути зиёд намудани воридоту содироти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин, ҷалби сармоя байни ду давлати аҳдкунанда, шароити мусоид фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Турк­манистон 50,3 млн. доллари ИМА, аз ҷумла содирот — 1,5 млн. доллари ИМА ва воридот — 48,8 млн.доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба 37,4 млн. доллари ИМА (аз ҷумла содирот — 505,1 ҳазор доллари ИМА ва воридот 36,9 млн. доллари ИМА) баробар гардид. Бо мақсади зиёд намудани гардиши савдои хориҷии кишвар, дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ба танзим даровардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андозбандии кишвар аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо ҷонибдорӣ ва дар ҷаласаи васеи кумита дастгирӣ намуданд. Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», созишнома баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонунӣ мегирад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин дода мешавад.

КАМОЛИДДИНЗОДА Илёсиддин Ҷамолиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ҷиҳати иҷрои банди 2.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020 ва банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 таҳия гардидааст.

Мутобиқи банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ, яке аз чорабиниҳои асосӣ омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Тағйиру иловаҳои пешбинигардида, пеш аз ҳама, бо мақсади ягонагардонии истилоҳот ва бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ ва техникӣ равона шудааст.

Ҳадафи дар таҳрири нав ифода намудани қисми 12 моддаи 9 мутобиқ намудани матни тоҷикии қонуни мазкур ба матни русии он мебошад. Ҳамчунин, мақсад аз илова намудани қисмҳои нав ба моддаҳои 8 ва 12, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароит баҳри иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун, бо роҳи батанзимдарории раванди пешниҳод ва баррасии ариза оид ба бақайдгирии номи ҷои пайдоиши мол ва дароз намудани муҳлати эътибори Шаҳодатнома ба ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши мол равона шудааст.

Лоиҳаи қонун хароҷоти молиявиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018, № 1849 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи қонунгузории соҳавӣ ва инчунин ҷиҳати ягонагардонии истилоҳот, бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардида, дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.

Онро, инчунин кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин дода мешавад.

КАМОЛИДДИНЗОДА Илёсиддин Ҷамолиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ҷиҳати иҷрои банди 2.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020 ва инчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 таҳия гардидааст.

Мутобиқи банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ, яке аз чорабиниҳои асосӣ омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ соҳаи моликияти зеҳнӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.

Тағйироту иловаи пешбинигардида, пеш аз ҳама, бо мақсади ягонагардонии истилоҳот, содагардонии расмиёти бақайдгирӣ ва бетаъхири нашри маълумот оид ба намунаи саноатӣ ва бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ғайра равона шудааст.

Дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 20, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур ба талаботи пешбининамудаи моддаи 10 Санади Женевагии Созишномаи Гаага «Дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ» мебошад.

Тибқи қисми 4 моддаи 21, ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтани боҷро барои бақайдгирӣ ва додани патент тасдиқ мекунад, бақайдгирии намунаи саноатӣ ва додани патент ба амал бароварда намешавад ва аризаи дахлдор боз­хондшуда ба ҳисоб меравад. Аммо муқаррароти зикршуда муҳлати пардохти боҷро мушаххас накардааст.

Ҳангоми ворид намудани қисми дуюм ба моддаи 21 муҳлати пардохти боҷ мушаххас гардида, иловатан барои ҳар чӣ зудтар паҳн шудани маълумот оид ба пешниҳодҳои нав­тарини соҳа мусоидат менамояд. Инчунин, иловаи мазкур ноаёниҳоро дар моддаи 21 қонуни мазкур бартараф намуда, ба рушди соҳа ва дастгирии муаллифон равона шудааст.

Тағйирот вобаста ба моддаи 27 қонуни мазкур, пеш аз ҳама, барои мутобиқ намудани муҳлатҳо ба қонунгузории мурофиавии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 327 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 238 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳамчунин барои тезонидани расмиёти коргузории Шӯрои шикоятии Идораи патентӣ ва барои пешбурди кор, сарфаи вақти аризадиҳандагон, муаллифон ва дорандагони ҳуҷҷати муҳофизатӣ равона гардидааст.

Ҳангоми қабул гардидани тағйироти мазкур он бевосита барои дастгирӣ ва содагардонии расмиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда мешавад.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.

Хисрав АБДУНАЗАР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018, № 1856 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба қонунгузории соҳавӣ ва инчунин ҷиҳати ягонагардонии истилоҳот, бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд, ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин дода мешавад.

КАМОЛИДДИНЗОДА Илёсиддин Ҷамолиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» ҷиҳати банди 2.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020 ва инчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 таҳия карда шуд.

Тағйироти пешбинигардида, пеш аз ҳама, бо мақсади ягонагардонии истилоҳот ва бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ғайра равона шудааст. Аз ҷумла, калимаи «санҷиш» ба маънои «экспертиза» оварда шудааст. Ҳол он ки калимаи «санҷиш» маънои «экспертиза»-ро пурра фаро гирифта наметавонад. Маънои «экспертиза» (аз калимаи лотинӣ — Expertus, пуртаҷриба, донишманд) — тадқиқот аз ҷониби шахси ботаҷриба дар илм, техника, санъат ё ҳунарҳо, ба хотири пешниҳод намудани ҷавобҳо ба саволҳои додашуда бо донишҳои махсус мебошад.

Ҳамчунин, мақсад аз тағйир додани қисми шашуми моддаи 13 фароҳам овардани шароит баҳри иҷрои меъёрҳои муқаррар намудани қонун мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» оғоз мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин дода мешавад.

 КАМОЛИДДИНЗОДА Илёсиддин Ҷамолиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ихтироъ» ҷиҳати иҷрои банди 2.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020 ва инчунин, бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мутобиқи банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ, яке аз чорабиниҳои асосӣ омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллии соҳаи моликияти зеҳнӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Тағйиру иловаҳои пешбинигардида, пеш аз ҳама, ба ягонагардонии истилоҳот ва бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ ва техникӣ равона шудааст.

Тағйирот вобаста ба қисми даҳуми моддаи 21, пеш аз ҳама, барои мутобиқ намудани муҳлатҳо ба қонунгузории мурофиавии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 327 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 238 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳамчунин, барои тезонидани расмиёти коргузории Шӯрои шикоятии Идораи патентӣ ва барои пешбурди кор, сарфаи вақти аризадиҳандагон, муаллифон ва дорандагони ҳуҷҷати муҳофизатӣ равона шудааст. Яъне, ҳангоми қабул шудани лоиҳаи мазкур, минбаъд аризадиҳанда дар муҳлати кӯтоҳ метавонад аз болои қарори Шӯрои шикоятии идораи патентӣ ба суд муроҷиат намояд.

Тибқи қисми 3 моддаи 25, ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷате, ки пардохтани боҷро барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ тасдиқ мекунад, бақайдгирии ихтироъ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба амал бароварда намешавад, аризаи дахлдор бозхондшуда ҳисобида мешавад. Аммо муҳлати он аниқ муайян карда нашудааст. Пас аз ворид намудани тағйироти мазкур муҳлати дар қисми 4 овардашуда аниқ карда мешавад.

Ҳамчунин, илова барои ҳар чӣ зудтар паҳн шудани маълумот оид ба пешниҳодҳои навтарини соҳа мусоидат менамояд. Инчунин, иловаи пешниҳодшуда ноаёниҳоро дар моддаи мазкур бартараф намуда, ба рушди соҳа ва дастгирии муаллифон мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ихтироъ, мутобиқ гардонидани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» таҳия гардида, бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунугзорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 2 модда ва 7 қисм иборат буда, субъектони дахлдор онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил 12 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз он 8 -тояш қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, тамоми расмиётро гузашта, такмил дода шудааст. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯза ба охир расид, ки савол дорад? Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Ман ба муовини вазир савол дорам. Оё мо штрих — код дорем, зеро ҳар кишваре, ки мол истеҳсол мекунад, дорои он мебошад.

Илёсиддин КАМОЛИДДИНЗОДА: — Ҷумҳурии мо низ, албатта, штрих — код дорад. Вале ин масъала ба Палатаи савдо ва саноат мансуб мебошад.

РАИС: - Ба ин масъала боз ягон нафар рӯшанӣ андохтан мехоҳад?

Ҷамшед ҶУМЪАХОНЗОДА, директори МД «Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

- Муҳтарам Раис! Масъалаи штрих — код ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут мебошад. Корхонаҳое, ки ба содироти мол машғуланд, аз Палатаи савдо ва саноат штрих — код мегиранд, зеро он ҷойи истеҳсоли молро нишон медиҳад.

Шариф РАҲИМЗОДА, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия:

- Муҳтарам Раис! Албатта, ҳар гуна моле, ки аз ҷумҳурӣ содирот мешавад, дорои штрих — код мебошад. Рақами штрих — коди Тоҷикистон 488 мебошад ва ба он рақамҳои дигаре, ки корхонаҳои кишвар аз Палатаи савдо ва саноат барои молҳо мегиранд, ҳамроҳ мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин дода мешавад.

Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» ҷиҳати иҷрои банди 2.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2020 ва инчунин, бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 таҳия карда шуд.

Мутобиқи банди 1 Нақшаи кори Шӯрои миллӣ яке аз чорабиниҳои асосӣ омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллии соҳаи моликияти зеҳнӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Тағйироти пешбинигардида, пеш аз ҳама, бо мақсади ягонагардонии истилоҳот ва бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ҳуқуқӣ равона шудааст. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад.

МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонун ба қонунгузории соҳавӣ ва инчунин, ҷиҳати ягонагардонии истилоҳот, бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 20 августи соли 2018, №1860 ба Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулоса ирсол гардид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои такмили он 12 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 6 — то пурра ва якто қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусалам Асомидиновна дода мешавад.

Мусалам ҚОДИРОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷоновна, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Миралӣ Достизода ва Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани номутобиқатии дохилии меъёрҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, тамоми расмиётро гузаштааст. Дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ ёфта, барои такмили он 56 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 32 — тояш пурра ва 19-тои дигар қисман қабул гардид. Инчунин, таклифу эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён гардид, барои такмил истифода шуд. Аз ҷумла, қисми 1 ва сархатҳои якум, дуюм, сеюми қисми 2 хориҷ гардид. Сархати чоруми қисми 2 таҳрир гардида, ҳамчун қисми нав ворид карда шуд. Қисми 3 низ таҳрир гардид. Инчунин, қисми 2- юми қисми 7- уми лоиҳа (моддаи 11) таҳрир ва ҳамчун сархат ворид карда шуд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.

ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Аҳли санъату ҳунари кишвар хеле миннатпазир аст, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар соҳаи фарҳанг афзалиятнок буда, ҷиҳати пешрафти соҳа ва беҳдошти рӯзгори онҳо мунтазам таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо истифода аз фурсат мехоҳам арзи сипоси кормандони соҳаро ба вакилони муҳтарам, ки ба такмили қонунҳои муҳими фарҳангии кишвар мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, иброз намоям.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» низ яке аз онҳо мебошад, ки барои равнақи минбаъдаи бонизоми соҳа мусоидат менамояд.

 

Аз гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи қонун барои манзур кардани мас­ъала арзи сипос менамоям, зеро онҳо қонуни баррасишавандаро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои бартараф кардани камбудиҳо ва ба талаби замон мувофиқ кардани он кумаки амалӣ расониданд. Бовар дорам, ки вакилони муҳтарам онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатӣ», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» «Дар бораи фарҳанг» ва бартараф сохтани норасоиву номутобиқатии меъёрҳои он ба санадҳои қонунгузории ҷорӣ, аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Ҷаббор Ахмедов ва Мусалам Қодирова пешниҳод шудааст.

Лоиҳа иборат аз 2 модда ва 13 қисм пешниҳод шуда, дар натиҷаи баррасӣ 2 қисми он (қисмҳои 7 ва 8) вобаста ба моддаҳои 7 ва 9- уми қонуни амалкунанда оид ба танзими ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаҳо ва ивази меъёрҳо хориҷ карда шуданд.

Қисми 5- уми лоиҳа барои ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набудан ва сархатҳои якуми қисми 2- юми қисми 7- уми лоиҳа, бинобар мухолифат ба меърҳои Кодекси гражданӣ, хориҷ карда шуданд.

Инчунин, бо дарназардошти таклифу эродҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардиданд, лоиҳа такмил дода шуд. Аз ҷумла, дар қисми 1- уми лоиҳа муқаддимаи қонун дар таҳрири нав оварда, қисми 7 — уми лоиҳа хориҷ гардид ва ба қисми 10- уми лоиҳа тағйирот ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон, расмиёти заруриро гузашта, маълумоти зарурӣ барои баррасии вакилони арҷманд манзур гардид.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ҷонибдорӣ гардад.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.

ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Масъалаи баррасишаванда дар марҳилаи ҳозира аҳамияти хеле калон дорад, зеро интишороти электронӣ торафт афзалият пайдо карда, таваҷҷуҳи хосаро ба масъалаи китобдорӣ талаб мекунад. Қобили зикр аст, ки дар кишвар ба интишори китобҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, баъзе нуктаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба такмил ниёз доранд. Вакилони муҳтарам ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, дар қонуни амалкунанда тағйирот пешниҳод намуданд, ки қобили қабул мебошанд ва маблағгузории иловагиро талаб намекунанд. Бинобар ин, мутахассисони соҳаи фарҳанг ворид намудани ин тағйиротро ҷонибдорӣ менамоянд ва ман бовар дорам, ки вакилони муҳтарам низ лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ мекунанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонун бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева, Баҳром Абдуалимов ва Бадриддин Садриддинзода таҳия ва бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар қонуни амалкунанда, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ оид ба хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ ва татбиқи дастуру нишондодҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, пешниҳод шудааст.

Дар он, аз ҷумла, 3 мафҳуми нав илова ва 5 мафҳуми мавҷуда саҳеҳ ва мушаххас карда шудаанд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда таъкид гардидааст, ки барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии рушди Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мусоидат хоҳад кард.

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ истифодаи иқтидорҳои азими табиии мамлакат, аз ҷумла рушди комплекси агросаноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза, таъкид гардидааст. Дар муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳо содироту воридоти маҳсулот бо риояи стандартҳои байналмилалии маҳсулоти экологӣ, аз ҷумла системаи стандартҳои ISO 14000, ки тибқи он стандартҳои миллӣ коркард ва қабул мегардад, амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқатии маҳсулоти кишоварзии содирот ва воридотшаванда тибқи стандартҳои ватанию байналмилалӣ ҳамчун «маҳсулоти тозаи экологӣ» санҷида мешаванд. Стандарти меваҳои хушки Тоҷикистон, ки давоми 4 сол коркард шудааст, соли 2017 дар шаҳри Женеваи Шветсария ҳамчун стандарти байналмилалии маҳсулоти тозаи экологӣ пазируфта шуд.

Бо дарназардошти дар стандартҳои байналмилалӣ бештар истифода гардидани мафҳуми «маҳсулоти тозаи экологӣ» дар лоиҳаи қонуни мазкур ин мафҳум пешбинӣ гардидааст ва ҳаммаъно будани он ба мафҳумҳои «маҳсулоти табиӣ», «биологӣ» ва «органикӣ» зикр шудааст. Дар лоиҳа инчунин, илова намудани мафҳумҳои «рег­ламентҳои техникии истеҳсолоти биологӣ», «стандартҳои истеҳсолоти биологӣ» ва «феҳристи давлатии маҳсулоти тозаи экологӣ» ба қонуни амалкунанда пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 4, 7, 9 ва 11 пешбинигардида мазмуни матни моддаҳои мазкурро саҳеҳ гардонида, мутобиқатии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологиро дар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мушаххас менамоянд.

Ба лоиҳаи қонун аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 24 таклифу пешниҳод ирсол гардида, аз онҳо 17- тояш қабул шуд.

Аз ҷониби вакилон, аз ҷумла ду таклиф оид ба иваз намудани калимаи «регламенти» ба калимаи «дастури» пешниҳод гардид. Бо дарназардошти он ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайра вобаста ба истеҳсол, коркард, бандубаст ва интиқоли маҳсулот мафҳуми «регламенти техникӣ» ҳамчун ҷузъи санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, бо розигии намояндаи кумита таклифи пешниҳодгардида ҳалли худро ёфт.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев Зеваршо дода мешавад.

Зеваршо ЗЕВАРШОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қобили зикр аст, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагидории биологиро муқаррар намуда, ба истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти биологӣ равона шудааст.

Дар шароити кунунӣ ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза зарур аст истеҳсол ва содироти маҳсулот дар доираи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, вақти он расидааст, ки риоя ва татбиқи қонуни мазкур аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва кооперативҳои истеҳсолӣ, амалӣ гардад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро мувофиқи мақсад мешуморад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва Қиёмиддин Миралиён пешниҳод шудааст. Он заминаҳои ҳуқуқиро барои рушди соҳаи сайёҳӣ муҳайё намуда, татбиқи ҷабҳаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро таъмин менамояд.

Дар доираи лоиҳаи қонун дар шаҳр ва шаҳракҳо баробари минтақаҳои истироҳатӣ, минбаъд ташкили мавзеъҳои махсуси сайёҳӣ ҳангоми таҳияи Нақшаи генералии шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалли аҳолинишин ба инобат гирифта мешавад.

Барои расидан ба ин мақсад ба моддаҳои 4, 8, 9, 20, 21, 29, 31, 34, 36 ва 45-уми Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст. Қабули лоиҳаи қонун фармоишгарон ва муаллифони нақшаҳои генералиро вазифадор менамояд, ки дар доираи талаботи моддаҳои дар боло зикршудаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи нақшаҳои генералии шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишинро ба роҳ монанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд. Қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд, ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Низом Юсуфӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар самти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат нақши муҳим метавонад дошта бошад.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур аз фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат, бартараф кардани ихтилофоти байни санадҳои қонунгузорӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» иборат мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ҳамчун василаи муосир ва манбаи иловагӣ ба ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Аз номи роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони муҳтарам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро таҳия намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дода мешавад.

МАШРАБЗОДА Ҳамидулло Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои 5, 8, 10, 11 ва 20 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳн кардани силоҳи қатли ом», тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ворид карда шуд. Тибқи лоиҳаи қонун ташкилотҳои ҷамъиятӣ вазифадор шудаанд:

- ҳар сол ҳисоботи молиявиро, ки дар он оид ба даромаду хароҷот маълумоти муфассал дарҷ шудааст, дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҷой диҳанд;

- маълумот дар бораи амалиётҳои анҷомдодаи дохилӣ ва байналмилалиро дар давоми на кам аз панҷ сол нигоҳ доранд;

- маълумот дар бораи мушаххасоти шахсоне, ки фаъолияти онро назорат ё идора мекунанд, аз ҷумла маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда, аъзои раёсат ва шахсони боваринокро нигоҳдорӣ намуда ва ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намоянд.

Вобаста ба ин, мақоми бақайд­гиранда уҳдадор шудааст, ки мутобиқи талабот ба мақоми ваколатдор маълумот пешниҳод намояд, агар гумон равад, ки ҷамъоварии маблағи барои мақсади қонунӣ таъиншуда барои манфиати террористон ва экстремистон ё ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ истифода шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи тартиби муқарраршуда, аз арзёбии зиддикоррупсионии дохилиидоравӣ гузашт ва натиҷаи хулосаи экспертизаи зиддикоррупсионӣ ба ин лоиҳа аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда нашудааст.

Вобаста ба гуфтаҳои болозикр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» таҳия гардид. Лоиҳаи қонуни номбурда ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад. Қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.

Муродулло ДАВЛАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Яке аз омилҳои таҳдидомез, ки ба суботи вазъу тартиботи ҷаҳонӣ ва ба бақову амнияти низоми молиявии байналмилалӣ таҳдид менамояд, аз тариқи пулшӯйӣ ба кор андохтани молиёти номашрӯъ, истилоҳан «ҳаром» ба мақсадҳои террористӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳар сол маблағҳои зиёд — на камтар аз 800 млрд. то 2 трлн. доллари амрикоӣ ҳамчун пулҳои номашрӯъ гардиш доранд. Бояд тазаккур дод, ки қисмати зиёди ин молиёти номашрӯъ ба тавсиа ва тақвияти ҳаракатҳо ва созмонҳои байналмилалии террористӣ равона шуда истодааст. Ин маблағҳои ҳангуфт аз ҷониби террористҳо ба мақсадҳои нопок, ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ истифода гашта, ба ин васила давлатҳоро шикаст додан, миллатҳоро пароканда кардан, дар кишварҳо ва минтақаҳо ҳарҷу марҷ эҷод кардан, ба кор бурда мешавад.

Ҳадафи терроризми молиявӣ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои хайриявӣ, созмонҳо ва муассисаҳои динӣ буда, ба воситаи онҳо маблағҳоро ба сарчашмаи молиявии терроризми сиёсӣ табдил додан аст. Аз ин ҷиҳат, назорати қатъии пулшӯйӣ ҳамчун роҳи муҳими пешгирӣ намудани корбурди террористии пулҳои номашрӯъ дар масири хунсо сохтани таъсири терроризми байналмилалӣ ва ҳифзи амнияти молиявии ҷаҳонӣ зарурати ҳаётиро касб менамояд. Хушк сохтани сарчашмаи пулҳои номашрӯъ ва монеъ шудан, муқовимат намудан ба истифодаи онҳо хавфи калони терроризмро аз байн мебарад.

Дар ин росто, мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ ба талаботи стратегияи муқовимат бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм муқтазои вақт буда, ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба сиёсати пешгирӣ кардани терроризм дар сатҳи ҷаҳонӣ, алалхусус бо ба инобатгирии тавсияҳои Созмони байнлмилалии ФАТФ (гурӯҳи махсуси иқдомоти молиявӣ) бисёр рӯзмарра гаштааст. Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати такмили он 10 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 5- тояш пурра қабул шуд. Оид ба масъала касе савол дорад? Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис! Ман савол дорам.

Сухан дар бораи қисми якуми сархати дуюми лоиҳа меравад, ки дар он омадааст: Дар давоми на кам аз панҷ сол пас аз анҷоми муносибатҳои корӣ маълумот дар бораи амалиётҳои анҷомшудаи дохилӣ ва байналмилалиро нигоҳ дорад.

Оё ин ҷо сухан дар бораи тамоми амалиёт меравад ё танҳо амалиётҳои молиявӣ дар назар аст? Мехоҳам дар ин хусус равшанӣ андозед.

РАИС: — Кӣ ба ин пурсиш посух мегӯяд? Сухан ба Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис!

Ман роҳбарии Комиссияи дои­моамалкунандаро оид ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда ба уҳда дорам. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз ба ҷо овардани тавсияҳои гурӯҳи ФАТҚ сарчашма мегирад.

Ин ҷо амалиётҳо маҷмӯан дар назар дошта шудааст, зеро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи муҳосибӣ, амалиётҳои молиявие, ки гузаронида мешаванд, бояд дар муҳлати панҷ сол нигоҳ дошта шаванд. Яъне, ҳам амалиётҳои дохилӣ ва ҳам амалиётҳои вобаста ба равобити хориҷӣ ин муддат ҳифзу нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавоӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусалам Асомидиновна дода мешавад.

Мусалам ҚОДИРОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хайринисо Юсуфӣ ва Қиёмиддин Миралиён пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, бартараф кардани ихтилофоти байни санадҳои қонунгузорӣ ва мутобиқ гардонидан ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, тамоми расмиётро гузаштааст.

Дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ ёфта, барои такмили он 17 таклифу пешниҳод ирсол гардида, 15-тояш қабул шуд. Инчунин, таклифу эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён гардид, барои такмили лоиҳаи мазкур истифода ва қисми 2 пурра дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Аз шумо хоҳиш менамоям онро мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавоӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ